May 28, 2005

Бистари гулхои сурх

BBC Afghanistan

Нилуфари Паризо, нависандаи афгон, ки холо мукими Конодост, китоби худро бо унвони "Бистари гулхои сурх" ба забони инглиси ба табъ расонда. Ман онро аз сойти Би Би Си дар сахфаи Афгонистон пайдо кардам, беш аз хама аз сухбати у бисёр лаззат бурдам ва хостад онро барои хонандагони точикзабони сахфаи Самарканд муаррифи кунам.

Сухбати ширини ин навистандаи хушзабон ва хушфикри афгон Нилуфари Паризоро дар ин чо пайдо кунед. Шояд барои шумо низ хотираеро бедор кунад, хамчунон ки барои ман садои латиф ва лахчаи ширини у ёдовари дусти афгонам Важмаи Расул гардид, ки дар Самарканд бо у ошно шудам ва дар чашни аруси пуршукухаш, ки омезае аз расми афгони ва урупойи буд, дар Женев бо хонаводаи у низ дидор намудам. Холо дилам барои дидани писари яксолааш гум мезанад.

Posted by shahzoda at May 28, 2005 11:53 PM
Comments
Post a comment









Remember personal info?