October 26, 2004

Шеъри Афгонистон, Точикистон ва Узбакистон дар макоме нестанд ки дар канори шеъри муосири мо карор бигиранд..." (Мухаммад Хукуки, Ирон)

Ба накл аз "Себистон"-и Мехдии Чоми:  дар 20 октобри соли чори чавоб ба гузориши хабаргузории ИЛНО, ки линки онро инчо пайдо мекунед:محمد حقوقی

خودمحوری روشنفکر ايرانی:
محمد حقوقی در گفتگويی به مناسبت همايش شعر معاصر فارسی در ايران که درآن شاعران فارسی زبان غير ايرانی هم شرکت دارند گفته است: شعر تاجيکستان و افغانستان و ازبکستان اصلا قابل مقايسه با شعر ايران نيستند و در کنار هم قرار گرفتن شاعران اين کشورها اصلا سودی برای شاعران ايران در بر نخواهد داشت.

جنابشان به قول ايلنا در ادامه تصريح كرده اند: شعر افغانستان، تاجيكستان و ازبكستان در مقامي نيستند كه در كنار شعر معاصر ما قرار بگيرد چه برسد به اين بخواهد ابراز وجود كنند. پايان نقل از ايلنا

فکر کردم درست که ما جماعت ايرانی گاه خودمحور می شويم ولی وقتی آنها که روشنفکر ناميده می شودند خودمحوری پيشه می کنند دردناک تر می شود و عمق بی خبری مغرورانه ما و آقايی فروشی ما را فاش می سازد. 

آقای حقوقی چنان ايران را محور جهان فرض کرده اند که هم به خود حق می دهند از ادب فارسی زبانان غير ايرانی با تحقير ياد کنند و هم يکبار به ذهنشان نيامده که فرض کنند اگر اين مملکت گل و بلبل دارای مقام متروپل زبان فارسی است چه عيب دارد که رسم عاشق کشی کنار بگذارد و کمی هم از اين عاشقان خود دلجويی و غمخواری کند.

سوال من اين است که آخر برادران مگر هميشه بايد "سود" ما مطرح باشد؟ و اين ما يعنی چه کسانی؟ چرا نبايد سود "زبان فارسی" را در نظر بگيريم؟ آيا اگر رفت و آمدهای فرهنگی با شاعران و اهل ادب تاجيک و افغان و ازبکستان و هند و پاکستان و ترکيه و مصر و کجا و کجا به سود ما و رفقای ما و دار و دسته ما نبود بايد آنرا تقبيح کنيم؟ سود زبان فارسی را کجا محاسبه می کنيم؟ حالا اگر يک بار هم "ما" به ديگر فارسی زبانان سودی برسانيم و از آنها حمايت کنيم تا فارسی در بيرون از ايران نميرد عيبی دارد؟ چرا چنين چشم تنگ شده ايم؟
 پدران ما که فارسی را تا چين و شمال آفريقا رساندند همين قدر جهان شان تنگ بود؟

October 25, 2004

Сафари Ирон

Чанд вакт буд, ки Нурали мудири чадиди рузномаи "Точикони Дунё" бо хамрохии Фарзона хонум ба Ирон сафар карда буданд. Барои чашни шеъри форси ё чизе дар робита бо шеър ва адабиёт, ки ман иттилоъоти бештар аз ин надорам.

Хушхол будам, ки Фарзона хонум аз он мухити танги хонавода бо ин бахона то чанд муддат рахои меёбад.Чунон ки худаш вакте дар Хучанд дида будамаш мегуфт, сафар барояш мухим аст. Ман мегуям сафар барои хама мухим аст, агар талоши худшиноси ва дунёшиноси дар кор аст.

Имруз ки ба модар ба Самарканд занг задам, мегуфт Дилшода аз сафари Ирон баргаштааст. Худ ба худи бо ин хама иттилоъоти каме ки дар даст доштам ба худ фикр кардам, хатман барои хамин чаласа ва чамъомад даъват будааст.

Дилшодаро хеле дуст дорам барои хузни модарзодаш, барои табиати ором ва таслимияташ ба такдир. Барои талоши беандозааш ба шеъргуфтан ва офариниш.

Интизори номае аз ин дустон хастам, то тачрубахояшонро бо ман ба хам бинанд. Аз Ироне ки ман хануз бо чашми басар надидаам, бигуянд ва бинависанд.

Намедонам чаро ёди Самиро Махмалбоф кардам, ки мусохибаашро аз радиои Озоди бахши точики шунидам. Шояд таззоди байни дидори Дилшода аз Ирон ва дидори Самиро аз Точикистон аст. 

Ва ёди сафари Ахмади Дониш кардам, ки аз кохи императури Русия дидор мекунад ва дар шархи занони рус ба амири Бухоро ононро ба фариштагоне шабех мекунад ки шабхо бо либоси сафеди ба фаршхои чун оина мучалло овезон дар базми ашрофон пайдо мешуданд ва рузона аз назархо топадид мегаштанд... Аммо холо мо точиконро чизе ё чое нест ки ба ин хад дар хайрат ва тааччуб гузорад. 

Ба назарам мо точикон дар ин аср тамоми сифоти бихишти ва дузахвори хастиро тачруба кардем. Танхо чизе ки тачруба накардем осоиш ва оромиши зехни ва равони ва аклии мост.
Замони бедории мост ва шинохти дуруст ва пазириши хушёрона...

October 13, 2004

Буи хуши зира ва палави Самарканди

Dilshod, by Mehdi Jami
Дилшодро бори аввал дар Ландан дидам. Дар яке аз дарсхои инглиси дарро боз кард ва ба дохил омад. Дар миёни он хама хоричи ва он хама бегоназабонон симо ва нигохи точиконаи у барои ман  бисёр  нишотангез буд.
Ман он руз мисли хамеша ба дарс дер омада будам ва назди дар нишаста будам. Канори ман сандалие холи буд. У хам омад назди ман нишаст ва чашм ба устод афканд то уро ба хама муаррифи кунад.
Ман пешдасти кардам ва гушаки пурсидам:
- Шумо аз Узбакистон хастед?
-Бале.
Аз садояш ва симояш нишонахои ширини ватан хувайдо буд ва нигохаш метавонист факат самарканди бошад.
-Аз Самарканд?
-Бале. Шумо?
-Ман хам...
Устод сухбати моро бурид ва мо ба хамдарсихо пайвастем. Аммо баъд аз дарс бо у бештар ошно шудам. Гуфт дар Донишгохи Вестминстери Тошканд мехонад ва омада то дар тобистон бо фарханг ва мардуми Лондон ошно шавад. Вестминстер (Westminster University) аз муътабартарин донишгоххои Инглис аст, ки чанд сол аст дар Тошканд низ шуъбаи худро дорад.

Карор аст Дилшод хамин рузи шанбе (16.10.04) ба Тошканд ва ба дарсхои аслии худ баргардад ва ман онро ба мехмони даъват кардам. Вай хам кабул кард, аммо бо шарте ки вай оши палави самарканди пазад. Ман бо хушхоли кабул кардам, чун худ наметавонам ин бехтарин хурдании точикиро бо хуби бипазам. Dilshod, by Mehdi Jami, London 2004

Бо дидани Дилшод хеле иттилоъот аз чавонони имрузии точик гирифтам. Дар у медидам, ки бо омухтани забонхои хоричи ва ошноии амик бо фархангхои мухталиф уро ба фарханг ва мардуми хеш наздиктар намудааст ва бо чашмони боз тасмимхои мустакилона мегирад ва дилаш барои дунёдидан ва дунёшинохтан хамеша пар-пар мезанад.

Дар у суннатхои точикиро омехта бо модернита ва имрузигарои медидам. Дар 19 солаги хам фотошоп (photoshop) ва хам бо филм (film editing) ва хам бо забонхои фарханги гайр ошност. Чизе дар у дида мешуд, ки маро дар хисси гунох гузошта буд. Сухбат бо забони ноби форси-точики. Дусти ман Мехдии Чоми ки дар ин шаб бо мо буд ва ин ду бо забони инглиси бо хам сухбат мекарданд. Зеро Дилшод бо лахчаи форсии Мехди ки эронинажод аст дуруст мутаваччех намешуд. Ва Мехди низ фурсатро аз даст намедод ва дунболи пайдо кардани калимоте буд ки  хосси лахчаи Самаркандиёни шахрнишин аст ва талош мекард торихи омезиши ононро ба мо шарх дихад. (Масалан: сони; аммо маълум шуд ки хам самаркандиён ва хам машхадиён ба оши орд "лахчак" мегуфтаанд. Ман намедонистам, аз модар ё модарбузург бояд пурсид.)

Аммо Дилшод аз хар имконоти мавчуд дар кишвари худ истифода карда буд ва омухта буд. Чизе ки наомухта буд ки он фарохам набуд. Яъне насли бузургсол дастовардхои худро тамому ночакон ба насли чадид расонида натавониста буд.

Дар калбу идроки насли чавон як холиигии амик аз забону фарханги форсии точикии мебинам, ки гунохи он ба гардани ахли илму фарханги мост на таксири ин чавонони боистеъдод ва пурталош ва баландпарвоз ва дурбин. Чи кадар ин тафовут бештар ва бештар меафзояд ва дурии байни ин наслхо ба солхо ва солхо мерасад.

Ман худро дар байни ин ду насл: зери 20 сола ва боло аз 40 сола мебинам. Аммо  аз лихози дониш, тачруба, имконот, назар ва самти чараёни зиндаги хеле бештар наздик ба чавонон.

Палави Самарканди
Дилшод ба ман пухтани оши палавро ёд дод ва пора кардани (ё ба кавли кухистониёни Самарканд реза кардани) сабзиро, ки ман ба суръати кори у бо дахони боз ва каме нигарони менигаристам, "худо накарда дасташро буррад!"

Аммо палави хушмаззае ба бор омад, ки барои ман хушмаззатарин таъми оше буд, ки дар ин солхои гурбат хурдаам. Чои палави модарам ва дастархони хонагиамон албатта дар дилам холи буд. Хусусан сабзии сурх ва буи хуши зира тамоми руз маро ба Самарканд бурда буд.
 

 

October 5, 2004

Созу овози Осиёи Миёна дар Ландан

 Шахзода Назарова

Барои аввалин бор гурухи бузурге аз овозхонон ва навозандагони шинохташудаи Осиёи Миёна дар Ландан як барномаи хунарии муштарак ичро карданд.

Ин барнома дар Теотри бузурги уперои Ландан мавсум ба London Coliseum, ки яке аз муътабартарин ва бузургтарин бинохои теотрии ин шахр аст, ба химояти Бунёди Огохон ва як бунёди мусики ба номи О2 баргузор шуд. Хузури шахси Огохон - рахбари исмоъилиёни чахон низ намоёнгари алокаи вижаи Бунёди Огохон ба фархангу мусикии Осиёи Миёна буд ва ин амр теъдоди хар чи бештари исмоъилиёни мукими Ланданро ба тамошои ин кунсерт чалб кард. Дар бинои бузург ва бошукухи Теотри Миллии Ландан, ки хамвора махалли баргузории намоишхои клоссики уперои инглиси будааст, он шомгох бо навои хазини Шашмаком ва суруди шурангези марвигии Бухоро, бо найнавози ва достонхонихои шоду андухгини киргизиву казоки, бо таронахои дилнишин ва оханги табли афгони ва муночоти озарбойчони ва доираи барангезандаи бадахшони пур шуд



Худуди чихил нафар устоди хунар, ки аз кишвархои Осиёи Миёна ба изофаи Озарбойчон ва Афгонистон чамъ омада буданд, омезае аз маъруфтарин сабкхои овозхони ва ракси кишвархои хешро ичро карданд. Хамчунин таррохи ва интихоби либосхои хунармандон, ки омезае аз урфу одатхои имрузиву кадимии кишвархояшон буд, таваччухи хозиринро ба худ чалб мекард. Хар гурух тиккахое аз охангу суруд ва ракси мардуми ва дарбории хешро бо либосу ороиши хос ва созхои мусикии гуногун ба ичро гузоштанд. 
  
Ба номи худо


Намояндаи Озарбойчон Олим Косимов мачлисро бо азон шуруъ кард. Вай ба мохи мутахаррики руи сахна, ки бо имконоти роёнаи (компютери) тархрези шуда буд, ру овард ва садои дилнишини худро рахо кард. Дарёи обии роёнаи хам охиста ва бо мароми оромбахши азонхонии у мавч мезад. Олим Косимов аз овозхонони классик ва маъруфи озарист, ки дар ичрои баъдии ин мачлис уро ду нафари дигар низ бо овозхони ва дафнавозии хеш хамрохи мекарданд. Чун мохи сахна ба хуршеди пурнур табдил шуд, устод Косимов бо Фаргона Косимова тиккае аз «Лайли ва Мачнун»-и Фузулиро дар сабки макоми шурангезу ошикона ичро намуданд

Достони кахрамонии Манас


Вакте ичрои озарихо ба поён расид, намои сахна чун панчараи бузурге ру ба дашти бепахнои киргиз боз шуд ва чодари танхои чупоне бо дудкаше борик, ки аз он дуд чун нишонаи зиндагони дар домани куххои Тиён-Шон сар ба осмон мекашид, зохир шуд. Гурухи «Тенгир-Ту» аз Киргизистон вориди сахна шуданд. Нурлонбек Нишонов, Гулбара Байгашкаева, Зайниддин Имомъалиев, ва Кенчекул Кубатова, Асилбек Насирдинов ва Азамат Отунчиев руи сандалихои нимгирд нишастанд ва шуруъ ба чангнавози ва найнавози карданд. Ичрои мохиронаи онон рухи дашти ва доманкухии ин мардумро бар дилу дидахо чо мекард. Рузбек Чумъабоев, ки либоси музайяне чун чанговарони даврони Манас ба бар дошт, чахорзону васати сахна нишаст, то бо хамон тарзи кадими достони набардхои Манас бар зидди истилогарони хоричиро кироат намояд. Бо кулохи разми дар сар ва комати баланд гуё Манас буд, ки боз гашта буд, то бо забони худ аз худ хикоят кунад. Ва най ва чанг рухи пурормони нажоди Манасро бо сарохати том баён мекарданд

Санами уйгур


Куллахои Тиён-Шон ва домани фарохи он дар сахна пайдо буд ва гохе паррандагон бар фарози он парвоз мекарданд. Дар майдон гурухи хунармандони казок, карокалпок ва «Санам» - дастаи хунарии уйгурхо бо созу суруду ракс ва либосхои мутафовити мардумии хеш ба тамошобинон гувохи аз гушаву пахнохои камшинохтаи Осиёи Миёна медоданд. Улчон Бойбусунова бо либоси шохдухтарони казок тор ба даст овоз мехонд ва дар ичрои у руху атвори як шохдухтари далер ва асбсавори казок хувайдо буд. Ин гурухи нухнафара бо махорати тамом намунахоеро аз суруду мусикии дарбориву омиёнаи мардуми хеш ичро карданд ва Нозугум Аюбова хам бо ракс ва хам бо овозхони ва хам бо торнавозии хеш аз занони пурчуш ва боистеъдоди Осиёи Миёна шаходат медод

Фигоне афгони


Дар сахна равзани утоки афгони ва дар гушаи он чароги чодуи Аллоуддин пайдо буд, ки шуълаи нозуке дар он медурахшид
.Намояндагони Афгонистон, хамсояи чанубии Точикистон, ки иборат аз устодони шинохташудае буд, ба монанди Хумоюни Сахи (рубоб), Гулом Хусайн (танбур), Рахим Тахори(гижак, дутор ва овоз) ва Мухаммад Вали Набикул (табла) вориди майдон шуданд ва руи замин ба хамон сабки афгони чахорзону заданду ба болишхо такя доданд. Садои гушнавози таблу тори афгони ва таронахои шоду ошиконаи мардумии он косидони хушнаво ва хушсарои сарзамини Афгонистон буданд, ки дунёи хорич дер боз ин чанбаи фарханг ва зиндагонии мардуми афгонро аз ёд бурда буд. Гарчи дар ин чамъ намояндагии Ирон хузур надоштанд, устод Рахими Тахори бо ичрои газале аз Саъди - шоири овозадори клоссики форсизабон чои холии устодони ирониро то хадде пур кард

...Дур машав, дур машав


Куххои Помир ва паррандагони баландпарвози он дар сахна намоён шуд ва намояндагони кухистони Бадахшон - Хакназар Алаватов ва Сохиба Давлатшоева ичрое аз охангу суруд ва ракси бадахширо ба нахви ахсант анчом доданд. Садои пургурури доираи бадахшони ва ракси Сохиба бо дастони чун боли укобон бози хеш ва чарх заданхои у далели фалсафаи амик ва дар айни хол содаи куххои Помир ва домани он буд. Оханги рубоб ва доираи бадахши бо суруде хамрох буд ва газале аз Руми "Дур машав" ва газале аз Лоик суруданд, ки боъиси ташвику каф заданхои тулони ва сут (хуштак)-кашихои бинандагон шуд

 Шашмаком ва дунёи хамсони точику узбак


Сахна аз Манори Калони Бухоро ба худ коб гирифта буд ва аз дури намохое аз шахрхои Самарканду Бухоро низ бо гунбадхои хамсони хеш ба назар мерасид. Гурухи омехтае аз хонандагон ва навозандагони точик ва узбак ичрои худро аз Шашмаком огоз карданд ва газали машхури Хофиз «Агар он турки шерози ба даст орад дили моро» дар толори пуршукухи Ландан танинандоз шуд. Барнома бо суруди шоду пурсурури марвигии Бухоро ва бо хунарнамоии раксандае бухорои анчом ёфт

Се соъат, албатта, фурсати кофие нест, то бишавад мардуми камошно ва ё комилан ноошнои хоричиро бо фархангу мусикии мардуми гуногуннажоди Осиёи Миёна ва хам бо овозхони ва хам бо ракс ва хам тарзи ороишу либоси вижа ва мутафовити онон ошно намуд.

Аммо даст заданхо ва истикболи гарми тамошобинони хоричи, ки бештар исмоъилимазхабони шахри Ландан ва мехмонони баргузоркунандагони ин мачлис буданд, далели комилан баръакси он буд. Истикболи хозирин аз хунармандони зан бештар буд, ки бархе аз онон гах тор менавохтанд ва гах овоз мехондонанд ва гохе хам мераксиданд.

Хамчунин ороиши сахна, ки кори ороишгари маъруф ва наккоши фаронсави Мишел Жефренно буд, аз тахкик ва алокаи бисёри у нисбат ба фархангу хунар ва чугрофиёи Осиёи Миёна далолат медод. Сахнаи намоиш бо ду экрони телевизиюнии бузург, ки бо истифода аз чадидтарин имконоти компютери таррохи шуда буд, фазои зиндаеро аз мардуми ин китъаи дунё фарохам мекард, ки бешак кобили тахсин аст

Бо вучуди ин хама барномарезихои чидаву санчида ва захмати зиёди баргузоркунандагон ва издихоми касногузари тамошобинон дар рохрав кас зуд мутаваччех мешуд, ки ин намоиш танхо насиби ононе гардидааст, ки алокаи шахси ба Осиёи Миёна доранд ё иртиботе бо исмоъилиёни Ландан. Аз ин руйдоди мухимми фарханги на таблиготи густардае дар матбуъоти Ландан анчом шуда буд ва на филмбардории дохилие ба назар мерасид. Ва ин хама ранг ва садохои шурангези гушаи камошнои Осиё дар зери хамон гунбади Лондон Колосиум махдуд монд. Харчанд фурсат барои таблигу муъаррифии пурдоманае муносиб буд ва метавонист бар теъдоди тарафдорони ин фархангу мусики дар байни инглисизабонон бияфзояд

Ин гузориш каблан дар сахифаи Би Би Си ва бо аксхои интихоби дигар нашр шудааст.

Навиштаи Мехди Чомиро аз ин мачлим дар ин чо бихонед

Гузориши Дориюши Мухаммадпурро дар ин чо бихонед