January 22, 2005

Сузан Сонтаг (Susan Sontag)- мунакид, нависанда ва файласуфи омрикоист, ки дар накди фарханг корхои дурахшоне навиштааст ва назароти у бар олимони урупои ва фаротар аз он бетаъсир набудааст.

Сонтагро бори аввал дар бахсхои дустони малакутии худ шинохтам ва ба корхои у алокаманд шудам. Холо накди уро рочеъ ба аккоси мехонам, ки бо номи "On photography" , яъне "Дар аккоси" соли 1977 дар Омрико ба табъ расидааст.

Ин чо факат як нуктаеро мехохам аз у бигуям, ки чи кадар назароти у дунёи андешаамро фаротар бурд ва ба чизхое диккати маро чалб кард, ки каблан ба ин нозуки аз онхо намеандешидам.

Дар кисми форсии сахфа аз он иброз доштам, ки тасвири дасти дуввум, ин ибораро аз Сонтаг гирифтам, дар шеъри мо точикон фаровон аст ва боиси камарзишии он хам шояд хамин аст. Мо точикон бештар аз он чизхое мегуем, ки худ ламс накардаем ва тарчубаи вокеи аз он надоштаем. Ва ё аз тачрубахои худ одат надорем бозу равшан ва бидуни шарм харф бизанем. Дар мо фарханги шарм бисёр кави ва то хадди махдудкунанда рушд кардааст. Мехохам дар ин чихати фарханги хеш тахкики доманадоре анчом дода шавад, чи банда чи дигарон мухим нест. Мухим ин аст, ки худро аз нигохи имруз бибинем. Танавуъи дар чомеаи имрузамон  мавчудро хазм кунем ва аз он ба рохати харф бизанем. 

Навиштахои Мехдии Чоми аз Сонтагро дар ин чо бихонед.

Назари бештар аз Сонтаг, М.Чоми

Posted by shahzoda at January 22, 2005 05:39 PM
Comments