Оромиши кабл аз туфон дар Андичон

Фикр мекардам ки навбати баъди баъд аз инкилоби Киргизистон Точикистон ё Туркманистон бошад, аммо Узбакистон будааст. Худоё, кош хамин 300 нафар кушта кофи бошад, барои нафаси тоза ва хавои баъд аз режими диктатори. Аммо боз хам ки метавонад бигуяд, ки рузгор баъди ин режим чи гуна хохад буд ва решахои ин хушунати жарф ва худхохона бо чи кадар талафот суст хохад шуд ва панчаи зулм бозтар дар гулуи мардуми захматкаши осиёи ва бахусус узбакистони. Андичон, ки хамеша дар хуни худ мечушид, хатто дар замони хонигарихои даврони Аморати Бухоро ва сар ба зер намеовард. Холо низ боз аз аввалинхо шудаанду сар аз гиребони тарсу тахкир берун кашидаанд. Худо худ нигахдори чони мардуми бегунох ва орзуманд бошад ва то рузгори осоиш чашму диле боз дошта бошанд, ки зиндагиро бибинанд ва нафасхои тоза бикашанд ва боре хам ба офтоби дурахшони кишвари азизи хеш бо ризоият ва хушнудии тамом бингаранд.
Posted by shahzoda at May 15, 2005 02:54 AM