July 30, 2005

به یاد اکبر گنجی

در خانه مردیست

در خانه مردیست
یگانه مرد
که با هزاران اندوه
خاموش
نشسته است

و انعکاس شوعله ی شمعی
در شیشه های عینک نمناکش
آرام - آرام می لرزد

 سکوت تا سقف رسیده است
و از پنجره ها میرود بیرون

و شمع
با پرچمی از شوعله
در دل شب میرود
شهر به شهر
تا دل زندان تاریک
تا آن دل روشن
تا آن قامتی
که ذره ذره می سوزد
و چشم بر دل تاریک زمان می دوزد

July 28, 2005

Танхо бо шаб

(Ба ёди Акбари Ганчи)

Марди ноошно
Бо сигоре норавшан дар миёни лабхои сарди хеш
Кадам занон мегузарад
Бо сари фуру рафта дар гиребон.

Гами у чист?
Ва ёри у кучост?
Аз манзили гарм берун задааст
Ё ба манзили сарди хеш меравад ночор?

Охирин сигор пахш шуд
Ва нигохи шуълавар.

Ба катрахои бепоёни борон менигарам
Ва дакикахои намноки шахри бегона
Ки дар нигохи ман чамъ мешавад.

Гариби дарси хубест
Ки маро тавони ошнойи бо бегонагон додааст
Ба андозае ки хешро шинохтаам.
Ба андозае ки хешро дар кучахои ошно ва азиз
Пора- пора чой гузоштам.

Гармои нигохам дар шахрест
Гармои калбам дар шахре
Ва гармои иштиёкам дар кучахои бегона
Гуму гур аст.

Вакте танхоям
Шуълаи як сигорам орзуст
Шуълаи марги ором-ором
Ки чун дуст бар чони ман меояд
Ва аз шиддати иштиёки дидораш
Мешавад чон супурд
Ва ё аз дидори бисёраш.

Холо медонам
Ки зиндониён зери осмон бисёранд
То пушти дархои сангин
Ва ё дар бандхои сахти такдир.

Ман бо шумоёнам имшаб
Эй мардумоне ки аз рохи хавас
Охиста -охиста чон месупоред
Ва аз рохи нафас
Охиста- охиста шаффоф мегардед.

Касе дар мезанад имшаб,
аммо дер...

July 15, 2005

شیرینی و تلخیهای عبادی

Ширини Ибоди аз маъдуд занони хукукдон ва фаъолини хукуки башар аст, ки кишвархои дар холи тувсеъаи Осиёи Миёна ба шиддат ба касоне чун у ниёз дорад.



Хонуми Ибоди:«То хол хеч сафаре Точикистон надоштам. Аз кишвархои Осиёи Миёна танхо дар Туркманистон будаам ва бо шароити Киргизистон низ каме ошно хастам. Онхо низ мушкилоти худро доранд. Ба хусус занонашон. Ба назарам онхо танхо зохиран озоданд. Аммо дар асл мушкилоти зиёде дар кавонини кишвар ва расму русуми худ доранд, ки бояд ислох шавад."

شیرین عبادی از معدود زنان حقوقدان و فعالین حقوق بشر است که کشورهای در حال توسعه آسیای میانه به شدت نیاز دارد.

Гузорише аз суханронии Ширини Ибодиро дар ин чо аз сафхаи Би Би Сии точики бихонед.

کاش به جای جایزه نوبل کلید طلایی درهای زندانرا به من می دادند، که می توانستم تمام زندانیان سیاسیرا آزاد کنم.   شیرین عبادی

July 14, 2005

Ширин ва Симин


Шаби талх ва ширине доштам. Ширин аз он буд ки аз фаъолияти занони порсигу меболидам ва талх аз он ки паёмашон дарднок ва рохашон дур ба самти орзуву ормонхояшон буд.

Аз Ширини Ибоди ва суханронияш мегуям ва аз дифоъи у аз зиндониёни сиёсии Ирон.Аз Симини Бехбахони мегуям, ки шеъри худро ба хаводорони форсизабони Ланданияш фиристода буд ва Ширини Ибоди онро бароямон кироъат кард. Аз марди гурусна ва зиндони Акбари Ганчи мегуям, ки холо 33 руз аст, ки дар зиндон гуруснанишини мекунад ба хотири озоди.

Озодии ман лаззате надорад ин рузхо. Аз конуни асосии хеш дур мондаам. Калиди тиллоии шеър низ аз даст рафтааст. Ба Симин гуш медихам ва бо вожа ишкварзиданхояшро назора мекунам. Шояд ман низ барангехта шавам...

Подоши ин дилогохи

Эй кош метавонистам, то гул барот бифристам,
Ё бахри рузадорихот нуклу набот бифристам.
Шуридавор имшабро бо вожа ишк меварзам,
То бо дамидани хуршед шеъре сазот бифристам.

Эй кудаке ки дирузат мавкуфи найсаворон шуд,
Акнун ки марди майдони, асбу кабот бифристам.

Иблисро зи худ ронди, аз дил губор афшондй,
Подоши ин дилогохи, шукру санот бифристам.

Эй кош метавонистам бар умри ту бифзоям,

Суят зи ашки худ чоме оби хаёт бифристам.

Эй кош метавонистам шархе ба хун кунам имзо,

Дар тангнои зиндонат хукми начот бифристам.

Ин ногушуда дар рузе бар ту рузе гушуда хохад шуд,

Фарши умед мебофам, то пеши пот бифристам.

( Газал аз Симини Бехбахони ба Акбари Ганчи)