September 29, 2004

Зани Самарканди дар соли такрибан 1910

Samarkand woman400.jpg

September 23, 2004

Сабки зиндагонии ягона ва аммо дардхои гуногуни точик

Хамеша назароти хонандагони худро бо диккат мехонам. Мо точикон мисли оина мемонем, то лаб боз кардем, гаму ормони худро ошкор мекунем ва аслан касди пинхон кардани онро надорем. Шояд барои хамин ман миллати хешро беандоза дуст дорам. 

Хушхолам, зеро мебинам насли чадиди точик бо суръат забонхои дунёро аз бар месозад ва бо имконоти текнолочи ошно мешавад ва хеле хам сафардуст ва ахли дунёгарди шудааст. Мухити солхо истодаро кам-кам ва боэхтиёт ба харакат меоварад.

Ва беш аз хама аз риск кардан ва худро дар хатар андохтан намехаросад. Чун медонад, ки чизи зиёде ба мерос нагирифта то аз даст дихад. 

Холо насли чадид дигар барои тахсил танхо ба Душанбе намераванд, балки ба Эрон, Туркия, Хиндустон, Жопун, Омрико, Урупо, Москов, Казокистон ва бисёр кишвархои дигар сафар мекунанд. Зеро огох аст, ки ватан барояш дар чахорчуби хурди Точикистон махдуд намешавад. 

 Ин назархоро ин чо амдан пахлуи хам гузоштам, то хуб казоват кунем, ки бовучуди ин хама пешрави, мо точикон сол то сол дар махал ва шахрхои гуногун бо мушкилоту акидахои гуногун парокандатар ва дуртар ва танхотар мешавем.

Бухоро дар инзивои худ махзунона гарк мешавад, Самарканд парокандатар ва сабукбортар аз лихози адабиёт ва фарханг ва Точикистон аз мавчхои зиёди чадидворид дар такопуст ва аз як сохил ва сохили дигар мезанад...

Умедворам, ки ба ин хохишхои хонандагони сайти ман касони огохе пайдо шаванд ки битавонанд посухи муносиб бидиханд. Ман ки худ дар мусофирати дарозмуддате дар Ландан хастам ва барои ман душвор аст то ба баъзе аз ин дархостхо посухи муносиб бидихам. Аммо Бухоро масъалаи чудогона аст, ки дертар ва муфассалтар хохам пардохт.

Бо эхтиром ,
Шахзодаи Самарканди


***


Салом ба ахли точик! Салом ба ахли точдор!!!
Ман аз Бухоро Шариф хастам. Забони точики ин забони модарии ман низ мебошад. Дар Бухорои Шариф мактабхо ва олигоххои  точики баста шуда истодааст. Ба ин сабабхо бисёранд лекин асосан норасоии материалхои дарсй (китобхои дарсй) гуем хато намешавад. Ман мехохам ки ин муаммохо бартараф карда шавад
Зариф аз Бухоро.

***

  Ba nomi hastiofarin.     Bo durud!
SHahzoda-khonim! Az didgohi man ontavr,ki shumo
guftaed chandon ham durust nest. Bardoshti man az sukhanoni shumo chunin ast,ki guiyo adiboni mo beshtar va boiddao ba she'r tavajjuh dorandu
anvo' va ashkoli digari ejodu ofarinishro hatto
inkor mekunand.SHoyad dar miyoni Tojikoni Uzba-
kiston chunin boshad,vale dar TJK dar chand soli
okhir peshrafthoe shudaast va dar janbahoi mukh-
talifi ejodi adibon khub fa'oliyat mekunand,sarfi nazar az inki onho az kujo mutaassir meshavand.
Holo avvali roh ast va bo sipari shudani ruzgore
hamaash khub meshavad.Man ba nazdiki yak kitobe
dastrasam gardid,ki voqean az mutoliai on sakht
khushhol shudam.Nasre bisyor shevo dorad va matni
adabii bisyor mantiki,ki hamash halovat burdam.Kosh safi inguna navisandagon biafzoyad va
dilhoi mo oshiqoni adabu hunarro khushhol namo-
yand.Navisandai in kitob Qodiri Rustam bud va KHu-
do ajrash dihad ,in ki mo oshiqoni tashnaro khursand namud.SHoyad ba shumo ham nomi kitob va  adresshosha diham khub boshad;NOMI KITOB-(RUDAKI,
FAROMUSHI,CHINGIZKHON VA KHAR) va dar shahri Almati chop shudaast.Agar shumo ham baroi khud in
kitobro tahiya kuned burd khohed kard va khele
khushhol khohed shud.
       Bo ehtirom Rustam-22 sola.
    Solamro baroi on navishtam,ki bidoned man chandon tajribai ziyode dar ikhtiyor nadoram va shoyad
dar nigorishi in  noma va  bayon kardani manzuram dar qolabi jumalot duchori ishtibohhoi gunogune shuda bosham.
Рустам

***


... ман аз номи студентхои Петербург ба шумо аввалан салом мерасонам ва аз шумоен хохиш мекунем ки ба моен хабархои рузномаи "Тоджикони Дунеро" мерасондед, мо аз шумо хеле шод мешудем.
 Хайр бо шумоен ...
Бахром

September 16, 2004

Харос аз сайтхои озодиталабон

Сайтхои интернетии "Имруз", "Бомдод" ва "Руйдод", ки аз сайтхои хаводорони райисчумхур Хотами хастанд аз тарафи Кози Муртазави аз мухолифони райисчумхур баста шуданд.

Ин чо дар матни зер яке аз саршиностарин веблогнависони эрони Хусайни Дурахшон пешниход кардааст, ки тамоми веблогнависони форсизабон рузи душанбеи оянда матолибе аз он сайтхоро, ки акнун ба хоричи кишвар мунтакил шудааст, дар веблоги худ чой диханд.

Ин хам гузориши Би Би Сии форси аз баста шудани ин сайтхо.

پيشنهاد حمايت از سايت های اصلاح طلبان:
جنگ تمام عیاری که مرتضوی با اینترنت شروع کرده
آخرین جنگ او است که اگر آنرا برنده شود، دیگر اثری از آزادی بیان در سرزمین ایران نخواهد ماند. اما خوشبختانه ما می‌ توانیم به کمک همدیگر به آسانی او را شکست دهیم.

او می‌خواهد صدای وب‌سایت‌های اصلاح‌طلب به گوش کسی در داخل ایران نرسد و اگر از پس این کار برنیاید شکست خورده است. پس بهترین راه کمک به این موضوع پخش کردن خبرهای وب‌سایت‌های امروز و بامداد، به هر شکل ممکن، است. ساده‌ترین راه آن کپی و پیست کردن عین مطالب آنها یا برگزیده‌‌شان در وب‌لاگ خود است که می‌دانم ممکن است برای وب‌لاگ‌نویسان شناخته‌ی شده‌ی ساکن ایران سخت باشد، ولی کسانی که ناشناسند یا در ایران زندگی نمی‌کنند می‌توانند نقش بزرگی بازی کنند.

شبکه‌ی چند ده هزارتایی وب‌لاگ‌های فارسی، در مجموع از تمام روزنامه‌های فارسی زبان، خواننده‌ی بیشتری دارد و اگر از آن برای شکست‌دادن دشمنان آزادی بیان در ایران استفاده نکنیم، فرصتی تاریخی را از دست داده‌ایم.

بنابراین پیش‌نهاد می‌کنم روز دوشنبه‌ی آینده، هر کس که امکانش را دارد، چند خبر را به انتخاب خودش از وب‌سایت‌های امروز و بامداد بردارد وبه همراه لینک‌هایی مشخص به منبع آنها، در وب‌لاگش بگذارد.

من البته یک کار دیگر هم می‌کنم که اگر شما هم دوست داشتید بکنید. کار سمبولیک جالب خواهد بود: اسم وب‌لاگ‌مان را برای یک روز به «امروز» تغییر دهیم.  نقل از: حسين درخشان در سردبير خودم

September 12, 2004

Хотами ва гулдухтарони точик

700 миллион дуллор дастовези каме нест, ки Хотами ба Точикистон додааст. Аммо вакте ба аксе мунаввар аз либосхои атласии духтарони точик, ки барои пешвози Хотами ба фурудгох рафтаанд, дурудароз  менигаристам.

Меандешидам, ки Хотами ба чи меадешид вакте гурухи духтарони точик бо кокулони хушбофт ва дастагулхо ба пешвозаш мерафтанд ва лабхо пур аз табассум ва чехрахо пур аз маъсумият ва дилхо соф, хаячонзада...

Хотами ба чи меандешид? Ба ин ки точикон низ дер ё зуд мусалмони "комил" хоханд шуд ва занон ва духтаронаш  бохичоб...

Ё ба ин ки дер ё зуд занон ва духтарони кишвараш аз бор ва пардаи хичоб рахо хоханд ёфт... 

Ва оё аз надидани занон ва духтарони точик дар масочиди шахри Душанбе хушхол хохад шуд?..

(Ачиб аст,  конуни мамнуъ кардани намози занон дар масочиди Точикистон чанд хафта кабл аз сафари Хотами имзо ва чори шуд)

Зиёд андешидам ба ин ки Хотами аз Точикистон чи дастоварде барои хеш ва кишвари хеш хохад бурд?

Ва рангорангии хиёбонхои Душанбе аз занон ва духтарони хушлибос ва озодпуши он дар у чи таассуроте хохад гузошт...

September 6, 2004

Вакто начотдихандаат котили ту мегардад...

 Тамоми руз рузномахои Ланданро медидам ки пур аз аксхои кудакон, модарон ва наздиконе, ки ба марги беш аз сесад нафар  азизони курбоншудаи худ мегиристанд, ки дар мадрасаи Беслани Русия  кушта шуданд.

Вакто Путин аз сафари лаби дарёии худ баргашт, ман як фармони сард ва бо сиёсати комилан русиро интизор доштам. Яъне хозир ба хама чизро аз даст додан, то хеч чизро аз даст надиханд.

Кудакони як шахр бо бехтарин либосхои худ ва гулдастахои худ ва бо баландтарин орзухои худ ба истикболи дониш рафтанд ва ба доми терористон гирифтор шуданд. Тамоми дунё интизор дошт то давлати Русия ононро начот дихад, аммо...

Дастаи мусаллахе бо номи начотдиханда даври мадрасаро гирифтанд ва шуруъ карданд ба хамлаи мустаким ба боме ки зери он кудакон ва модарон чашминтизори начот ва рахои буданд. Вакто аз хазор нафар беш аз 330 нафар кушта мешавад, беш аз 400 нафар мачрух мешавад ва бакия ё фарор кардаанд ё беномунишонанд. Ин начот додан нест, балки бештар ба катли чамъи монанд аст.

Ман бо баробари ин ки дилам сард буду сардтар аз хукумати Русия гардидааст, ба ин иттифоки хунин ва фаромушнашаванда чунин ном мегузорам:

"Начотдихандагоне, ки котилони асли буданд" ва чони кудаконро аз сиёсати пешгирифтаи худ камарзиштар эълом карданд. Албатта ба дунё маълум буд, аммо холо санад низ додаанд. Дилам сард аст аз сиёсати руси ва терористи, ки дар ин маврид  фарки хеле-хеле кам байни ин ду дидам. Дилам сарди сард аз Русия гардидааст. Оё ин ях мисли  яххои дигар об хохад шуд, намедонам...

Умед дорам аз он кудаконе ки чон аз ин имтихони хунин ба саломат бурданд, муборизони вокеи барои озодии вокеи ба воя расанд. 

Сиёсатмадорон ва терористон бо номхои мухталиф боиси маргхои дигар хоханд шуд ва зиндаги ин рузхо бештар аз ин аз худ нишон надодааст.

Ва лолахо хар руз камтар ва камтар меруянд, чун чои ононро рангу буи хуни курбониён пур кардааст. Таъми хок шояд дигар он нест, ки дар кудаки хурдаам.