December 29, 2004

Бо таъасуф аз сукути сайти радиои Озоди...

عکس از بی بی سیАз рузи рух додани ин фочиае, ки тамоми дунё аз он мегуяд ва ними дунё аз он дар мотам аст, бисёр дар таъасуфам, ки чаро сайти радиои Озоди-Точики ин хама руз сукут варзидааст. Шояд дар таътиле солинавиянд, ва ё шояд тамоми кувваи кории худро ба барномахои радиои чалб кардаанд, ки хеч аз инхо бахонае нахохад шуд барои худсафедкардан.

Линке радиои мазкурро дар инчо пайдо кунед

Хатто шояд гузоштани аксе ё  хатто хамдардии кутохе хам каме ин холиги ва ин сукути дилнопазири ин сайтро бартараф мекард, то ба таври комил ба вазифаи худ бипардозанд.

Аммо чи гуям... Шояд фардо коре анчом диханд, ки то хол накардаанд, ва ё шояд ... намедонам ва шикоят хам надорам, факат ин аст ки дилам мехост чизе бо забони худ ва дар сайти дустдоштаи худ бибинам. Хамин...

برای خواندن این متن به خط فارسی صفحه را کامیل باز کنید

با تاسف از سکوت سایت تاجکی ردیو آزادی

از روزی که  این فاجیعه رخ داد، چندین روز گذشته است، اما بسیار افسوس خوردم وقتی دیدم سایت تاجکیی ردیو آزادی هیج خبری تا ایمروزاز آن نگذاشته است. آین البته معنای آنرا ندارد، که تاجکان از آن بیخبر باشند، بلکی آن معنارا دارد که کسی مسئول آن یا گروهی بهانه ی بسیار مهیمی داشته اند برای انجام ندادن این وظیفه هم اینسانی و هم کسبیی خویش. شاید در تعطیل سالنوی اند و یا شاید تمام قووه خودرا برای برنامه های ردیوی گذاشته اند، که هیج کدام بهانه نخواهد شد.  

اما چی گویم... شاید این اشتباه فردا اصلاح گردد، ولی دیر...

به این سایت هر روز سر میزنم و در تاجکستان نبودنمرا با خواندن آن کمی جوبران میکنم. از این جاست که دلم میخواهد هر چی زودتر فعالتر گردد و گسترده تر.

لینک ردیوی مذکور را در این جا پیدا کنید 

December 28, 2004

Рузи Мавлуди Исо сол ба сол гаронтар мешавад...

photo from BBC World Service
Як мох кабл хеч иштиёки ба ин кисмати замин бо диккат нигох кардан надоштам. Холо сар ба руи харитаи чахон фуруд овардаам ва хамаи ин китъаро бо ном аз барам, садои мардуми фочеазада ва кудакони ятиму занони мотамзадаро мешунавам. Садои гиряи мардон ба фалак сар задааст. Доги мардуми ирониро дар Бам низ тозатар кардааст.

Дакикан хамин рузи мавлуди Исо Иронро ларзонда буд, холо боз ин китъахои хурду бузургро низ шустааст ва тамоми шодихояшонро бурдааст...

Чи гуна метавонам кумак кунам? Ба атрофам нигаристам ва аз дурбин садои ду кудаки хурдсоли яке аз дустон меомад. Шоду хандон буданд, аммо имруз шояд хамчунон шод намонда бошанд, зеро модарашон ба Точикистон рафтааст, барои ба хок супоридани бародари 20 солаи хеш... Шояд кумак ба ин ду кудак маро аз азоби вичдон берун кашад. Шояд шодии ин кудакон аст, ки ба зиндаги ва шодмони умри дубора мебахшад.

Мавчи гам аз укёнуси Хинд то калби чахониён рох ёфтааст. Нагузорем ки миёни шоди ва зиндагониро бишканад. Аммо чи гуна?

برای خواندن متن با خط فارشی صحفه را کامل باز کنید

یک ماه قبل از این هیج اشتیاقی به این قسمت زمین با دقت نگاه کردن نداشتم. اما حالا به روی خریطه جهان سر فرود  اورده ام و همه جای این قطعه را با نام از برم. صدها مردوم فاجعه زده و کودکان یتیم و زنان ماتم زده را به خوبی میشنوم. صدای گریی مردان به فلک سر زده است. داغ مردوم ایرانی نیز در دل بم تازه تر شده است. 

زلزله دقیقا همین روز مولود عیسی ایران را لرزانده بو
د. حالا  باز این قطعه های خورد و بزرگ را نیز شسته است و تمام شادیهایشان را برده است.

چی گونه میتوانم کومک کنم. به ا
طرافم مینگرم و از دوربین صدای دو کودک خوردسال یکی از دوستانم می اید. شاد و خندان بدند دیروز اما ایمروز شاید همچنان شاد نمانده باشند زیرا مادر شان به تاجکستان رفته است برای به خاک سپاردن برادر بستساله خویش... شاید کومک به این دو کودک مرا از عذاب وجدان بیرون کشد.

شاید شادیی این کودکان است که به
زندگی و شادمانی عمر دوباره میبخشد. کودکانرا بسیار دوست دارم... بسیار. از این خاطیر است که وقتی از این فاجعه ها میگویند من خود را در خاطیره های گوذشته های دور سرسان و سرگردان میبینم. در بم در بسلان در عیراق در افغانستان در تاجکستان و حتا در افریقا احساس میکنم که کودکان در چی حالند و از چی چیزها ارزو میکنند
.

حالا که موج غم طلوع کرده است  دلم  بسیار میخواهد که  نگزاریم تا میان شادی و
زنده گانی را بشکند.



December 25, 2004

Merry Xmass London

Xmass in London


Имруз тамоми таклиёт дар шахри Лондон таътил аст. Шаби Криссмас хамаи кудакони ин шахр ва тамоми Урупо дар руъёи чахони мазхабии худ дар симои Санта Клаус-Бобои Барфи дар дил орзухои афсонави мепарваранд. Танхо чизе ки кам аст, барф аст. Дар Ландан хеле кам пеш меояд, ки дар шаби Криссмас барф борад. Аммо дар Скотланд мисли хамеша барфи бисёр борид. Барфе ки касро ба он хисси афсонавии шаби ялдо ва шаби руйоб омадани орзухои кудаконаи мо наздиктар месозад.

Ин рузхо дар кучахои ин шахри гуногуннажод чизе ки бисёр ба назар мерасад Бобои барфи аст бо киёфахои гуногун: чини, африкои, хинди ва осиёи ва г.. Аммо чизе ки ба назар намерасад, барф аст. Барфи сафед ва садои оромбахши он зери кадами рахгузарон.

Ин Бобои барфи низ руи пули маъруфи Ландан дар оромиши шаби Криссмас шояд дар дил орзуи барфи сафед ва тулонимуддате дошта бошад.

Ба хар хол, ба хамаи дустони масехии хеш, ин шаби азизро табрик мегуям.  

December 23, 2004

Иржи Бечка хам даргузашт

Сари субх компутерро равшан кардам ва хабаргузорихоро мурур. Хабархои бад ва озуранда мисли хамеша бештар аз хабархои хуб буданд. Аммо радиои Озоди хабари сиёхе дошт: Иржи Бечка аз олам даргузашт....
Иржи Бечка, акс аз Мехдии Чоми
Холо ки боз дубора пушти кампутер нишастаам, ду руз гузаштааст, аз он ки Иржи Бичка аз донишмандон ва пуштибонони забони точики дар чахони хорич дигар хаёт нест. Ин мард ки ман уро чун устодам шодравон Раззок Гаффоров аз сутунхое сарбаланди илми забоншиноси медонам, хамчун бисёре аз донишмандони дилсуз ва пуштибони забон ва адаби точик даст аз сари ин забон ва миллат бардошт ва окибат ором гирифтанд. Майдони забоншиносии точик дигар ба марзи ороме мемонад, ки иттифоки мухимми илми дар он кам рух медихад ва танхо марги нобахангоме онро ба чунбиш меорад ва боз ором мегирад. Чи дар дохили кишвар ва чи дар хоричи Точикистон вучуди ин мардони дониш ва суннати устувори забоншиноси руз то руз кам мешаванд ва дар ин даврони мухимми тачаддуди забоний забони точик забондонони хешро мураттаб аз даст медихад ва касоне сари кор меоянд, ки тачрубахои нокофи доранд ва ё шогирдони ин устодонанд...

Чанд руз аст, ки факат хабари бохтан ва талафот аз ин майдон меояд. Дар назарам чунин мерасад, ки гуё ба майдони илму хунар дигар касе ворид намегардад, чуз барои бардоштани пои тобути устоде.  

Гузориши Сайти Би-Би-Си Форсиро дар ин чо бихонед.  

December 16, 2004

Бозор Собир ва муштокони хайрони у

Имруз дар сайти точикии радиои Озоди гузорише аз баргашти Бозор Собир ба Омрикоро шунидам ва хостам онро ин чо биоварам то шумо низ бишнавед. Руи хамон хати сурхтоб нохун занед, то бишнавед. Чолиб аст. Мисли хар суханронихои Бозор бозорист.

Аммо умедворам, ки дар Точикистон мурданам хайф гуфтанаш тарки у ё ба истилох ругардонии у аз ватанаш набошад. Устод шеър хуб мегуянд, аммо бехуда дар пои сиёсат ва торих мепечанд, зеро худо ин ду хунарро ба эшон надодааст. Дар Душанбе ки будам, маколахояшонро дар рузномахо мехондам ва афсус мехурдам. Холо ин чо на, дар ягон мавриди дигар шояд дар хузури эшон рочеъ ба сабк ва усули маколанависии эшон сухбат мекунам. Сабки хоссе аст албатта. Ман онро суистифода аз озодии баён меномам.

Ин танзро ин чо бадохатан пас аз навиштани он сатрхои болои навиштам, шояд то рузи дигар онро дасткори кунам ё аслан аз ин чо бардорам, аммо холо дилам мехохад ин чо бошад:
(Танзе холис аз назароти сиёси ё хар гуна хусуси барои сафари  Бозор Собир ба Омрико ва мусохибаи у бо радиои Озоди.)

Боз мерави
Ва шиоре* бар гардани хеш гузоштаи 
Ошиконатро куштаи
Тушаат* як бухча* чамок*
Мерави аз ин кишлок*
Бар лабат нест чуз  ин паём
Ку дилором, ку дилором?
Каъбаам  бахри Ором*
Каъбаам бахри Ором...
____________________________________
*чамок дар лахчаи чануби яъне чахормагз
*Бозор Собир Точикистонро кишлок мегуяд
*бухча яъне баста, банди сафар
*туша яъне банди сафар, дастовез
*Бозор Собир гуфтааст, ки барояш мурдан дар укёнуси Ором бештар шараф дорад, то дар Точикистон-"Чое ки гирам ором-Укёнуси Ором"-ибора аз Бозор Собир

December 14, 2004

Махатма Ганди

Хамин алъон филми Richard Attenborough Ганди (барандаи чоизаи Оскар) -Gandhi (His triumph changed the world forever)ро то охир бо диккат тамошо кардам. Ва дубора мутмаин шудам, ки мо дунёи худро бояд бо дастони худ ва бо мухаббати худ иваз кунем. Чун хама медонем, ки дар мо чизе хаст ки на худ аз он рози хастем ва на дигарон меписанданд. Масалан расмхои нозаруре, ки мардумро, мардуми оддиро ба дури ва бехабарии том кашидааст ва солхо ичоза додааст, захмати зиёд ва бехуда бикашем ва сари чизхои камандешона даври худ бичархем ва ба чое равшантаре нарасем.

Ин филм дубора бовари маро ба кудрати инсон ва кудрати фард баргардонд. Ибтикор ва пуштикор дар тасмимхои дуруст ва сиёсатмадорона ва вокеъбинонае, ки халкро бар эътимоди аз дастрафтааш баргардонад. Хакки худро аввал бишносад ва баъдан биталабад.

Дуввумин чизе, ки ба ёдам расид, ин буд ки мо точикон иштиёки тамошои филмхои хиндиро пас аз ошнои бо Ганди ва хисси миллии у пайдо кардем. Аммо он кадар хушком набудем, ки филме аз зиндагии уро ба ин хуби ва зебои бибинем ва назархои худро нисбат ба имрузи хеш дубора биандешем. 

Аз худ даххо маротиба пурсидам, ки чаро Телевизиони Точикистон то имруз аз ин филм дубла насохтааст, ё хатто бо зерхат онро намоиш надодааст? Таачуб мекунам аз он сафоратхонаи давлати Хинд ки чаро ин корро ба мо пешниход накардааст? Маълум аст, ки ин кор дар чахорчуби кудрати моли ва барномахои фархангии онхо мегунчад. Шояд андешахои танбалона ва камдоманае анчом шуда бошад, аммо хабаре ба мо нарасида. 

Кош ин филмро зудтар дида будам, кабл аз бахори соли гузашта, зеро дар Душанбе бо сафири Хинд дар Точикистон фурсати ошнои доштам ва метавонистам ин пешниходро барояш пешкаш кунам, ва хатто дар зерхат навиштанаш хозирам хамкори намоям... Хуб, барои соли оянда агар худо моро хамчунин сарбаланд ва сарфароз гузорад ва боз каме дасту боли озодтаре бидихад, як сар ба сафорати Хинд мезанем. 

Ошнои бо Хинд ва торихи чадиди он барои мо точикон бисёр мухим аст, зеро дар бисёр чихат мисли хамастем. Аммо мо точикон камбахттар аз Хиндиёнем, аз бас касе чун Ганди сиёсатмадореро надоштем.  

December 9, 2004

Аз Самарканди чу канд

                         Нигохе ба шеъри муосирии Узбакистон

Доктор Иброхими Худоёр дар маколаи худ, ки дар сайти Фарханг ва Пажухиш ба табъ расидааст, тахкике аз торихи баъд аз инкилобии шеър ва фарханги форси дар Узбакистон намудааст, ки чолиб донистам онро дар сахфаи худ чой бидихам.

Маколаи мазкурро аз сатри зер пайдо кунед.
Сайти итнернетии мачаллаи
Фарханг ва пажухиш

Албатта шояд нашавад ба хамаи назари у рози буд, аммо умдатан дуруст ва санчида гуфтааст. Доктор Иброхими Худоёрро бори аввал дар Самарканд дидаам, он замон масъулияти ройзани фархангиро дар сафорати Ирон дар Узбакистон ба ухда дошт. Марди донишманд ва дурандеше мебошад, ки хамчунин дар баробари андешаи вазоифи худ ва нигаронихояш аз давлати Узбак мо донишчуёни ташнаи кутуби форси ва адабиёти муосири ирониро гох-гохе чанд бо маводи фарханги таъмин менамуд. Камина шахсан нашри муътабар, яъне чопи сифати олии девони Хофизро аз тарики эшон сохиб шудаам.

Умедворам ирониёни донишманд ва дурбину дурандеш ба амсоли эшон бозхам ру ба омузиши бештар аз Осиёи Миёна намоянд, то аз вазъи имрузии мо ва заъфу ниёзи бештар огох гарданд. Мо точикон, ки хануз дар муаррифии комил ва дурусти хеш ба хоричиён ва хатто хамзабонон камтачрубаги ва дасткутохи мекунем. Чи кабул фармоем ва чи на, мо точикон аз хар чахор тараф канда ва дур мондаем. 

نگاهي‌ به‌ شعر معاصر فارسي‌ ازبكستان‌  
از سمرقند چو قند


دكتر ابراهيم‌ خدايار