1

Рахнамоии як точики камбагал барои мувафакият 2

Ин рузхо мавзуъйи рахнамойи кардани онхое ки ниёзхои худро шинохтаанд дар зехнам чой гирифта. Коре ки шояд бисёре аз равшанфикрони мо ба он камтар тавачух диханд. Мо бо хамчинсхои худ дар гуруххое ки афроди хамфикрро канори хам чамъ кардаем машгули фархангсози хастем. Коре ки ниёзи мардуми миёнхол ва ё ба истилохи дигар табакаи мутавассити чомеъаанд.

Аммо оне ки холо худро танхо ва бепушту панох ва тахкиршуда эхсос мекунад мардуми табакаи пойин аз мутавасситанд. Мардуми камбагал.

Мардуме ки намедонад чаро буданаш ин кадар сахт шудааст. Мардуме ки мо равшанфикрон онхоро ба забонфуруши ва ё бехабари мутахам мекунем. Аммо вокеият ин аст ки мардуми точик тачзия шудааст. Ва ин тачзия дар тули як карн сурат гирифтааст.

Мо точикон он кадар тачзия шудаем ки дигар аз он тачзияе ки дар даврони шурави рух дод амиктар аст.

Мо гузашта аз ин ки худро ба махалхо чудо мекардем хамдигарро, холо ба мазхаб ва гаройиш ва хам пуштвонахои моли ва хам акидати таксим шудаем.

Мо худро ба мусалмони, ба зартушти, ба бехудойи, ба материалисти, ба тахсилкарда, ба тахсилнакарда, ба бозори, ба фарханги, ба суннати ва ва таксим кардеам. Ва бароямон сахт аст ки аз ин марзхо убур кунем ва барои сохтани як чомеъаи демократик талош кунем.

Мо хануз ба он сатхи милли нарасидеам. Ва ба назарам суоли барои чи мо хануз сиёсати хамла ба хамдигар, ба хамватан, ба хамзабони худро идома медихем, калиди пастрафти точикон дар ин бист соли гузаштааст.

… ادامه نوشته

1

Рахнамоии як точики камбагал барои мувафакият

Муддатест аз дусте ноошно номае дарёфт кардаам ки хобу хурди маро ба хам задааст. Номае ки бисёр бо эътимод ва самимият навишта шудааст. Номае ки ман хам дар навчавони шабехи он номахое зиёд навиштаам ва дарёфти посух маро садхо баробар хушбахт ва садхо баробар кудратманд кардааст.

Харчанд чавоби ин дустро додаам аммо дар дил аз он рози нестам. Рози нестам чун медонам у хануз меваффак нашуда ва рохи дарозе дар пеш дорад. Ва медонам ки у танхо нест. Чавононе мисли у зиёд дорем ки намедонанд аз ки ва чи гуна бипурсанд.

Мутаассифона мо точикон вакте аз мо рахнамойи мехоханд ба панду насихат огоз мекунем ва асли максад ки рахнамойи барои мевафакият аст фаромуш мешавад. Ба хусус агар худамон ба кавли гузаштагон "харамон аз об гузашта бошад".

Вокеят ин аст бо сахти тавонистам хари худро аз гил берун кашам ва аз ин чост ки худро дар ин  марз марзи камбагали ва зам доройи мебинам. Холо баъд аз бист сол.

Аммо намехохам ки дар ин рифох танхо бошам мехохам акида ва рози худро бо дигар хамватононе ки хануз дар марзи зери хати факр хастанд кисмат кунам.

Хулоса тасмим гирифтаам ки ба ин суол ки чавоби кутохе хам надорад, муфассал ва бо тамаркузи зиёд бинависам. Умедворам ки ба дарди камбагале бихурад ки мехохад дигар камбагарл набошад ва ру ба пешрафт дошта бошад.

Ин навишта маро ба ёди донишчуйи худам меорад ки бо шиками гурусна аммо либоси хубу хушшакл ба тан мекардам ва ба донишгох мерафтам ва сари худ хамеша баланд доштам. Зеро чизе ба ман гуфта буд ки хар ки дар зохир бехтар ангор дар ботин низ бехтар аст. Ва чунин хам бояд бошад. Чун вакте фарде хушлибос аст пас илми таррохи рангу спбки либосро омухтааст. Холо баъезехо истеъдоди худодод доранд аммо бархе дигар бояд биомузанд.

Пеш аз хама ба зохир бояд тавачух кард. Оне ки мегуянд зохиргаро набошед дигар дар ин даврони чахони шудан созгор нест ва бояд пеш аз хама ба зохир диккат кард. Бояд либосхои худро ба хонаги, хиёбони ва мехмони таксим кунем. Ва ё либосе бихарем ки миёнгин бошанд вале на хонаги. Мутаасифона хонаводахои нодори мо барои худ ва фарзандони худ либосхое мехаранд ки хонагист ва фарзандонро бо он ба мактаб ва ё хиёбон мефиристанд ки иштибох аст.

Тагоям ки холо дигар дар байни мо нест мегуфт мо он кадар пулдор нестем ки либосхои хонаги ва ё арзон бихарем. Либоси хонагиро танхо дар хона мешавад пушид ва либоси арзон зуд пора мешавад.

Хушбуйи шарт нест аммо бадбуйи кобили кабул нест.

Мо зарбулмасале дорем ки мегуяд камбагал буй дорад. Бале нодори инсонро афсурда мекунад ва афсурдаги пеш аз хама ба хисси шомма ва тавоноии буёйии мо низ таъсир мегузорад ва дар натича вокеан ташхис надихем ки дар натичаи шустушуйи кам баданамон буй пайдо кардааст.

Дандон шустан дар бисёре аз хонадонхо роич нест аммо мешавад дар сурати надоштани хамири дандон ва хатто мисвок ба кафи худ каме намакро бо об омехт ва 3-4 дакика дар дахон нигах дошт. Бо ин рох  метавонем дандонхои худро тамиз ва буйи бади нафасамонро аз байн бибарем.

Чуроби худро бо даст бишуем то нохунхоямон тамиз шавад.

Холо шояд бипурсед ки инхо чи рабте ба муваффакият дорад. Нуктаи мехими мувафакият ба даст овардани дустони зиёд аст ва ошнойи бо афроди чадид. Агар либоси бад ва дахони бадбуй дорем шояд ба ин мувафак нашавем ва мувафакияти худро махдуд кунем.

  Аввал хеш баъд дарвеш
 
 Мо точикон бо ин акида бор омадаем ки бояд азхудгузар буд ва аввал ба наздикон ва азизони худ расидаги кард ва баъд ба худ. Аммо ин галат аст. Инсон бояд пеш аз хама ба кадри худ бирасад он вакт метавонад ба кадри дигарон бехтар бирасад.

Мо омухтаем ки ба падару модар худ фикр кунем ва дар канори онхо бадбахтии онхоро шарик шавем. Аммо мешавад ба рохи худ дунболи орзухои худ рафт ва он вакт дасти дигаронро бехтар метавонем ба азизони худ ёри кунем.

Бедасту пойи мо боиси  ношодии азизон аст, пас бояд барои мувафакият талоши бештаре дошта бошем.

Мо омухтаем кабл аз тачрубаи зиндаги ва лаззат ва хушбахти онро курбонии дигарон кунем. Моро омузондаанд ки бахшоянда бошем на афзоянда.

Шахри якчашма рафти якчашма бош

Шояд шумо низ ба ин фикр кардед ки чаро даршахрхои Русия ва ё хатто дар хорич пулис чилуи мо рост во меистад ва паспорт мепурсад, дар холе ки аз канори дигар мухочирон метавонад рад шавад ва пасспорт хам нахохад.

Ба ин нукта вакте дар Маскав будам тавачух кардам. Мо точикон дар ватанамон талош мекугем ки нишонахои милли худро хифз кунем ва бо хамин зехният хам ба кишвархои дигар сафар мекунем ва таъачуб мекунем ки ба мо ангушти ишора рост мекунанд.

Агар диккат карда бошед дигар миллатхо низ либоси милли доранд ва онро ба рухи дигарон дар чамъ ва дар кучаву хиёбонхо намешанд. Чаро мо инкорро мекунем? Оё мо вокеан боварамон шуда ки бехтарин либос ва нишонахои миллиро доро хастем? Оё то ин хад ба бартарии нажоди ориё боварамон шуда?

Мо бояд хамон тавр ки аждодони мо тавсеъа кардаанд дар шахри якчашмахо як чашмамонро бибандем то аз мутафовит ва бартар будани худ гардан дароз накарда бошем.

Чпро аз бартар будани точик танхо хамин токи ва либоси зарлор боки монда? Чаро мо бо тарзи гуфтор ва рафтори боэътимод надорем? Чаро мо забондон нестем?

Тамоми миллатхои дигари собик иттиходи шурави ба изофаи руси, англиси, олмони ва хам испониёлиро аз худ карданд ва мутахасисони худро тарбият каранд. Мо аммо хамин русиро ки забони дувуми мо буд фаромуш кардем.

Натанхо мардуми одди камбагал балки хатто равшанфикру сиёсатмадорони мо низ ин гунаанд. Чи ист амике дар ДНА точики ба вучуд омада ки ин кадар ором ва аслан рушд нопазир шудаем?

Мо ин кадар омиёна тарбият шудаем ки хатто аз нигохамон хам гохе мешавад ташхис дод ки мо точик хастем. Ин эроди як миллат нест. Аммо нуктаи куввти он низ нест.

Мо бояд омода бошем ки ба дасти сайди науфтем пас бояд бидонем ки чи гуна бояд ранг тагйир дихем ки аз назари душман ва ё саёд пушидаву мастур бимонем. Яъне мисли бакия рафтор кунем. Барои ин кор бояд худ наззоар кунем. Нишонашиноси яке аз нуктахои мухими рушди зехнии инсон аст. Инсон нигох мекунад. диккат мекунад ва ташхис медихад. Коре ки мутаасифона дар бисёре аз мо точикон дида намешавад.

Мо бо ин ки фикр мекунем бартарин миллати олам хастем вале мунтазир мемонем ки ба мо бигуянд то анчом дихем.

Чуянда ёбанда аст

Чустучу дигар бидуни хамсухбати ва каломи варзида ва одоби калом имеон пазир нест. Магар ки дар чангал чустучуйи ганче бошем.

Пас бояд гуфт "бипурс то бидони". Пурсидан аз дониш аст ва напурсидан аз бехабари ва бетавачухи.

Мо як хислати бад дорем суол намекунем ки як-як надонистахои худро ёд бигирем. Метарсем аз суол кардан метарсем хатто бидуни фахмидани вазифа онро мепазирем. Метарсем бигуем ки ман ин корро каблан анчом надодаам.

Ду чизро мо нобачо ба кор мебарем. Шарм ба хангоми суол ва касби дониш ва дигар тарс аз нодонии худ.

Ба мо ёд додаанд ки вонамуд кунем хама чизи оламро медонем ва ин бар мо тарсеро ба ыучуд меорад ки бипурсед. Шояд мустакиман чунин тарбият надодаанд аммо факте суол кардем ба мо гуфтаанд "Хаминро хам намедони-ми?!" ва ё чизе аз ин  бадтар ки ин комилан аз бесаводии онхо буда. Ва ин бархурди галат дар мо хона гирията ва ба рагу пайи мо чори шудааст.

Мо точикон дар хонаводахое бузург шудаем ки хафт хашт фарзанд доштаанд ва ин нишони онро додрад ки шаст дарсади суолхои мо мечавоб мондааст ва бояд бояд бигуям ки хеч вакт барои пурсидани ин саволхо дер нест. Хеч вакт барои омухтан дер нест.
Ман 27 сол доштам ва дар Ландан бояд аз сохибхонаам мепурсидам ки чи гуна бояд мошини зарфшуйиро роз андозам ин дафэаи аввадам хаст. Ва у низ мо шавк бароям мефахмонд ва ё дар мавриди кирояи мохона. Хар чи кадар суол мекардам хамон кадар ба у наздиктар мешудам.

Аммо дусте доштам дар хамон мадраса бо ман мехонд вале ба ман аз киссахои хоробкории худ мегуфт ки бояд хонаи дигар пайдо кунад. чун мошини либосшуйи сохибхонаро зароб кардааст.

Танхо ба хотири шарм ва напурсидани дастури кори мошин мачбур буд дар зимистон бехона шавад.

Мо намепурсем ва омодаи сарзаниш мешавем. Ин яке аз одатхои мост. Мо шино балад нестем вале намегуем аммо омодаи гаркшудан хастем. Ин рох ба мувафакият намебарад.

Мо набояд аз шахри дигар ба дусти худ занг бизанем ва одрес бигирем. Мо бояд харитаи шахр дастамон бошад ва аз нафари рахгузар бо эътимод ба нафс аз одреси мавриди назар биперсем. Тамоми миллат ва тамоми мардум ин корро мекунанд аммо мо шарм медорем. Ачиб аст на?

Мо хануз кабилайи фикр мекунем ва кабилаи зиндаги мекунем. Гурухи дар чомеъа эхсоси амният мекунем ки иштибох нест аммо дигар мешавад роххои дигар ва имрузиро низ рафт. Мешавад комат рост кард ва бо эътимод ба худ ва худои худ ру ба ояндаи мавриди назар рафт ва ба орзухо даст ёфт.

Чашмбаста оре гуфтан хиёнат аст

Оне ки намепурсад ва бо чашми баста масъулият мепазирад хеч вакт мувафак намешавад ва корфармо низ ба у эътимод нахохад кард чун инсони окил медонад ки хама чиз барои хама фахмо ошно нест. Ин ба мантик намегунчад.

Мо аввал аз хама бояд суол кунем ва охир аз хама низ суол кунем.

Чи дар пазируфтани масъулият ва чи хангоми пардохт ва касби маош.

Ин нукоти аввалия мувафакият аст аммо ин хамаи он нест.

Шояд дар рузхои янда боз ба ин мавзуъ баргардам ва шояд камбагалоне ки аз бас шармин ва фурутан хастанд ва аз пурсидан ва аз касби кардан мехаросанд кумаке карда бошам.

Дигар ин ки камбагали хусн нест ва шарм ва фурутани ва камхарфии ночо ва хам гардан кач доштан ба хангоми кору фаъолияти чамъи айб ва нуксонест ки дар мо точикон зиёд аст ва моро аз дигар мардум мутамоиз мекунад.

Ва мо таачуб мекунем ки чаро дар фурудгоххои русия махз точиконро боздошт мекунанд на киргиз ва казокро.

Мо точикон самимитарин мардуми Осиёи Миёна хастем, аммо асри чадид дигар ин сифатхоро мисли кадим намепарастад. Мо бояд бо интихобхои котеъи худ аз пайи орзухои худ равем. Падарон ва модарони мо ин шароит ва ин роххои бозро надоштанд ва холо низ шояд нохудогох чилугири пешрафт ва мувафакияти мо шаванд. Агар хатто барои расидан ба орзуи худ мачбур ба сарпечи аз панду насихати падарон ва модарони худ шавед эхсоси бад ва ё гунох надота бошед. Хамеша ин гуна буда ки насли болотар девори баланди дар пеши рохи насли оянда будаанд. Аммо агар мо ба харфу пушниходи онхо тавачух кунем мисли онхо дар армон хохем зист ва хеч вакт ба орзухои худ нахохем расид.

Бояд рохи чадид интихоб кард то асри чадид дар мо шуруъ шавад. Рохи тахкир ва ё бартар бонистан ва ё донотароши гузаштааст. Асри мардумони покдил ва руйрост расидааст ва ниёз ва донишхои сангини кадими ва ё кухан хам нест. Бояд баруз ва имрузи ва хамхон бо ниёзи асри хеш зиндаги кунем ки асли он арзиш гузоштан ба инсон аст.
Ва хеч инсоне набояд умри худро фидои инсоне дигар кунад. Кадур арзишхо баробаранд ва набояд байни зану мард ва ё хурду бузург ва ё окилу доно таксим кард.

Мо хама баробарем ва хама хаки расидан ба орзу ва нияти худро дорем.

Ман рушди охиста вале боэхтиётро дар насли худ мебинам. аммо мутаасифона фосилахо байни дех ва шахр зиёд аст ва байни доро ва нодор руз то руз бештар мешавад.

Ба худ ичоза надихед ки фарханги гуломиро ба хотири нодори бипазиред. Бо нодори бичангед ва сари худро хамеша баланд нигах доред.

Аз доро бипурсед ки чи коре карда ки мо накардем. Худро аз дороён ва доноён дур накунем. Бо онхо хамфирк шавем то хамкадам шавем.

Хонатаконии фикри бояд кард барои шуруъи тоза барои мувафакият.

Дил ба ноумеди надихем ва худро аз умки чох берун кашем. Мо метавонем. Мо хеч камие аз дигарон надорем. Аммо бояд дуруст рахнамойи шавем ва савол кунем ва посух гирем ва пешрафт кунем.

Ио качу фалач ва ё камакл нестем ки шарму хаё хусни мо бошад. Иг тарбият дар мо аз даврони феодали монда ки хусни гулом дар шарм ва камхарфии у буд.

Мо мехохем аз ин фарханги фалачкунандаи суннати озод шавем ва пеш аз ин ки миллати бартар бошем фарди бехтар бошем.

0

برای گلشیفته

چه هیبتی دارد

تن عریان زن پارسی
که با وقار
 بلند تر از برج ایفل
رو به روی ما
استاده است

 و ما عاجز از سنگسار
 و یا حبس آن تن زیبا
در خود می سوزیم

از ترس آزادی

0

Why did I leave Tajikistane Navin a Facebook group

Имруз дар Точикистони Навин як бахси бисёр-бисёр зидди зан ва тувхиномезе доштам ва нихоятан он гурухро тарк кардам. Ин ба он маъно нест ки ман дигар барои ояндаи Точикон коре нахохам дошт. На балки бештар аз хар вакт барои ояндаи он нигарон шудаам ва фаъолтар хохам буд.

Чавоне вакех бо хамокати зиёд аз занон ба унвони инсони дарачаи хич сухбат мекард ва аз ман ки мехостам аз хакки занон дифоъ кунам мепурсид ки хичоб дорам ё на?

Мухим нест, аммо ман хам ним соате дар сатхи ин чавони мардсолори занситез пойин омадам ва бахс кардам ва асабони шудам ва кахр кардам ва рафтам. Хатост, бале медонам. Аммо вакте фард худро танхо мебинад ки тахти хучуми аблахе карор дорад эхсоси ачибест.

Масалаи мухиме ки маро водор кард инчо хам бинависам ин аст ки чаро дустоне ки гуруххои ичтимоъи рохандози мекунанд ба афроде ичоза медиханд ки вайронкори кунанд ва гурухро аз хам бипошонанд?

Дар кишвархои демокротик агар фарде дар чамъ даъво ва бехурмати мекунад уро аз чамъ берун мекунанд аммо ин гуруххои интернетии точики аммо махали фаххоши ва тахаммули афроди харобкор шудааст ва гардонандагони ин гуруххо хам бо чашму гуши баста ичоза медиханд ки афроди узви ин гурух бо чангу кашокашихо бо афроде ки хамдигарро намефахманд вакткуши кунанд ва неруйи созандаи худро аз даст диханд?

Ин мавзуъро дустон лутфан чидди бигиранд агар карор доранд хамаро аз хар гурух ва хар сатхи фахму дониш вориди хар гурух кунанд хеч бахсе дуруст ва солим шакл нахохад гирифт ва ба чое нахохем расид.

Чаро дар хар гурух ду се нафар вазифа дошта бошанд ки бар сари афроди сохибназар санг андозанд ва бакия дар сукут хонанда бошанд?

Оё аз тахкир шудани дигари лаззат мебаранд? На! Пас чи чиз онхоро водор мекунад ки ичоза бидиханд кор ба мушткори бирасад ва коре накунанд?

Ба назарам бояд як фикри асоси дар бораи ин кард вагарна хама боз ру ба танхойи худ меорад ва душмани Ватан хушхол мешавад ки боз пароканда шудем.

Дустони равшанфикре ки маро намешиносанд лунфан маро инчо бишносанд ва маро дар гуруххое ки ба хакки аввалияи зан ва озодии у эхтиром гузошта намешавад ва тахкир мешавад изофа накунанд ва лутфан гурухи чамъи ва ё маъракае рохандози накунанд ки хамаи афродро даъват кунанад ва идораи он аз дасташон хорич бошад.

Шабакахои интернети чойи чангу даъвохои бехуда нест. Мо ангор аз дур аз пушти масофахо далертар мешавем ва ба хамдигар рохаттар хамла мекунем ва носазо мегуем. Худи ман хам аз ин афрод чудо нестам. Зуд асабони мешавам аз ин ки адолат зери по шуда ва касе коре намекунад. Дар холе ки хама мачбур нест коре барои баркарории адолат кунад. Баъзехо канорагириро интихоб мекунанд ва инро бояд пазируфт. Интихоб хаки хар фард аст. Хатто интихоб накардан интихоб аст.

Аммо оё ин ба маънои он аст ки мо майдонро ба навчахои пурруйи бесаводу беадабе дихем ки хоки ватанро бо тарозуи ислом месанчанд ва хар чи одоб ва адаб астро зери по мегузоранд?

Навчахое ки на хукуки зан медонанд на хукуки адён ва на хукуки инсонии худро шинохтаанд чаро бояд дар гуруххои афроди тахсилкарда ва сохибназар карор бигиранд?

Ман ба дустон хохиш мекунам ки дар бораи афроди фаххош ва бадфикру тангбин шонси хузур доштае дар катори афрди хушдилу хушфикрро надиханд. Инсон бояд талоше барои дарки чизхои тоза дошта бошад то битавонад дар чамъ зохир шавад. Вагарна чамъхои мачози ба вазифаи асли намерасанд ва замони азизи худро бо тату пит бо баччахои бекитоб мегузаронанд.

   

0

Чаро веблогнависони тоза ба вучуд намеояд?

Устод Салим Аюбзод, нависандаи номи точик ва хам навис як мавзуъи мухиммеро матрах кардаанд ки хостам назари худамро дар ин бора бинависам.
Аввал ба навиштаи устод диккат кунед ки дар сафхаи веблогнависони точик дар Фейсбук овардаанд:

Дуруд бар блогнависони тоҷик! Сабаб чист, ки вақтҳои охир кам менависем? Шояд яке аз сабабҳо Фейсбук аст. Шумо андешаҳои худро ин ҷо порча-порча мерезед ва шиддате, ки барои навишта шудани як блог чамъ омадааст, ба ҳаво мераваду дар натиҷа торнигори Шумо на намешавад. Шояд сабабҳои дигаре дар миён аст? Чаро насли нави блогнависон ҳеч нест, ки зода шавад? Эҳтимол як табодули таҷриба ё омӯзише зарур аст? Онҳое, ки блогнавис шудан мехоҳанд, лутфан наҳаросед. Кори мушкиле нест. Гурӯҳ ба якояки Шумо ёрӣ медиҳад, агар дарвоқеъ чунин орзуе доред. Бинависед. (Салим Аюбзод)

Дар бораи бахши аввали ин навишта ки марбут ба веблогнависони мавчуд аст метавонам инро бигуям ки ба назарам хар касе бахонахои хурду кучаки худро дорад аммо ба ин маъно нест ки веблогнависи ахамияти худро аз даст дода бошад. На ба хеч вачх. Ин расонаи шахси макоми худро аз даст нахохад дод балки сайкал хохад ёфт.

Аммо дар бораи ин ки чаро веблогнависони тоза вориди майдон намешаванд метавонам ба чанд чиз ишора кунам. Ба назарам як далели он метавонад ин бошад ки тавачухи шояд ва бояд ба веблогнависон накардаем. Масалан нагуфтаем ки "нависандаи фалон веблог" ва ё аслан "веблогнависи точик" муаррифи кардани ин афрод дар расонахои чараёни асли ба веблогнависи арзиши афзуда ворид мекунад ва ё бознашр шудани мукаррари постхои веблоги ба хусус маро ба унвони нависандаи ин веблог хушбин мекунад ки садои ман дар дохили кишвар низ шунида мешавад. Ва аслан ихтисос додани як сафхаи рузномахои дохили ба гулчине аз веблогхо хам мухотаби веблогхоро афзоиш медихад ва хам веблогнавис ташфик мешавад ки бинависад.

Бо ин гуна вазъе ки мо дорем дар айни хол, яъне хар нависанда барои мухотаби махдуде менависад, мутаасифона ташвикгари дигар афод намешавад.

Худи ман низ борхо ба ин фикр кардаам ки бахши назаргузориро бибандам, аммо нихоятан ин корро накардаам. Ба хотири ин ки гох гудоре аз хонандаи тозае на назар балки нома дарёфт мекунам ки як рохи иртиботи ман аст бо хонандаест ки мехохад махфи бимонад ва суоли шахси бипурсад. Мисли ие ки чигуна дар хорич дарс хонд, чигуна ба Самарканду Бухоро сафар кард ва ва ва ва …

Вакте ба веблогнависи шуруъ карда будам аз Точикистон ва Узбакистон ва хатто аз Русия низ хонандае надоштам ва андухи амике аз ин бобат эхсос мекардам. Аммо холо вакте мебинам агар хадди аккал бист нафар дар руз ин веблогро хондаанд ва дах нафари он ё аз Точикистон ва ё аз Русия аст, хушхол мешавам ва ташвик ки бинависам. Хонандахое дорам ки дар сукут ва бесадо навиштахои маро дунбол мекунанд.

Нигарони ин нестам веблогнависи аз байн хохад рафт аммо нигарони ин хастам ки хонандахо аз даст хоханд рафт. Чун хонандаи точик хануз наомухта ки аз хоста ва ниёзхои худ бинависад. Дар натича веблогнависии точики низ мисли адабиёти точик нихоятан масири яктарафа пайдо хохад кард. Яъне нависанда аз он ниёзе менависам ки худ ташхис додааст ва на аз он ки чомеъа ва дар вокеъ хонанда хостааст.

Ё нависанда тард шудааст ва дур аз мардум ва ё мардум дигар ба навишта он арзишеро намегузорад ки интизор меравад.

Вакте муътабартарин китобхо дар панчсад нусхаи интишор махдуд мешаванд набояд норохат бошем ки веблоге панчох бор дар руз хонда шавад. Чун ин ракам руйихамрафта то охири сол ба хазорон мерасад ва паём харчанд ки кунд аммо мунтакил шудааст.

Дуст дорам зикр кунам ки икдоми родиои Озоди дар бознашри постхои веблоги дар торнамои худ мардумитарин харакат аст. Чун майдон ба садохое медихад ки харфе барои задан доранд аммо шояд шинохта ва маъруф нестанд.

Ман худ барои расонае кор мекунам ки тамоми озодихои эчодиро барои ман фарохам карда аммо боз лаззати веблог навиштан, бо лахни самимитаре харф задан чизи дигар аст.

Аммо эсос мекунам ки чизе хаст ки хонанда дар навиштахои ман пайдо намекунад. Бояд онро пайдо кунам ки он мавзуъи мавриди алокаи веблогхон чист. Нигохи сарсари ба руйдодхои руз ё назари шахси ман ва ё пешниход ё тархи мушкил?

Вакте хонанда аз алока ва нигаронихои худ наменависад андешаи веблогнавис низ байни ин хама руйдодхои хушу нохуш сарсону саргардон мемонад ва лочарам сар аз Файсбук дармеораду тамоми вакти худро ончо мегузаронад. Чун он чо робитахо бехтар баркарор мешаванд. Хеч кадом аз ин шабакахо зидди хам нестанд аммо хайф ки на хамеша дастгири хамдигаранд.

0

Тилисми тарс шикастанист

(Барои Додочон Атоулло)

Аввал аз хама, эй хонандаи азиз бибахш ки бо ин хати вакеан бепадару модар ки хатто на дум дорад ва на абруву гушвор менависам ва дигар ин ки ин хама дер.

Шаби панчшанбе буд вакте хабари хамла ба Додочон Атоуллоро шунидам. Дунболи пушиш додани ин мавзуъ аз родио Заомна будам ки баногох Эрач Гургин поягузори чандин расонахои мухимми Эрон даргузашт. Ба унвони тахиякунандаи рузи родио улавиятро додам ба дуввуми. Баъдан чоиза Голден Глоб бурдани филмсози Эрони ва ва ки хама чойи худро дорад….

Аммо хамаи ин рузхо ба марди озодае фикр кардам ки руйи тахти бемористон хобидааст ва синааш чок-чок аз рузгор.

Ин хама масоили руз боис шуд ки то ин руз дар бораи Додочон Атоулло коре накунам. Имруз дубора баргаштам ин мавзуъро дубора аз Замона матрах кардам. Ин мавзуъ то замоне нав аст ки мучрим ва далели хамлаи у рушан нашавад ва адолат баркарор нагардад.

Аммо ин рузноманигори кушои точик хамчунон бо дили захмин ва синаи чок-чок дар бемористоне дар шахри миллионхо гариб бистарист. Бистарист ва шояд дар холи рузшумори ки ин рузхои бетахаррукаш поён ёбад ва баргадад сари кору муборизахои худ барои ояндаи бехтари чомеъа худ.

Модарбузургам даврони кудаки достони чавони нотарс ва саркашеро кисса мекард ки ошики духтаре зебо дар рустои хамсоя буд ва хар бор ки барои дидани у вориди он русто мешуд уро латту куб мекарданд ва хуншору ниммачон берунаш меандохтанд. Аммо ин чавони захми ва латту пор шуда хамчунон бо лахчаи махаллии худ месуруда: Яррахом ба наррам, нагз шавам бо мерам!

Яъне тамоми баданам захмист аммо шифо ёбам боз хамон хохам кард.

Холо достони Додохон Атоулло маро ба ёди ин чавони ошик меандозад. Чавони ошике ки таъм ва маззаи ишку озодиро чашидааст ва медонад ки меарзад дар ин рох чон бохт. Атоулло аз зумраи афродест ки тилисми тарсро шикастааст ва худро ба осмони озодагон расондааст. Осмоне ки мутаасифона хануз болои сари Точикистон халват аст ва озодагонаш ангуштшумор.

Аммо дили озодагон асроре дорад ки давлатхои саркубгар ва тарсу мутавачехи он нестанд. Яке аз он асрор ин аст ки вакте хуни як озода банохак рехта мешавад аз он садхо хазорон озодаи дигар ба дунё меояд. Хуни банохак шак бар дилхо меандозад ва афроди маъмулиро ба равшанфикр табдил мекунад ки ба руйдоде ки тамоми умр онро тахаммул кардаанд шак кунанд ва бипурсанд. Барои аввалин бор бипурсанд ЧАРО БОЯД ЧУНИН БОШАД? ОЁ ОДИЛОНААСТ КИ ЧУНИН БОШАД?

Ин суолхо калиди дархои бастаи чомеъаи мост. Ин суол бедори ва бош шудани афкори инсонии мост ва рахоии мо аз гами нону об ки набояд масалаи аслии чомеъа асри 21 бошад. Нону об масалаи чомеъаи ибтидойи ва хануз инкишоф наёфтааст. барои хамин аст ки мо аз диктотурхо ташакур мекунем. онхоро месозем ва менозем аз хузурашон. Чун бидуни онхо эхсоси хатар хохем дошт. Тарс моро хохад ларзонд ки агар ин мардони зургу ва золим набошанд хамсояхо моро зери по хоханд кард.

Ин афкори акабмондаи чомеъаи дур аз тавсеъа аст ки давлатхо худ онро байни мардум мустахкам мекунанд ки ангор бидуни онхо хубихову хушихо поён хохад ёфт.

Тилисми тарс кудрати давлатхои саркубгар аст ва хар ки нотарс ва ростгу ва ошкорбаён аст рохи шикасти ин тилисми хазорсолаи тарсро дар дилхои мардум пайдо кардааст мехохад оно бишканад ва ононро озод кунад. Коре ик хушоянди давлатхои чахони саввум нест.

Ба хар хол умри ин тилисм ба поён расидааст ва асрори он назди мардум фош шудааст. Он деве ки намир асту чонаш дар сандуке дар каъри кухе махфист паёдо шудааст.

Он дев тарс асту калиди он сандук саволхои мост ки деворхои тарсро мешиканад ва дев баъд аз хазорон сол мемирад ва мардуми балегую даст ба сина ва сар ба зери мо низ комат баланд мекунад ва эътимоди ба нафси худро дубора эхсос мекунад ва деви тарси дилашро мешиканад ва худро озод мекунад.

Карни бисту як карни шикастани ин тилисм аст. Аммо оё сиёхлашкарони ин деви тарс ва саркубгар мехоханд хуни так-таки тилисмшикастагонро бирезанд? Ба гумонам на. Бади тахрибгар аст ва нихоятан хатто худи офаринандаи худро тахриб мекунад. На, наметавонанд хамаи озодагонро аз бафн бибаранд чун дер ё зуд мебинад ки вокеан аз хуни як фарди озод садхо нафари дигар ба по мехезад. Ва ин деви сиёх рохи дигаре надорад ба чуз ин ки рузе худ низ сафед шавад ва байни озодагон кадам занад, бигуяду бихандад ва рафторашро тагйир дихад то битавонад бо мардуми озода хамзисти кунад.

Дучори нафрати мардум шудан сахт аст ва сахттар аз хама тамоми умр як дев сиях ва хунхор будан гайриимкон. Одамизод хатто дар охирин лахзаи умр ва ё сари кудрат буданаш боз ниёз ба хусни нияти озодагон дорад.
Хатто девхо низ аз мухаббати ноозодагон шод ва рози намумонанд ва нахоятан ё сари кабри озодае мераванд ва ё аёдати озодае ки аз дасти девхои суфориши захмист. Захмхое ки бар неруи у хазорон неруи дигар мебахшад. Чун озодагон хамон девхои сафеде хастанд хох нохох эътимод ва амнияти мардум пеши онхост.
 
0

Боз хам диктотурхои дигар месозем?

Ин рузхо мутмайинам ки хамаи он хамватаноне ки дар даврони шурави ба сар бурдаанд аз дидани сахнаи марги рахбари Куреи Шимоли дучори дугонагии амиканд.

Ин сахнахо барои мо ошност. Хатто мое ки на даврони Ленин зинда будем ва на дар даврони Исталин. Аммо замон кард аз марг онхо норохат ва афсус мехурдем. Афсус мехурдем ки дар он даврони шукуфойи бархаёт набудем. Дер ба дунё омадем.
 
Ёдам хаст ки вакте хатто филме аз марг Ленин ва Сталин медидам, аз андух ва гами мардум гиря ба чашмонам мечархид.

Ин рузхо аз рузманигорони собик иттиходи шурави интизоп меравад ки ин масаларо бо истифода аз ин фурсате мардуми Куреи Шимоли дар ихтиёри мо гузоштаанд истифода кунанд ва барои мардуми худ бо соддатарин ва гуётарин шева бифахмонанд ки диктотурхо зодаи тарс ва ё зодаи тахаюлоти мардумонанд. Мардумоне ки хеч рохе барои бадбахтихои худ надоранд ва ё аслан мутавачехи тафовути бахт ва бадбахти нестанд.

Мо хам аз мардуми Куреи Шимоли фарке надорем ва аз марги диктотурхои худ норохат мешавам ва боз бо сахти ва гирифторихои зиёд нафари баъдиро тарбият мекунем то вакте харф мезанад битрасем ва мисли худо бипарастем.

Мо мардумони мехр надида ва осоигтаниро нашнохта хастем ва аз ин чост ки дар хукумаки сиёсатмадоре нармху хоби рохат нахохем дошт. Мо одат дорем ки зур болои сарамон бошад. Мо одат дорем ки тахкир шавем ва сар ба зер дошта бошем вагарна эхсоси оромиш нахохем дошт.

Мо аз ин ки мавчи диктотури дар мантака ру ба кохиш аст метарсем ва нигарон хастем ки чи кор хохем кард вакте мардони худогунаи мо бимиранд.

Аммо вакте хамаи диктотурхо мемиранд боз мавчи дигаре аз сиёсатмадороне хоханд омад ки бо мизони рахбароин кадими санчида мешаванд. Дакикан мисли ин ки рахбарони имрузро бо рахбарони дахсолахои пеш мукоиса мекунем ва натичаи мусоиде ба даст намеорем.

Дакикан мисли ин ки аз фурупошии шурави амикан таассуф мехурем ва неъматхои имрузро намебинем.

Мо то худ тагйир накунем шароит зисту зинлагии мо тагйир нахохад кард.

Рохи хали рпхойи аз диктотури марги дуктотурхои мавчуд нест. балки тагйир так-таки мост ки дигар болои сари худ диктотурхои хурду бузург насозем то баъд аз дасташон нола кунем ва хар чи бадбахти хаст таксири онон донем.

Инро тамоми чахон фахмидааст ба чуз аз мардуми диктотурпарвари мо ки бадбахтона теъдодшон хам кам нест.

0

سنگی بزن بر خلوط خونخوار من

مشتی به در بزن ای دوست.

مشتی سخت و محکم. نترس
که این در سال هاست لب به لب مانده و چشم به انتظار مشت توست

مشتی بزن ای دوست

سلام بلندی بگو و یا درودی بفرست به گوش های خلوط کشیده این گوشه بی کسی

سلام بلندی بگو که شاید جوابی هنوز بود در انتظارت

یا درودی بنویس با خط نایاب پارسی
بر سنگی ببند و بانداز به سوی پنجره ام.

نترس شاید دیگر کسی نیست که بترسد از شکستن گردن غفس خولط
نترس سنگی کلان تر بگیر

با سلامی محکم بکوب بر سر این تنهایی بی ننگو شرف.

یا دست بر شاخه های این درخت ببر
شاخه به شاخه بالا بیا از این درخت پیر

که سال ها دیواری بود بین من و آفتاب

پای به اتاق من بگزار

نترس
کسی نمی ترسد دیگر
از حضور نابهنگام ات

سرفه نکن که دیگر این خلوط خونخوار

نشکند از سرفه های نرم

سلامی بگو بلند تا شاید هنوز جای چشمان انتظار ام روی شیشه ها
لبخندی برای تو نگه داشته اند.

1

محمد جان شکوری: “راه من به بخارا بسته است”

جمعه, 08/13/1390 – 16:20

بخش نخست گفت‌وگو با محمد جان شکوری، ادیب و تاریخدان تاجیک

به مناسبت جشن ۲۵۰۰ سالگی شهر که جشن گرفته بودند آباد کرده‌اند. بعضی‌ها که آنجا سفر می‌کنند خرسند شده می‌آیند که بخارا زیبا شده است. لکن بنده افسوس که این را ندیده‌ام و ندیده می‌روم. بسیار می‌خواهم که آبادی بخارا را ببینم.
چندی پیش گروه موسیقی "مرویگی" از بخارا آمدند که عالی بود. کنسرت خیلی عالی‌جناب بود. من که دیگر از بخارا امید کنده بودم، فکر می‌کرم در بخارا از فرهنگ، از هنر، از ادبیات هیچ چیز نمانده، این کنسرت را دیده اندک در دلم امید پیدا شد که بخارا هنوز اندکی جان در رمق دارد، هنوز زنده است و شاید که باز در سهم تاریخ دوباره قامت راست کند.

چرا نمی‌توانید به بخارا سفر بکنید؟ مانعی وجود دارد؟

بله. اسم بنده به لیست سیاه دولت ازبکستان وارد شده است.

 چرا؟

… ادامه نوشته

1

Ёд бигирем ё нагиред? Ин аст умки хастии мо точикон

 

Ёд бигирем ё нагиред? Ин аст умки хастии мо точикон, аммо намедонам чаро бештарини мо ёд нагирифтанро интихоб мекунанд, пеш нарафтанро пеша мекунад.

Точикон мардумони мехнаткаш ва мехнатдустанд. Хатман шумо низ ин гуна фикр мекунед аммо муддатест ки ман бар ин фикр мекунам ки мехнатдустии мардуми точик далоили дигаре дорад. Ин видео моноли дусти нодида гиреххоеро метавонад дар зехни мо точикон боз кунад. Ба назар мерасад ки идиоложии мо точикон бедалел нест ки карнхост чисмони аст ва чисмоният ин кадар дар рагу пайи мо чой гирифта ки табдил ба танбали шуда ва чилугири ташакули хар гуна маънавият. Ангор миллати точик ба чуз дасту по узви дигаре надорад ки ба он такя кунад ва ояндаи худро бисозад. Одат кардааст рохи осон бичуяд.

Агар худро точик медонед ва накдпазир хастед ба ин видио таваччух кунед ба дигар точикон нишон дихед, чуръат кунед хислатхоро ба номи худашон ба забон оред. Агар дусти шумо танбал аст бигуед, ба руяш бигуед, агар шумо танбал хастед тан бигиред ва ин худ пешравист. Аз пешрави хичолат накашед. Аз пурсидан шарм надоред. Аз имруз шуруъ кунед ва фарханги акибкашандаи шармро аз худ дур кунед.

Моро бисёр фиреб додаанд. Моро ба чизхои иштибох ва зарарнок одат додввнд. Пас биёед ба хама чизи атроф ба шаку тардид нигох кунем ва хакикати гумшудаи точиконаро пайдо кунем.

Бояд сахт фирк кунем ки чи гуна фарханги шарму хоксориро аз хуни точик берун кунем то битавонад вокеъиятро бепарда бибинад ва бетарс аз он дифоъ кунад.

Лутфан ба ин чараёни табодули афкор хамрох шавед. Мо хама дучори дарде хастем ки бо хам ва аз хам бояд рохи шифо чуем.

صفحه ها ... 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16