

Shahida Tulaganova (now a British citizen) is a brave journalist from Uzbekistan, who has managed to get 20 fake passports from 20 Europian countries and has made to get into Britain using two of them.
Shahida is a freelance journalist. She's been working for BBC for 10 years. This film was made for BBC 1. In an interview for Radio Zamaneh I asked her well ... many questions and that what is her next film going to be about. She said: -" I am thinking of something funny!"
"How to plan a revolution" is Shahida''s first film documentary about Azerbaijan unrest in 2005.
Чи гуна хабарнигори Би Би Си тавонист 20 поспорти чаъли бихарад.
Барои матни точики сафхаро комил боз кунед.
Чи гуна хабарнигори Би Би Си тавонист 20 поспорти чаъли бихарад.
Рузи душанбе 4 десомбр шабакии хабарии Би Би Си як филми мустанаде пахш кард, ки мавзуи он чи гунагии чаъли поспорт дар Урупо буд.
Ин филм бо идда ва ичрои Шахида Тулагонава сохта шуда ки аз хабарнигорони собики Би Би Си аст ва акнун ба сурати мустакил кор мекунад.
Ин филм, ки «Поспортхои чаълии ман» ном дорад, вуруди мухочирони гайриконуни ба кишвархои урупои ва ба хусус Бритониё ва роххои мутаадиди онро барраси кардааст. Шахида дар ин филм муваффак шудааст, 20 поспорти чаъли аз 20 кишвари Урупойи бихарад ва бо истифода аз ду тои он вориди Бритониё шавад.
Шахида Тулаганова дар Тошканд таваллуд ёфта ва бузург шудааст ва баъд аз солхои тулонии кор бо Би Би Си ва зиндагони дар Ландан шахрванидии Инглисро ба даст овардааст.
Бо Шахида сухбати телефоние доштам, ки фишурдаи онро мешунавед.
Аз шахида мепурсам ки иддайи аввалияи ин филм аз ки будааст?
Вай мегуяд, ки идда аз ман буд, аммо ман мехостам ин филмро дар Ландан бисозам, чун хамаи тахкикоти ман дар дохили Ландан анчом мешуд, ва ман бо чанд нафар ошно будам, ки бо поспорти чаъли дар Ландан ба сар мебурданд ва хамчунин касонеро мешинохтам, ки метавонистанд маро ба ин навъ касоне ошно кунанд, ки метавонанд поспорти чаъли дуруст мекунанд.
Аммо Би Би Си тувсиа кард ки ин тарх дар кишвархои урупои анчом шавад.
Дар кишвархои Урупоии мисли кишвархои Урупои Шарки, Албани ва Юнон бо душвории зиёд муваффак шудам, ки ин корро анчом дихам. На ба хотири ин ки ин кори номумкин буд, балки пайдо кардани чунин касоне ва эътимоди онхоро ба даст овардан ки битавонанд бо ту хамкори кунанд сахт ва вактгир буд. Ва тул мекашид то ман ошнойи бо касе аз дохили ин гурух пайдо кунам ва ба кор, яъне такозои поспорти чаъли бирасам.
Дар хамаи ин кишвархо як нафареро доштам ки ба ман аз чихати иттилоъ кумак мекарданд, барои мисол дар Юнон чанд тан чавонони иронии курд ба ман кумак мекаранд Ва дар баъзе аз кишвархо хабарнигорони махалли бо ман хамкори мекарданд, ки бо махал ошно буданд.
Аммо дар кул кори сахте набуд.
Аз Шахида мепурсам, ки хамкори бо ин гуна касони табахкор ва карор гузоштан бо онхо дар кишвархои бегона барояш нигаронкунанда ва тарснок набудааст? Ва баъд аз пахши филм оё омодаи тахдидхое аз чониби ин нафароте хаст, ки дар филм зохир шуданд, ки бо дурбини махфи аз чониби худи у филмбардори шудаанд?
Шахда мегуд: - Бале нигарони дорам, ва тайи ин чанд рузе ки филм пахш шуд, дар хиёбон бо айнаки дуди зохир мешавам, ки албатта кумаки зиёде намекунад.
Хамчунин дар фикри сафар хастам, ки аз ин шахр биравам, барои муддате.
Шахида хамчунин мегуяд, ки ин филм аз чониби кишвархои Иттоходияи Урупо чидди гирифта шудааст, ва харчанд Вазорати кишвари Биритониё чавоби хоссе ба суолхои дар филм матрахшуда надодааст, аммо Шахида Тулаганова мутмаъин аст, ки тачдиди назархое дар кавонини бозрасии поспортхо дар марзхои ин кишвар ва кишвархои дигари Урупои сурат хохад гирифт.
Аз у пурсидам иттилоотеро ки тайи тахкик ва филмбардори дар бораи гурруххои чаъли повпорт пайдо кардааст, ба пулис хохад дод, ё пулис чунин такозое аз у кардааст,
Вай мегуяд: Кори ман рузноманигист. Ва ин бар ухдаи пулис аст ки он афродро таъкиб ва пайдо кунад, Вале ман наметавонам, манобеи кори ва сарнаххоеро ки доштаам ба пулис бидихам. Чун ин бар халофи ахлоки рузноманигорист.
Аз Шахида мепурсам, ки филми баъди у дар чи мавзуе хохад буд?
Вай мегуяд, ки ин дафъа суроги мавзухои тафрихи ва сабуктар хохад рафт.
Шахида Тулаганова хамчунин филми мустанади «Чи гуна мешавад як инкилобро барномарези кард»-ро низ сохтааст, ки ба нооромии чумхурии Озарбайчон мепардозад ва барандаи чоиза низ шудааст.
Барои шунидани файли савтии ин гузориш ин чоро боз кунед:
Радио замона гузориши вижа.
Шахзода Назарова
Радио Замона
Shakhzoda Nazarova
Radio Zamaneh
(Барои шунидани ин гузориш ин чоро боз кунед: Радио Замона, гузориши вижа)