April 8, 2006

Сайри интернети босафотар шудааст.


Имруз дунболи сойтхои интернетии точики мегаштам, то дилтангии худро бартараф созам. Бо чандин сойтхои чадиде
 ру ба ру шудам, ки маро ба ояндайи пурбори забон ва дунёйи точики дар фазойи интернет хушбин ва хушхол намуд. Ба хусус чавонони точик,   шеваи гуфтор ва рафтори онон аз зуд ва аз дунёи худ ба ман як эхсоси сарбаланди медод.

Ба ин нукта бештар таваччух намудам, ки 5 соли пеш вазъро комилан баръакси он медидам. Ин ки чавонписарони точик дар алока бо интернет ва озодии баён бисёр фаъолтар аз духтарон шудаанд.

Далели он низ шояд ба дарачаи сафархои чавонон ба хорич аст, ки назар ба духтарони точик бештар аст. Чахонбини ва дури аз ватан аст, ки бастагии онхоро ба интернет ва офаридани сойтхои дастчамъи ру оварондааст.

Чавонони худшинос

Чавонони худшинос унвони сойти гурухе аз чавонони точик аз Точикистон аст, ки ман ба шеваи баёни онхо ва бархурдии онон бо чахони берун ва омезиши ин ду дунёи аз хам мутафовит бештар лаззат бурдам.

Ин чавонон шояд зери 30 син дошта бошанд, аммо тачрубахо ва дидахои онон мухталиф ва чахонбини ва дунёгардии онон густардатар аз насли каблии онон аст, ки ин дар навиштахо, дар аксхо ва дар ибрози онон пайдост.

Гарчанд забони шево ва тамизи точикии надоранд, аммо хуш ва натоичи бардоштахояшон чубронгари ин заъфи онон шудааст. Онон комилан омодаи такондодан ва дигаргун сохтани чомеъаи бастаи шудаанд.

Анчуманхои точикони парешон

Насли миёнсоли точик низ дур аз ин имконоти интернети намондаанд. Аммо шеваи бархурди онон аз чавонон фарк дорад, яъне хамон идомаи кор ва назар ва баёнест, ки кабл доштаанд.

Яъне бунёди анчумане ва гурухе ва максадхои сарунукаш нопайдо. Бахсу баёни сиёсате, ки хеч гох дасташон ба домони он низ нахохад расид.

Росташ, дили одам аз ин гуна сайтхои ба кавли инглисихо «олд фашен» гирифта мешавад. Аз ин гуна сафхахои зиёде ки аз дилгиркунандатарин китобхои марксисти ва ё ленинисм мемонад, ки дар замони худ хубу хондани будаанд, аммо холо бояд чузъи торихи гузашта бошанд.

Баъзехо аз интернет ба унвони дафтари кори истифода мекунанд, ки албатта ин хам дуруст ва хуб аст. Аммо касонеанд, ки аз тарики хариду фуруш менасоянд. Аммо барои як равшанфикр, ба хусус барои равшанфикри токчик интернет нашриётест, ки хануз ба он дастраси надорад.

Тарс ва худсонсуркунии нохудогох

Мутаассифона мо точикон аз фазои интернет дакикан ба хамон усул ва суннати рузноманависии худ истифода мебарем. Ин рафтор ба мо хамон дарк ва хамон одатхои дар хуну магзамон чойгиршударо дубора ба хонанда мунтакил мекунад. Мо хануз тарс дорем аз озоди ва озодии баён.

Агар тарс надорем, пас хуш ва зехнияти омода барои чахони чадиди пас аз сусиёлистиро надорем. Ин харфи сахтест, аммо бояд бинависам. Чун шояд худи ман низ ниёз ба ин харфхо дошта бошам, ки гарду хоки кухнаи худро бирезам ва соф ва бегубор гардам.

Ин чо нукта намегузорам, аммо кутох мекунам.
Бештар аз хама сафхаи мушкилоти рузи ин чавонон худогох буд, ки маро бо ин чавонон якдил ва низдик намуд. Мавзуъе мухимтар аз ин акс холо дар чомеъаи мо нест. Мо бояд ба чойи телефонхои хамрох ки ду се дафъа аз доштани як хочатхонайи бо стандант гаронтар хастанд ва обруйе низ ба одам намеоранд, як дастшуйи кобили кабулро дар хонахои худ дошта бошем. Мо точикон магар мехмондусттарин мардуми дунё нестем. Пас чаро мехмони худро бо буйи ганд мехмондори кунем. Ба кавли хохарам, ки бо шухи ва масхара мегуфт, ба чойи ширинии баъд аз шом биошомем. Сахт харф мезанам, на. Мавзуъ чунин аст.
Аз ин пас бояд бепарда ва бепарво аз мушкилоти худ харф занем, чун ин чавонон худшинос бошем ва худро дуруст бибинем ва дуруст бахо дихем. Мушкили мо дар худи мост, на дар сиёсат. Сиёсат бидуни хазина ба дарде намехурад. Сарвати мо дар худогохии ва бедории вокеъии равшанфикрони мост. Ки фикр мекунанд бедоранд, аммо бедорияшон камтар аз бехуши ва ё бегонаги нест.
     

April 8, 2006 2:32 AM
Comments

Jaan shirin,
Taazeh internet peydaa karde-am vali vaqti ke digar baayad be hotel-e digari baravim. Az aanjaa be tu minevisam. Na payaami na sedaayi az man yaa az tu. Dar che haali? Faqat deltang nabaash man aasoode khaaham bood.
Deltang-e tu

Posted by: Sib at April 14, 2006 2:16 PM

Ba tanhaayi aadat kardaam, amma ba a'zaadari na.
Daayi-jaanam fowtida va imrooz dafn kardeand.

Vaqte bargasht, sigaar biyaar, khele beshtar az in ki daarim, niyaaz doram.

Man khoobam, nigaron nabaash.

Posted by: shah at April 15, 2006 12:57 AM

Shahzodayi garonmoya,

bisyor lutf karded va somonai moro dar gushae az somonai khud joy doded. Rosti, sari mo ba osmon rasid.
Dar mawridi navishtahoyaton: Durust ast, ki sayri interneti bosafotar shudaast, ammo mo dar in jodda hamvora qadamhoi nakhustini khudro guzoshtaem. Az in ru, on be kambud nameshavad. Harchand baynamon to hol dukhtare ba hamvandii in anjuman napayvasta ast, nametavon khulosa bardosht, ki dukhtaron nisbatan kamfa'ol shudaand. Agar dur ham narabam, khudi Shumo baroi digaron yak namuna hasted! Daleli safarhoi khorijii javonon boshad, chandon ahamiyat nadorad, chun ki bayni muassison tanho man chandin safarho doshtaam.
Mo to hol 30 sola ham nashudaaem, :D vale buzurgi ba aql ast na ba sol.
Dar mawridi zaboni tojiki, agar moiled, khohish mekunem, bo mo hamkori kuned. Zaboni tojiki yake az mushkiloti umdatarini mo javonon ast. Holo sari chopi yak vojanomae hastem va fikr mekunam, on biduni sahmi Shumo khom mebaroyad. Mo hatto tasmim giriftem, hamon "old fashen"-hoye, ki az kalonsolon ba mo to andozae siroyat kardaast, az khud dur kunem. Vale dar mawridi mushkiloti ruzi javonon sukhanoni Shumo qavikunandai dilhoi mo gasht, moro sherak kard. Mo az in ba ba'd na tanho ba oshkorbayoni kushi khohem bud, balki ba hall kardani in mushkilot puyoi pesha mekunem.
Shodu piruz boshed
va dar panohi Khudo!
Dilshod Oryomanish

Posted by: Dilshod at April 15, 2006 2:23 PM
Post a comment









Remember personal info?