January 28, 2004

Нигохе ба номахои Фуруг

Нашри китоби тозае аз номахои Фуруги Фаррухзод ба хамсараш Парвизи Шопур ки ба кушиши писари у Комёри Шопур ва Умрон Салохи бо унвони "Аввалин тапишхои ошиконаи калбам" дар Эрон даромад (Техрон: Марворид, 1381), дерест ки зехнамро машгул кардааст.

Барои ман ин номахои Фуруг дар замоне расид, ки фикрхои худро ва хукмхои худро гуё аз Фуруг сохта будам ва тасвири хаёлии уро дар зехни худ бофта будам. Алокаманди бар шеъри у ва ташнаги бар ошнои бо рузгори у маро ва хеле аз хонандагони точики уро зудбовар карда буд.

Холо аввалин тапишхои ошиконаи калбаш баъд аз 38 сол аз марги у ба мо расида ва харфхоеро аз забони ширин ва маъсумонаи Фуруг мегуяд ва бовархои шишаии каблии маро зарра-зарра намудааст ва аз он заррахо шаклхои тоза ва пурчилои дигаре сохтааст. Аммо ман ки холо мефахмам дунёи Фуруг дунёе бо меъёрхои маъмул нест.

(Идомаи ин матлабро дар сахфаи Би-Би-Си Форси бихонед.)

January 26, 2004

Дифоъ

Эй хар окил ки гузашти аз сари шеърам ба лабханде
Ман чи гуям
Шеър гуёст
Ба Бухоро
Ба Самарканди азизи хеш механди.

То зи гахвора шудам поин
Ман ба шахри шоиру шохони Ачам
Дар замони безамони
Гиряам дар гулу банде.

Махфили ман оташу хокистару дуд буд
Дуди девони Хофиз,
Саъдиву Хусраву Хайём,
Бедилу Накшбанди.
Осмонам буд сиях аз дуд.

Канда-канда, тика-тика гуфтаам
Гами озодии махдуди нафас
Дар синаи мургони кафас.

January 19, 2004

Мавчи андух

Бод ресмони хамешагии хешро
Аз миёни абрхои велгард
Чун таноби рахнамо кашидааст.

Панчараи ман,
Равзани торику танхои
Равшан аз ин оё
Манзарае дидааст?

Риштае хаст,
Риштае хаст ин чо дар дили ман:
Абрхоро мебарад
Абрхоро меорад
Ва дар пои имруз
Печидааст.

January 7, 2004

"Самарканд"

(идомаи романи "Аз Самарканд то Бухоро") Хеле дер буд, аммо Шарофат ба хобгох рафтан намехост. Аз он духтари пурхарфи хамхонааш ба дод омада буд. Чи кадр дилаш мехост дар чое бошад ки касе вайро нашиносад, хатто номашро хам иваз кунад. Аз худаш хаста шуда буд. Мантики одамони атрофашро намефхмид. Соат давоздахи шаб буд, аммо барои вай гуё замон деру зуд надошт. Нишаста буд канори сахнаи Регистон, ки пур аз мизхои нишастани барои мусофирон гузошта буданд. Чарогон атрофро равшан нигах медоштанд. Марди посбон аз тараф ба тарафи дигари мадрасахои ба хампайвасти Регистон кадам мезад ва гох-гох ба Шарофат менигарист. Шарофат руяшро ба тарафи дигар тоб дод ва гуё фахмонидани шуд, ки хавсалаи харф задан надорад ва посбон низ кадам задани худро идома дод. Чарогони хурду бузург ва сабзу зард дар панчарахои мадраса равшан буданд ва манзараро тамошобоб ва чаззоб намуда буданд. Ба назари Шарофат чунин намуд, ки занон бо либосхои шохии абрешим ва доманхои баланди худ дар он утокхои наккоши ва тарсимшуда дар рафту омаданд ва гуё чашне хохад баргузор шуд. Ногахон хисси ачибе дар синаи Шарофат ба ларзиш омад, ки чи кадар ин мадрасахоро дуст дорад, чи кадар бо ин бинохо ва ин панчарахо наздик аст. Гуё тамоми умр дар ин пушти деворхо зиндаги карда бошад, хисси сохиби дар вай бузург мешуд ва коматаш гуё хар сония як вачаб баландтар мегардид. Нигохаш тамоми мачмуаи Регистонро аз боло наззора мекард ва дар рохравхои болои боми он бо нигохаш кадам мезад ва посбонро мисли муре пайдо кард, ки гох ин тараф ва гох он тараф парвоз мекунад. "Бо ин зама ночизи чи вазифаи бошарафе дорад ин посбон"- андешид вай. Ман чи кораам. Ман дар зиндагии худ чи корро ба анчом расонидам. Барои худам, барои падару модарам ва хохаронам ва ... мехост шавхарам гуяд, аммо забонаш нарафт ва...., барои Наккош, барои Устоди азизам чи хидмате намудам?...

-Салом,- ба у наздиктар омада гуфт посбон, ки аз нигохи дурударози Шарофат ба суи худ каме далетар шуда буд. -Салом. -Ин чо чаро нишастаи? Мунтазири касе хасти? -Мехохам дохили мадрасаро бинам. Майлаш-ми?- бо лахчаи самарканди гуфт Шарофат. -Мм... Майлаш. Лекин дида монанд, дарди сараш калон-да...-андешамандона чавоб дод посбон. -Факат дарди сар бошад, хеч гап набудааст-ку,- шухикунон дилбари кард Шарофат. Чи шуда буд ба вай намедонист, аммо ба хар киммат хозир буд тамоми утокхои дохили мадрасаро кадам занад ва ба деворхояш даст молад. Мисли зиёратхои модараш санги кабри авлиёро. Дилаш мехост мисли шохзодахо дар болои мадраса кадам занад ва дили афсурдаи худро аз ноумеди ва заъф начот дихад. Дилаш мехост гурурро, ифтихорро дар худаш тарбият кунад ва хамеша дар хама чо сарбаланд бошад. Мисли шохзодахо дар афсонахои модарбузургаш, мисли хобхои ширини худаш. Мехост то субх одами дигар бошад. Одами бехтар, одами комилтар ва расидатар бошад. -Рафтем?- бо сар ба рох ишора кард посбон. -Мхх.- сар такон дод духтар ва аз чой баланд шуд. Мадрасаи Шердор аз замони кудакиаш ин чониб таваччухи уро ба худ чалб карда буд. "Чаро Шердор?" хамеша мепурсид вай аз падараш. Аммо холо ки аз манори тангу тори он боло мерафт ва дилаш мисли шер далер ва калбаш мисли офтоби канори шер тарсимшуда гарму дог мешуд. Зина ба зина, кадам ба кадам, нигох ба нигох, даст ба даст ламси девор, давр-даври манора каси тозае чизи тозае дар вай месабзид. Куввае дар вай чамъ мешуд ва коматашро рост, рост ва росттар мекард. Магрур мешуд ва холи аз тарс, фикру тардид ва нигарони мешуд... -Камтар дам гирем, монда шудам. Чароги вазнинро гирифтаам надониста.- дунёи Шарофатро парешон кард посбон. -Шумо истирохат кунед, ман худам меравам.- беэътиноёна чавоб дод вай. -Торик аст, наметарси? -Ман аз орзухои худ наметарсам. -Мисли ин харф мезани ки ин чоро харидани омада боши, ту духтар. Аз кучо хасти аслан?- нафаси худро бо сахти бароварда сухбатро шуруъ кард посбон. -Харидани наомадаам, хонаи худам омадаам. -Зудтар мегуфти, мехмонхонае, чои муносибтаре пайдо мекардам.- кунчковона мисли одати хамешагии худ, ки гох-гох занони хиёбониро ба мадраса рох медод, сари сухбатро боз кардани шуд посбон. -Амак, шумо аз хадди худатон нагузаред. Вале барои ман бехтар аз ин чо чое дар чахон нест.- аз охирин зинаи манор кадам бардошта худро ба болои бом гирифт Шарофат ва коматашро рост кунон дар рохравхои тори он кадам зад ва ба шахри азизи хуфтаашро дар торикии шаб зери нури зарду сурху сабзи Регистон тамошо мекард. Насими ширини шабонгохиро култ-култ мехурд ва ба домони ба чахор тараф парешони худ парвое намедод. Дастонашро боз карда буд ва гуё мехост мисли лак-лакхои сафед ба самти Бухоро парвоз кунад ва дар огуши Наккоши азизам фуруд ояд. Посбон аз ин холати мастонаи у ба вачд омада буд ва охиста хилвати уро вайрон накарда аз пушт уро ба огуш кашид ва муйхои сиёху парешони уро буйид. Шарофат чашмонаш аз манзараи Самарканди нимашаб наканда дар хамон холати парвоз ин мисраъхоро канда-канда ва ба хам бо эхтиёт васл кунон ба забон меовард: Эй шахри махзун! Эй шахри гамхои талхи ман! Эй шахри сангу сангу санг, Эй гури зебои фарханг! Имруз пайгамбарат кист? Имруз пайгамбарат кист? Посбон дастони худро аз камари духтар рахо карда як кадам аз вай дуртар чахид ва бо чашмони тарсида, ки гуё арвох дида бошад ба вай нигарон монд. Шарофат дар олами талхи худ чуёи орзухои ширин мегашт, то Наккоши азизи худро чи гуна хушбахт созад ва санги ноошнои дилашро бар дасти мехрубони у бисупорад. Дилаш он кадр хушунат ва озор дида буд, ки касоне мисли посбонро хатто намедид ва ё парвои ононро надошт. Чомеъаро ва тафаккури онро хуб шинохта ва омухта буд ва мисли мохи дар обхои гандида шино мекард. Чизе дар у бедор шуда буд, ки гох сарду сангин, гох догу хашмгин ва гох нарму нозуку ошик мешуд. Дар боми Самарканд бо дастони чун бол боз ва бо муйхои дар боди нарм парешону ларзон ва бо домане чун ливои Тачаддуд афшон дубора ба оламу одам нигарист ва онро дар рангу буйи дигаре пайдо кард ва ошомид. (идома дорад)

"Номаи Наккош"

(идомаи романи "Аз Самарканд то Бухоро" Шарофат хамаи талошашро ба харч медод ки иттифокхои бади зиндагиашро фаромуш кунад ва дунёи пок ва тозаи худро бо берун ва мардуми ноошно олуда насозад. Дилу нодилон дафтари худро боз кард. Ба шахр нигарист, ки аз боло гамнок ва бидуни сабзаву дарахт ва камодам ба назар мерасид. Осмон хам тиратар аз пештара буд. Ба наккош нигарист ки саргарми кори худ буд ва гуё наздаш хеч касе набошад, хеле хам ором ва пур аз андеша ба наккошии худ машгул буд. Охирин сахифаи навиштаашро, ки бо аввалин талош боз шуда буд ба баланд хондан шуруъ кард: Гуфта будам... Бо сулфаи нозук гулуяшро тоза кард ва дубора шуруъ намуд.

Гуфта будам, Ё ба ман мегуфтанд Ки начот Орзуст Орзуи баланд Орзуи сафед Дар сиёхтарин шабхои зиндаги. Ёрони ман! Ёрони ночавони ман, Чои холии шумо маро Тихи мекунад Маро мегуронад дар хеш Агар дарахтон хам сабз набуданд Ман шояд бо дастони бесамари хеш Чашмонамро Ба пои абадияти шумо Мегузоштам Чашмонамро дуст медорам Чашмонамро дуст медорам Ки ин шахри гарибро Ягона бедорам. Ягона беморам. Наккош сар бардошт: -Дубора хон. -Чаро? -Дубора хон... Шарофат дубора хонд... **** *** "Номаи Наккош" Як мох аст, ки Шарофат туро надидаам. Намедонам чи ба ман асар кард, то туро ба Самарканд фиристодам. Чаро ман чуръати мард буданро надорам, чаро ман наметавонам ба ту марди зиндагиат бошам. Чаро орзухои туро наметавонам бароят осонрас кунам. Кош як марди одди ва кори мебудам, аммо ту медони ки чунин нест. Ба назарам бехтарин коре ки ман кардам ба ту издивоч карданам буд. Аммо на, фикр мекунам ин соддатарин коре буд, ки хар марди бешуур хам метавонад ба анчом расонад. Аммо чаро ман туро ба унвони зани худ пазируфта натавонистам. Хатто, хатто ягон дафъа хам ба ту наздики накардам... Ягон маротиба ба... ба пистонхоят даст набурдам... набусидам. Ту духтар шахомате дори, ки ман худро назди ту хамеша ночиз мебинам ва ... баъзан ба он марде ки ба ту тачовуз кард... ... чи тавр бигуям ки дуруг набошад ва ту хам наранчи... хавас мекунам, ман ба он мард ки туро дар огуш гирифта хавас мекунам, рашк мекунам. Ман, мане, ки чихил руз туро дар рахти хоби худам тамошо мекардам ва нигохамро ба чаридан дар гулзори бадани ту мефиристодам, чуръати як кадам наздиктар омадан накардам. Зеро фикр мекардам, ту рамида хохи шуд ва маро низ канори он мардхои дигар хохи гузошт ва тарк хохи кард. Ту зани оддие нести ва ман хамеша ба ту ба назари эхтиром нигаристаам. Шояд хазорон занро дида бошам, шояд бештар, аммо пеши ту чаро ин кадар заиф ва андешаманд хастам? Шояд дар чисми ту факат як зан, як зани маъсум ва бепанохро намебинам. Шояд туро дар хаёлхои худ тачалли додам. Ба буидани либоси ту, ба мутолиаи хазорон дафъаи дафтарони нотамоми ту худро конеъ мекунам. Маро бибахш, ки хануз хам ба он фохишахона меравам ва худро дар ихтиёри занони бегона месупорам. Ин харфхоро барои он менависам, ки медонам ба ман таваччухи зиёд надори ва ин ошкорбаёнии ман туро озор нахохад дод. Аммо агар туро дар ин сахна дидам... ё хатто ошики ягон марди дигар шуди... охх... намедонам поёни ин рох чи гуна аст. Ман хар чи пеш омад, дусти ту хастам. Шояд барои хамин хам нахостам, ки ба ту шавхар бошам, як шавхари содда ки хамаи мардон метавонанд бошанд. Медонам ту ба ин робитахо зиёд эътикод надори. Ман инсон буданро аз ту омухтам. Хатто хамон замоне ки хафтае як аз пеши макбараи Сомони мегузашти ва ба ман илхом ва неруи як моха мебахшиди. Аз он замон чизе аз ту дар дили ман меруйид ва ман ба бор меомадам. Меваи он хатман ширин хохад буд. Он китобхое, ки мехонди туро аз чомеъаи мо дур бурдааст ва туро имкон додааст, ки хазор кадам ба гузашта ва хазор кадам ба оянда сар бизани ва хузур дошта боши... Ман бо ту фахр мекунам! Аммо ба танхоии ту ва ба ин бадбахтии бузурги ту ба танхои мегирям... Ман шахомати торихи миллати точикро дар шахси ту мебинам. Ман туро ... Азизи ман Шарофат, то замоне ки хамаи асрори худро пеши хам боз накарда бошем, мо наметавонем худро дусти хамдигар донем. Ман аз ин чо ба ошкор гуфтан шуруъ кардаам ва ту хам по ба пои ман биё то дустиро дар тарзи чадид ва нафари чадид имтихон кунем: "Ман медонам, ки байни ту ва Устод чихо гузашт. Ман медонам, ки он марди ба ту тачовуз карда кучост. Ман медонам, ки Парису дар чи хол аст. Ман медонам, ки "Офтоби Сугдиён" аз кучо "об" мехурад. Баъд аз ин хама икрор шояд фахмида боши ки ман аз тамоми тахаллусхои сохтаи ту барои нашри маколахои "урён" бохабарам." Бо ман ошкор бош. Мунтазири номаи "урёни" ту мемонам, аммо ба одреси студиои наккошии ман бифирист на ба хона. Намехохам модарам ва дигарон аз олами талху ширини мо бохабар бошанд ва медонам ту хам мувофик хасти. Нигарони танхоии худ мабош ва фикр накун, ки ман туро бепуштибони хохам гузошт. На, аслан. Ту ягона савоби ман дар зиндаги хасти. Чи гуна метавонам ба ту хиёнат кунам. Агар баъд аз ин нома дигар дидани дидори маро надори, хисоби бонкии чадид боз кун ва ба ман бифирист. Ман таъмини молии туро то охири умри худ бар ухда хохам дошт. Чашмонатро мебусам, Ки барои ишк гиристаанд Наккоше ки бехтарин наккошихояш бадани зебои туст Бухоро, Октябри 1992 (идома дорад)