January 20, 2005

Назархо хеч вакт бетаъсир нестанд

Чанд рузест, ки дил ба форсинавиштан дорам ва хар чи бештар бо ин хат менависам, хамон кадар бештар ба он унс мегирам. Навиштан ба хатти форси бароям лаззате мисли хондани як румони баланд ва шавковаре мемонад, ки дилат мехонад бидонам охири он чи хохад шуд. Он кахрамон ба кучо хохад расид ва китоб хамон ба охир намерасад ва мачбур онро канор мегузорам то биравам ба корхои рузона ва дарсхои худ бирасам. То рузи дигар. То вакти дигар диламро пахлуи он мегузорам, то баробари вакт ба даст овардан аз паи идомаи достон бошам.

Ин рузхо навиштан ба форси бароям як саргармие шудааст, ки бо дилгарми ва шавк ва завк ва шодие омехтааст. Хушхолам, ки дигар аз он вахми форсинавиштан халос шудаам ва бесаводи ё камсаводии худро икрор шудаам. Танхо дар ин чихат нест, ки камсаводам, дар инглиси хам хамин гуна мушкилихои бисёр дорам. Аммо чи бок! Мо омадаем то биомузем ва ин ки худнамои ё сарбаланди аз он чи медонем ё намедонем.

Ва назарот. Чизе ки маро сард бебок ба онхо нигаристан махол аст. Хамеша назари касонро мухим ва муътабар донистаам. Мисли накд, ки дар рушди инсон бисёр бачо ва лозимист.

Мо точикон дуруст аст, ки дар форси мушкил дорем, аммо магар ин вакти он нест, ки онро биомузем. Онро аз бар кунем. Мисли ин ки як аср руси харф задем, мисли ин ки аз субх то шом узбаки гуфтем ва пушидем ва андешидему чизе нагуфтем. Холо ки хама кувваи худро ба омузиши англиси гузоштаем, чаро рузе як ё ду харф аз форси низ наомузем.

Назарот мегуфтам, ки мухиманд, аммо на хаамош. Огои Махчуб буд, ки сабаб шуд то ман форси нависиро шуруъ кунам. Аммо холо мегуянд, ки пинглиш бинависем, то хама бифахманд ва дарк кунанд. Магар карор ин аст, ки хама моро бифахмад. Агар вокеан ин кадар хам хамабоб ва хамашунав мавзуест, бояд инглиси навишт  то ХАМА бифахманд.

Хат бисёр накши мухим дорад дар иртиботи фарханги ва хатто бефархангии мардум. Вакте аз ишк мегуем ва ё вакте ки мехохем касеро сарзаниш кунем ба хамон забоне мегуем ки ба мо наздик аст.

Пинглиш хате нест, ки мушкили моро хал кунад. Мушкили моро пуштикор ва омузиши ин хатхои чоуфтода ва расман пазируфтаи форси ва кирилик метавонад хал кунад. Агар точикон хоханд ки хам лаълро ба даст оранду хам ёрро наранчонанд, бо ман ва хатто бехтар аз ман хати форсии худро такмил диханд. Ва агар хам эрониён дил ба мо кардаанд, биёянд кирилик омузанд. Вагарна дунёи мачбури ки нест.

Махчуби азиз, аз ман кина ба дил нагиред, аммо ин назари ман аст. Ман хеч гох аз паи хамаги сохтани дунёи худ ва ё андешахову шавкхои худ нагаштаам. Дар паи орзухои парешони худам. Агар касе ба ин гулистони мо майл карда кадам руи чашм. 

Мо точикон  истеъдоди фавкулъода дар омузиши забонхо дорем. Мо ки 80% хама сезабона хастем. Магар як хатти форси ин кадар муаммо шуд? На. Факат замон мехохад, ки мо онро дорем, ё фикр мекунем, ки дорем.
   

Posted by shahzoda at January 20, 2005 03:51 PM
Comments