June 20, 2006

There is no time for depression

می گوید وقتی برای افسرده گی نیست. یعنی وقتی برای قلب نیست؟ وقتی برای اندیشه. وقتی برای گاه گاهی به گزشته نگرستن؟ پس وقت پنهان شدن است در دفتر یاداشت، که باز  فردا وقتی برای ورق زدن دوباره ای آن نمی رسد... گاهی دلم برای زندگانیی ابتدای تنگ می شود. به نظرم همه آغاز ها ساده و زیبایند. اما می داند که زیباترین زیبای انجام زیباست.   

June 18, 2006

Uzbekistan in 20 seconds

Филми чолиберо аз тарики вебгари пайдо кардам. Узбакистон дар 20 сония. Аммо замона зудтар аз он чи мо фикр мекунем иваз мешавад. Дакикан мисли ин ки замони чанги Ирон ва Ирок Омрико дусти Ирок буд ва холо душмани чонии уст. Рузе мерасад, ки ин санги осиё бар сари диктотури мо низ меуфтад. Барои хамин хам даст аз домани Русия ва решахои комунисти намеканад, барои он рузи мабодо... Филмро бибинед, хеч чизи тозае нест, аммо аз чониби дустони хоричии мардуми мо сохта шудааст.

June 17, 2006

Аз Самарканди чу канд

Худуди 7 ё 8 сол ва шояд бештар буд, ки устоди худро гум карда будам. Хазрат Сабохи. Хатман ин номро борхо шунидаед.
Ман ва чанд тан аз чавонони каламбадасти самаканди бо ин ном ба худ савод ва умед ба оянда касб мекардем.

Ин мачмуъа ба дастам расид ва дубора он чехраи ошно ва он симои азизро пайдо кардам.

Холо устод дар Иронанд. Касе агар суроге ва нишоние аз эшон дорад, хохишмандам ки ба ман бинависад. Исми хонумашон Махбуба Неъматзода аст, ки хамчунин шоираи шинохтаанд, шояд барои итминони хотири ошнохо изофа кунад.

Холо пур аз васвосаи баргашт ба Самаркандам ин рузхо. Аввал ин ки омадани хохарам Гулноза ба наздам ва дуввум ин ки  ман дар ин чанд рузи офтобии Ландан пур аз хохиши гармои самарканди шудаам.

Карор буд бо Иброхими Худоёр, тахиягар ва чамъовари ин мачмуъаи шуарои самарканди, дурусттараш Узбакистони мусохибае анчом дихам. Магар ин дусту ошно ва устодонро осон ки дар он гушаи чахони форсигуён пайдо кард?  Ба хар хол, бо арзи сипос ва кадрдони аз захматхояшон барои нашри ин китоб ба Иброхими Худоёр мурочаъа мекунам ва ба ёди он рузхои абрнок ва дар айни хол офтобии Самарканд бармегардам.

Дар ин пайванд аз мухтавои ин мачмуъа метавонед бихонед: Би Би Си Форси-Точики