Хоча аз хушхофизатарин шоирони чавони точик аст, ки такрибан аз хамаи шоирони чи маъруф ва чи навкалам, чи имрузи ва чи кухани форсу точик шеърхои бисёр аз бар медонад. Танхо шарт дар он аст ки агар шеър макбул ва зебо бошад.
Хоча соли 1972 дар Насафи Самарканд ба дунё омадааст ва баъд аз хатми факултаи забон ва адабиёти Донишгохи Давлатии Самарканд, дар Донишкадаи Тиббиёт аз фалсафа дарс мегуяд ва дар риштаи фалсафа рисолаи номзадии худро ба итмом расонидааст.
Хоча мисли муаллими мехрубонест, ки чавонони самаркандиро ба шеърдусти ва нигориш хидоят мекунад. Бо он хофизаи саршораш мисли кутубхонаи равон мемонад.
Мисли кух сангин рох меравад ва мисти кубутар сабук шеър мехонад. Дар хама чо дар сараш мисрае чарх мезанад хох аз хеш, хох аз дигарон.

Чанд намуна аз навиштахои у:
Ку?.. Ку?..-и Куку
Сахар дар сари шохи хазони як дарахти пир
Нишаста мурги куку гуфт:
-Ку?.. Ку?.. Ку?.. Ку?..
Ки ман пай бурдам он мегуфт:
-Адолат ку?.. -Хакикат ку?..
-Мухаббат ку?.. -Садокат ку?..
Ва ногах чугзе аз умки сиёхи касри вайрона
Бидодаш ин чавоби шум:
-Хама шуд хабси зиндони чахолат,
Хама гардид асири нафси инсони,
Азеро,
Дарахти Адлу Инсоф решакан шуд!
...Ва он гах мусапеде гуфт:
-Чи суд?
ЗАМОНЕ БУД!..
ЗАМОНЕ ШУД!..
Кунун буе надорад гул,
Надорад кадр алъон одамизод.
Ба хок афтода акнун дурри маъни,
Ки аз он барнамегардад,
Касе чун марди фарханги.
Ва сархо шуд тихи аз магзи маъни!
Ва алъон
ЗАМОНЕ ШУД-
Яке нодону дорост,
Дигар нодору доност!.."
Ало ИНСОНИ ПОКИ БАХТУ ОЗОДИ!-
Чи бояд кард?..
Сапедадам
Сапедадам медамад,
бингар,
гуиё:-
Мурги сапедадам
аз паси кухи баланди шаб
бо нуги минкори тезаш,
донахои оташини ахтаронро
як-як аз боми фазо,
чун порахои шишаи бишкаста
мечинад.
Сапедадам медамад,
бингар,
гуиё:-
Духтаре субхидамандом
дар сари кухи баланди шаб нишаста,
бо кафи дастони широлудааш
деги кирандуди вожуни фазоро
бо шир мешуяд...
Дар интизори офтоб
То сахар дар интизори офтоб
дар миёни чашми шаб бедор будам
в-андаруни чашми шаб эчод мекардам,
дар вараки рушании субх,
бо калам шеъри сапедеро!
Чашми шабро мешикофтам
- кур мекардам,
Ранги шабро мепарогандам,
-руз мекардам!
То сахар хокистари шабро
пеши рохи офтоб барбод мекардам,
Субхидам меомаду
"ХУРШЕД!!!.."-ро фарёд мекардам!..
Субхи урён
Субхи урён нуролуд
Хамчу душизаи урён,
Аз паси пардаи торики шаби руъёи
падид омад,
ба замин гом ниходу нафаси нарм кашид!
Олам аз хоби хуши худ,
Ногахон бедор шуд.
Дашт хамёза кашид!..
Наргис аз согари чашмаш
Ашки шабнам бизудуд!..
Дерест аз сафар баргаштаам ва дастовез аз Самарканд чанд дафтари шеър аз дустони худро овардаам, ки аз ахли калами Самарканди имрузанд. Ин чо мехохам намунае чанд аз он гуфтахои барои ман азизро зери унвони "Дардхои худсаро" бигузорам то хонандагони ин сахифа низ аз он бахраманд гарданд.
"Дардхои худсаро" номи дафтари хануз ба табъ нарасидаи Дилшоди Фарходзод аст. Дилшоде, ки танхо номаш аз шоди мегуяд ва худ аз мавчхои амиктари шодии замини дур зистааст, аз умедвортарин шоирони чавони Самаркандист.
Дилшод мохи майи соли 1975 дар нохияи Тайлоки Самарканд ба дунё омадааст.
Ман уро тирамохи соли 1992 замони шуруъи тахсил дар Факултаи Забон ва Адабиёти точик дар Донишгохи Давлатии Самарканд во хурдам. Духтаре шармину хоксор ва хеле хам мехрубон буд ва то имруз ки зиндаги уро бо хазор тарз озмуд хамчунон боки мондааст ва ба ду писари хкрдсоли худ хам модар аст ва хам падар.
Дилшод алъон дар мавзуъи шеъри зан дар адабиёти муосири точик бавижа шеъри Гулрухсор рисолаи номзадии хешро менависад.
Намунае чанд аз ашъори Дилшоди Фарход:

Гуле во шуданист
Туро рохнамун шавам ба суи хушбахтихо,
Бирав, бирав, эй чисми беситораи ман.
Дилам гувохи дихад:
Шояд паси ин кух офтоби тулуи мост.
Туро кушоиш хохам ба сипанди лулихо
Бирах, бирах, эй рохи сарогози баста.
Бовар кунем, биё:
Абри рахмат аст он чи пардаи сиёст.
Туро наззора кунам, гули ошики печон,
Бупеч, бупеч бар тани худ баргхои сарсабзи.
Эхсос мекунам инро:
Дар бари баргхо як гул вошуданист.
Рози хаваспеч
Ман туро, эй мард, ба хавасхонаи худ мехонам:
Дар лахзаи танхоии махтоб,
Бар чодари шабтоб.
Лахзае мурги хавас мехонам,
Ларзахо бар тани ман меронад,
Андар харами хаёли худ танхоям.
Танхо, хар лахза ба лахза,
Садои пои туро мепоям.
Биё, ай марди мардхо,
Дарди дардхо,
Сарди сардхо:
Бо хазорон алам
Чисми туро нарм-нарм,
Гарм-гарм ба огуш мекашам.
Лутфи бехи
Мерасад ба даст чарог
Бехии бехон,-
Ба рахгузори бахор.
Ва сабзахо махмале густурда,
Интизор...
Ту хам, ки омадаи,
Чи чароги нур дори
Ки хамчу сапеда рези ба рахаш?
Чи мужда ори зи эхсос,
Ки хамчу шукуфа бези ту барош?
Ту, ки алъон май менуши
Зи минои лола,
Ба кадом руз мастона мечуши?
Донам, донам, ки эхсос мекуни
Рози сабзи баргхояшро,
Ба чароги бехи мехони
Шеъри сатрхояшро.
Аз миёни ду кокули сафеди панчараи пир
Офтоб менигарад
Ва чавонии ман чавлон мезанад
Руи рахти хоб.
Шодии муфт
Осмони хонаамро фаро гирифтааст
Рухи ман аммо
Эхсоси лазизи хастиро
Дар Самарканд
Чо гузоштааст.
از ميان دو کاکل سفيد پنجره پير
آفتاب می نگرد
و جوانی من جولان می زند
روی رخت خواب
شادی مفت
آسمان خانه ام را فرا گرفته است
روح من اما
احساس لذيذ هستی را
در سمرقند
جا گذاشته است
... ба сарзамини сарсабзи ниёгон
Ин сафари 42 руза ба Самарканд ва Точикистон ба назарам 42 сония хоби ширину рангоранге буд, ки холо баргаштаам ва чун хоболуди омехтаавкот чашм мемолам ва ба сафаровардахои хеш менигарам.
Дар даст шохии Бухоро, атласи Намангон ва нуклу нони самарканди дорам, аммо дар дил як олам дарди гуфтаву ногуфтаи мардуми точик. Дилам мехохад то субх бинависам, аз аввал то ба охир бигуям ва дилам софу сарам сабук гардад. Бояд катра-катра ва нозук нозук аз ин сафари хеш бигуям то хеч кас ва хеч чиз аз ёдам канора намонад ва чунон гуям ки дилам хеч гох аз ин дарди ширини точикона тихи нагардад, балки аз паи хар каламоти шоду гамомез афзун гардад.
-Э-э, куртаи чаканатон кани?
Аввал аз ин акс шуруъ намоям ки онро соли гузашта Заур Дахтеи душанбеги, яке аз филмбардорони филми "Чарху фалак" аз ман бардошта буд ва дар ин сафар ба ман супорид. Аз ин акс хеле хушам меояд, зеро тамоми мардуми 6 миллионии Точикистон ва баъзе аз дустони точик ва хоричи чехраи маро ин гуна бо ин либоси кулоби равшан чун чароги точики шинохтанд ва хеле хуб истикбол намуданд.
Баъд аз намоиши дубораи филми "Чарху фалак" -и дустам Мехдии Чоми аз телевизиони давлатии Точикистон, дар кучаву бозор мардум маро мешинохтанд ва баъзан бо нимтаассуф -Ээ, он куртаи нагзи точикиатонро напушидаед-дия- гуён бо ман сари сухбат боз мекарданд. Ман миёни ин мардум дубора ба ин хакикат бовар кардам ки на факр, на чанг, на хеч гуна камдастиву бадбахти наметавонад ифтихори мардуми точикро аз хоку миллати хеш дилгир ё дур кунад. Сарам ба осмонхо мерасид аз он ки хар дафъа ба чашмони мардуми худ менигаристам ва аз хушбинии онон неруи тоза ба тоза мегирифтам.
-Чи дастоварди сафар овардам?
Чи кадар аз ин филм ва аз ин мардум дарси ибрат омухтанамро худам медонаму худо.
Бароям бузургтарин дастоварди ин сафар ризоияти азизон буд аз рузгори ду соли ахири ман. Ба кавли онон ман дар урупо шарконатар шудаам ва хатто андешахоям точиконатар аз кабл гардидааст. Худоро шукр. Ин чизе буд ки ман хамеша ба он меандештдам.
Ман худ ба чашми хештан дидам ки дилхои зиёдеро ба даст овардаам ва синаам пур аз хаячону изтироб ба самти фурудгох кадам мезадам. Бори аввал чунин бо эхтиёт ва санчида фикр мекардам ва ба самти тайорае мерафтам ки маро боз ба суи Ландан меовард. Ландан гуё дар хучрахои Регистони Самарканд чойгир аст ва ман аз панчарахои тангу торикаш ба офтоби сурху заифи гуруб менигарам.