َA Nobel Novelist,
a documentary by Bahman Maghsoudlu
Дар солуни Донишгохи СОАС- и Ландан намоиши филми Бахмани Максудлу филмсози маъруфи иронии мукими Омрикоро ба намоиш гузоштанд. Ин филми мустанад аввалин ва охирин филме аз зиндагии нависандаи махбуби иронии Ахмад Махмуд буд, ки бо навиштани романи "Хамсояхо" шухрат касб мекунад ва бо хамин роман робитаи у бо давлат ру ба табохи меорад. Романи мазкур аз равобити самимона ва инсонии чавоне бо хамсояаш кисса мекунад, ки зане буд бо шавхари бадкирдоре ба сар мебурд ва мудом зери латту куби у карор мегирифт. Ин роман бо вучуди махбубияташ дар байни мардум, замоне ба тавкиф ру ба ру мешавад ва бештарин нусхахои онро адабдустони ирони аз нусхахои таккаллуби ва махфи хонанд.
Ахмади Махмуд ки соли 2002 аз дунё даргузашт, дар тули умри хеш хеч вакт рози нашуда ки дар матбуоти Ирон назари худ ва мусохибае аз у ба табъ бирасад. Танхо равобити дустонаи у бо филмсоз Максудлу ва исророти у далели чилуи дурбин омадани нависанда гардидааст.
"A Nobel Novelist" ки унвони филми мазкур аст, ба бинандагон бисёр писанд омад ва чанде аз онхо ба филмсоз арзи сипос намуданд, ки дунёи чавони ва хотироти ширини ватанро бар онхо дубора ёдовар намудааст. Беш аз хама нукоте ки филмсоз аз фарханги тасвири ва дастовардхои ками у аз бойгонии акс ва асноди рочеъ ба ашхоси маъруфи ирони баён намуд, мавчи бахсу андешахоеро дар зехни шунавандагон бедор намуд.
گذارش مهدی جامی را از این فلم در سایت فارسیی بی بی سی بخوانید
Гузориши Мехдии Чомиро аз ин намоиш дар сайти форсии Би Би Си бихонед.