(идомаи "Аз Самарканд то Бухоро") -Гуфтам, ки дар болои Манори Калон субхро пешвоз гирифтам. -Пулхоро чи гуфтанд? -А, пулхоро нишон надодам. Хеч чиз хам нагуфтам. -Хуб холо фикр мекуни рози мешаванд ки ту зани ман боши? -Намедонам. Ман ки ин чо дустписаре хам надорам ва касе хостгори наомадааст, то хануз албатта. Шояд хам омада бошад, вале намедонам.- бо карашма гуфт духтар ва наккош низ хаёлашро рохаттар кард, ки духтар нисбат ба у назари баде надорад... -Азиз, оо, Азиз, биё туро чег зада истодаанд.- Садое як нафар аз мехмонон наккошро ба хона даъват кард.
-Чи шуда бошад?- бо каме нигарони пурсид Шарофат. -Хатман рози мешаванд. Наккоши машхури Бухоро хостгори мебиёяву рози намешанд, пас туро мехоханд бехтар аз ман ба ки бидиханд? А?- гуфт синаашро шухиомез ба пеш дамонида ва бо итминони хотир хар ду хандиданд. -Рав- рав аз туй пеш нагора назан. - хандида гуфт Шарофат. -Агар рози нашудан ман хамаашро гуфта медихам. -Он вакт нохуни маро хам нишон намедиханд ба ту ва зор шуда мемони.- бо ноз гуфт Шарофат ва гуё бовар дошт ки хатман падараш розигии худро барои издивочи онон додааст. -Нохун будаст, кош як нусха аз он акси ту медоштам ин чо бо худам ва ба пеши падару модарат мегузоштам, он вакт медиди ки чи гуна бе чуну чаро рози мешуданд ва аз бахри калинат хам менузаштанд. Шарофат якбора иваз шуд ва руяшро суи дигар гирифт, гузашта дар зехнаш зинда шуда буд. Ачаб, чи кадр зуд гузашт ва кариб фаромуш шуд. Агар худашро мекушт чи мешуд? Агар Парисо намебуд вай на ин ки аз Манори Калон субхро тамошо кунад, балки худро поин андохта ба хама фикру гумонхои худ ва ба хама тарсу вахми худ хотима мебахшид. Намедонист худоро шукр гуяд ё на. Дилаш ва фикру эхсосоташ боз ба хамон замони дуре, ки дар кучахои дароз ва бузурги Бухоро дар бехтарин ва гаронтарин мошини шахр тачовузаш карданд ва баъд акси урёнашро барои хоричиён фурухтанд. То хануз намедонист, ки онхо кихо буданд ва Парисо холо кучо бошад. Дилаш мехост баргардад ва ин дафъа бо чашми боз ва дили огох ба он хама нафарон ру ба ру бошад. Ба мухаррири "Бухорои Шариф" дубора ру ба ру гардад ва бипурсад, ки чаро хеч шуморае ба вай нафиристод? Чс шуд он хама арзи холи у ва навиштахои у дар бораи устодаш ва иттифоки бади бо вай руй дода? Нерухое дар вай бедор мешуд ва эхсос мекард, ки холо дасташ ба интиком мерасад ва аз чой бо шаст баланд шуд: Бояд ба ин наккош издивоч кунад ва худро аз чахорчуби фарзанди ва духтари берун бикашад, хар чи ба пеш омад дигар бадтар аз он чи омада нахохад буд. Ба хамаи зарбахои зиндаги омода ва бехарос шуда буд. Аз сари зонуяш дафтаре уфтода буд ки кабл аз омадани наккош дар он чизе менавишт. Бод бо варакхои он нарм-нарм бози мекард, аммо сахифа гуё сангин бошад, онро батамом аз чой бардошта наметавонист. Сахифа аммо сангин буд ва сангинтарин холати рухонии Шарофатро дар синаи он тарсим буд. Бо дастхатти бетартиб ва парешон ин мисраъхл ба назар меомад агар касе ба он дафтар менигарист, аммо касе ба он наменигарист: Ман хамон хокам, Ман хамон хокам, Калби ман пора-пора. Доги кист ин ки дар синаи ман меруяд?.. *** -Чор миллион сум?! Чаро ба ман нагуфти? -Мегуфтам хам чи кор мекарди? Агар ман ё хар касе эътироз мекард чо ба чо сараша мебуриданд ё хар чи гумномтар мекуштанд. Шарофат бо чашмони кахролуд ба рассом, ки холо шавхари вай шуда буд, менигарист. Аз берун хануз садои мусикии шаббахайр хонии хонандагони чашни арусии онон мерасид: Боз як рузи гаму шоди гузашт, Дар чахони кисмату номусу ном, Боз як хуршед моро тарк гуфт, Мохи нав пайдо шуд андар бурчи шом. Шаб ба хайр эй дустдорон шаб ба бахайр, Шаб ба хайр эй модари чон, шаб ба хайр... Шарофат кам-кам аз интиком пур мешуд ва хар чи наздиктар ба наккош ки холо шавхари у буд, уро бадтар медид ва нигохаш захрбортар мешуд. Ба нахараш ба хамаи бадбахтихои у хамин наккош муассир ва мукассир буд. -Дар он бастае, ки ба ман дода буди, чи кадр буд? -Ман онро ба ту надодаам, онхо худашон ба дасти ман доданд ва гуфтанд ба ту дихам. Хуб хамонро додан хам чон намегуи, туро аслан мисли духтарони дигар гумном карда ба Дубай мефиристоданд чи кор мекарди? Ман худам хазорон бор шохиди ин шудаам ва аз хакки хидмати худам гузашта чони ту ва номуси туро харидам. На ба хотири ту албатта, ба хотири садокатат ба устод. Ман хам шогириди он кас будам. Вале баъд аз чанги Афгонистон дигар наздашон рафтан намонданд. Гуфтанд, ки ба хеч саволхои вай чавоб хам надихам. Метарсиданд, аз саводи арабии устод метарсиданд, вале ба хотири беозориаш хеч чиз гуфта наметавонистанд. -Кихо метарсиданд? Чанги Афгонистон ба ту чи рабт дошт? -Ман... ман дар Афгонитсон хизмати харби доштам...- бо каме сукут идома дод рассом. -Маро хамчун тарчумон фиристода буданд то вакте аз таркиши мина захмдор шудам ва пас маро баргардониданд ба Москов, вале хамеша зери наззора будам. Командирамон хамеша ба ман шубха дошт, ба хотири ин ки ман хамеша коссету китобхои хонандагон ва шоиру нафисандагони афгонро чамъ меовардам ва дар чомадорам пинхон мекардам. Онхо хамеша хар лахзаи зигдании маро наззора мекарданд, ки мабодо ба афгонхо фурухта нашавам. Падарбузурги ман муллокалони шахри Бухоро буд ва кабл аз омадани русхо худро ва занашро захр дода кушта буд, то ба дасти кофирон науфтанд. -Намедонистам. Худо рахматашон кунад. Аммо, ту бо он китобу коссетхо чи кор карди? Хануз дори онхоро? -Ту зиёд савол надех. Мана асабони куни ман намедонам, ки чи кор мекунам, то вакте ба худ меоям дер шудааст. -Ба чи дер шудааст? -Бас кун! Фикр мекуни модари ман чаро гиря мекард? А? Барои ин ки ман..ман... сарашро бо дастонаш гирифта каме ором истод ва чукур нафас гирифта идома дод.- Вакте бо падарам даъво мекардам, вайро бо хишт ба сараш задам... Дах соли пеш вакте тоза аз чанг баргашта будам. Мурд, вай мурд фахмиди-ми, зиёд бо ман харф назан! Хар вакти хости рав, чахор тарафат кибла.- гуфт наккош бо лахни наонкадар сахт, ки бештар ба "нарав, маро танхо нагузор" наздиктар буд. Баъди каме оромиш давом дод.- Ман сабри зиёд надорам ва такрибан бо хама даъво кардаам. Барои хамин касе ба ман духтар намедод. Модарам дах маротиба аз хостгори гирён баргаштааст. Худаш низ мехост ман зан нагирам, фикр мекунад агар кахрам омад зада мекушам ва ба хуни фарзанди мардум доман тар накунам гуфта хамеша нигарони ман аст. Вале ту натарс. Ман киссаи туро медонам. Аз оромии ту хамеша хушхол мешудам. Ман одамони ором ва камхарфро дуст медорам. Медонам, ки ба ту тачовуз карданд, медонам, ки пулхоятро ба нашрия доди, медонам, ки ба падарат хеч чиз нагуфти. Ман хамаашро медонам. Медонам, ки хануз устодро мунтазири ва фикр мекуни, ки як руз бармегардад. Вай барнамегардад. Бехуда интизори кашида вактатро сарф накун. Агар баъди шунидани ин хама харфхои ман фикри худро дар бораи ман ва зану шавхарии мо иваз карди, метавони ба хонаи падарат баргарди, ман хеч монеъи ин намешавам, агар мехохи бо ман мони, мон. Дар хар ду хол хам ту зани ман мемони ва ман барои кумак ба ту хамеша хозирам. Шарофат бо дахони боз ва чашмони хайратзада ба харфхои вай гуш мекард ва намедонист чи чавоб дихад. Аслан чавоб дихад ё на. -Вале як чизи дигар...- сарашро ба тарафи дигар карда суханашро давом дод рассом.- Баччахо гуфтанд, ту он чо дар мошин духтар набуди... Ки буд аввалин кас? Шарофат бо шунидани ин аз чой баланд шуд ва ба тарафи дар давид. Ин хама огохии наккош уро нигарон карда ва тарсонида буд. Дарро хар чи кадар хост боз кунад нашуд. Ин лахзае буд ки Шарофат борхо пеши назари худ тасаввур карда буд, аммо ба гушаи хаёлаш наомада буд, ки аввал харфро наккош матрах мекунад. Барои хамин як каме тасмими худро аз даст дода буд ва ба тарафи дар давиданаш низ аз бетасмими буд. Каме харакати худро сусттар кард, мисли ин ки агар дар боз бошад хам ба берун намедавида бошад, оромтар шуд ва ба тарафи наккош гунахкорона нигарист. -Хуб, хуб ором шав. Мачбур нести чавоб дихи. Дарро сар дех.- аз пушти вай рафта дастонашро аз дастаи дар рахо кард рассом.- Биё, ин кори ман нест. Дигар намепурсам. Бас кун, болои хамаи ин боз гиря накуни. Гиря маро асабони мекунад. Шарофат бо дастони ларзон худро рахо кунонида ба тарафи рахти хоб давид ва сарашро бо курпа пушонида ба гиря шуруъ кард. Рассом дари яке аз токчахоро боз кард ва теги калам тезкунии худро бароварда, бо нуги он зери ангушти худро аз чои нонамоёнаш каме буррид... Шарофат хамон дар гирёи худ гарк буд ва хатто барояш мухим набуд, ки аз сари наккош чихо мегузарад. Чунон бо маром ва бо дард мегирист ки гуё то субх оби дидагонаш тамом намешуда бошад... Субх вакте Шарофат бедор шуд, шавхараш набуд вале пушти дар садои зане мебаромад, ки садо мекард. -Келин, ин чо барои шумо об овардам, дасту руй мешуед агар, хозир аст. Э, салом, келинчон, салом. То шумо дасту руй шустана ман хонаро тамиз кунам, ки хамин алъон холамуллохо меоянд. Шумо хам зуд точ ва фаранчиатонро ба саратон гиред, ки хуб нест шуморо ин хел бинанд ва агар тури онро ба руй кашед хам бад намешавад...- бо як табассами маънодор гуфт зан.- Чашмхоятон каме варрам кардааст, зарар надорад, хамаи мо зам ин рузхоро аз сар гузарондаем. Зарар надорад, далертар бошед, келин ва чаккон-чаккон ба мехмонон саломи субхгохи дихед. Мане хамин алъон бароятон субхонаи сабуке меорам, вактамон як каме кам аст. Зеро ман пушти дар мунтазир мондам ва нахостам хоби ширини шуморо вайрон кунам. Азизчон хам каме дертар аз хона баромад. Зарар надорад. Келинчон, куддохо наранчанд шуд, мо одамои фахмида...- гуён пешдастии дишабро, ки дар он нону чой хамон тавре буд даст назада мондаро руи ду дасти худ бардошта бо эхтиёт аз дар берун рафт... -Бах, бах чи келини чавону тару тоза! Бах-бах мо ин кадар хам тасаввур намекардем-е, кудо муборакатон бошад. Бах-бах, илохим, хушкадам биёяд, кудочон. Омин, кунед-е занако, баъдтар хам хурдан мегиред.- гуён зани нисбатан калонсолтар аз дигар занони дар утоки арус нишаста, ба руйбинони арус шуруъ кард. Бо хам пиру бадавлат гарданд,- дастони худро ба руёш кашида гуфт вай.- Илохи омин! Бист си нафар зане ки дар даври хона болои курпачахои дукабати атласи нишаста буданд низ дастхои худро ба руй кашида "Илохи Омин" гуфтанд. Арус дар пешгахи хона зери пардаи аз шифт овезони арусии, ки модараш бо нияти арусии вай духта буд, рост истода ва чашмони худро ба замин духта даструймоли калоне дар руи дастонаш пахн буд ва ба хозирон охиставу ором хаму рост шуда таъзим медод ва даструймол аз чашм поини руяшро панох карда буд. Точу фаранчии вай ба тарзи самарканди буд ва барои бухориён каме ачиб ба назар мерасид. Даври хона пур аз либоси арус ва домод буд ва Шарофат баъзеи онро дар сандуки модараш дида буд, вале баъзеи ононро, модари домод барояш гузошта буд, ки субх як назар андохта буд. Вале чолибтарин ва ноошнотарин чизе, ки хануз вай надида буд, матои сафеде болои сари вай дар гушаи пардаи шаби хоби арус ва домод овезон буд ва лаккаи сурхчатобе дошт... Шарофат тамоми руз даст бо он дастмол пушонида ба хозирон таъзим мекард ва дасташро бо хамон мароми аввала, вале холо каме охистатар ва аёонан хастатар болову поин мекард. Занон хама дар дахон чизе мехоиданд ва харфхои шухиву хандадор мекарданд ва баъзан мераксиданд ва арусро мебусиданд. Шарофат дар олами худ танхо буд ва гох-гох ба зани Устод менигарист, ки дар тарафи чапи у бо модари вай нишаста буд ва ба харфхои модари вай гуш дода, гохе сар мечунбонд ва гохе локи сурхи ангуштони пояшро бо нохунаш метарошид. "Бояд ба оханги дилат дилат гуш дихи ва харфхоятро бо он оханг бирези. Агар шоди шод, агар гамноки гамангез." Харфхои устодашро ба ёд овард вай. Ва ёдаш омад ки духтарони дех вакто дар паси девори онон аз оуи расму одати дех шабро бо суруду ракс мегузарониданд. бештари сурудхояшон гиряовар буд. Аз Самарканд то Бухоро барои онон рохи дарозе буд ва нодории моли ичоза намедод ки хар сари чанд ба ин рохи хафт панч соата бо мошинро биёянд. Ва хама якин мекарданд ки дигар Шарофатро шояд як ё ду маротибаи дигар то охири умри худ бибинанд. Шарофат хеч вакт ба масохати дурии байни Самарканду Бухоро фикр накарда буд, аммо баъзан хушхол мешуд хар чи кадар аз дех дуртар хамон кадар бехтар. Аммо боз дилаш тах мекашид ва худро мисли хиёнатгаре медид ки мачбур аст аз гурухи азизионаш дур бошад. Асрори у зиёд буд ва мутмаин буд, агар фош шуд хеч касе аз ин духтарони мохчехра ва ширигсадо бо у робитаи худро идома нахоханд дод. Аммо холо ки аз тамоми зиндагии вай хабаре надоранд ва аз ин арусии вай гамгин хам хастанд ва даст бар гардани хамдигар нарм-нарм овоз мехонанд: "Лайло-Лайло, Лайлоя бурдан(д), Лайло, Сиёхчашму кад-болоя бурдан(д), Лайло... Лайло-Лайло, Лайло.... Мехмонон хушхол рафта буданд ва хешовандони арус низ бо эхтиром ва тухфахои зиёд гусел карда шуданд. Шарофат танхо монда буд. Зане аз хешовандони модариаш кабл рафтанаш ба вай гуфта буд, ки "он дастмолатро" дар кунчи сандукат нигах дор ва калидашро ба хеч кас надех, хатто ба шавхарат хам.- гуфту аз руи вай бусид. Шарофат ки он вакт сараш хам буд ва ичозаи харф зада ва савол доданро хануз надошт, хайрон ба чахор тарафи хона нигарист. Чашмаш ба он матоъи овезон афтод. Хамчунон хайратзада ба он даст дароз кард, вале кадаш намерасид. Ногахон дасте онро поин кашид, ки Шарофат аз тарс як кад парид. Он дастони шавхараш буд, ки охиста вориди хона шуда буд. -Ин кори ман буд. Хуб барои чонатро халос карданам ба ман чи медихи?!- нимчиддиву нимшухи гуфт наккош. -Ин чист? -Ин? Ин... -бо каме фикр- ин-ми, ин хуни дасти ман аст, вале ман ба ту бахшидам. -Чаро? -Ин тавр бехтар аст. Намехохам сари ту пеши хешовандони ман хам бошад. -Он дог метавонад маро сарбаланд кунад? -Хо, хамон хун. Гуш кун ба ин масъалахо бояд чидди фикр куни, модари ман як одами суннати аст, мабодо фахмад, ки ту духтар набуди, ё хатто ман акси лухти туро кашидаам, хар дуи моро шарманда карда аз хона меронад. -Биё худамон равем! -Кучо? Аз рузи аввал шуруъ накун. Бигзор як ду руз дам гирам. Баъд фикр мекунем. -Ман дар Хобгохи Донишгохи Самарканд хона гирифтаам, аммо... -Медонам, падарат ба ман гуфт. Холо ту вокеан хам ба он Донишгох рафтани хасти? Шарофат бо эътироз ва тарсомез ба вай нигарист. -На, ман нарав гуфтани нестам, вале агар мешуд он сабти номатро ба ин чо ба Донишгохи мо мекучониди. -Дар Бухоро ман хама чоро пурсидам, факултаи забон ва адабиётро, ки ман онро интихоб кардаам, имсол хеч донишчу кабул накардааст ва чор соли баъд, вакто ки донишчуёни охирин тахсили худро ба охир оварданд, ба кулли баста мешавад. Дигар хеч факултае пайдо накардам, вагарна инчо дар Бухоро дарс хонданро аз аввал орзу мекардам. -Хмм, хама дархо кам-кам ба руи мо баста мешавад. Ман ки мехостам ба факултаи рассоми равам, гуфтанд ба забони руси ва ё узбаки бояд бихонам, зеро китобхои дарси ба забони точики надоранд. Ман гайр аз точики хеч чизро намедонам, шояд донистан намехохам. Чаро бояд хамаи ин маммохоро имшаб хал кунем? А? Биё ягон харфи дигар занем. -Метарсам ки ин муаммохоро то охири умр низ хал карда натавонем. -Холо ин кадр хам сиёси набош, ман аз ин сиёсатхои ноумедкунанда безорам. Бехтараш дастархон боз кун чизе бихурем... *** *** Эй худоё! Осмоно! Эй Ватан! Эй киблаи ман! ... Баъд аз ин фарёди ман хам, Хамчунон фарёди пинхони чавононат ба хайхот, Боз монад дар хаво чун сели мургони мухочир Беватан, бехонаву беору фарханг, Бе Бухоро Бе Самарканд! -Хмм, хуб аст. Ман аз назари маъно мегуям албатта. Вале чаро ту ин кадар ноумеди? Агар шоир шудани хасти мардумро тасалли дех, кумак кун ба онон, на ин ки болои сухтаашон намак поши ва боз гуи ки ман шоири шумо хастам. На, ман ин гуна шеърхо рози нестам. -Ин оханги дили ман аст. -Пас дилатро муолича кун. -Аз шеър умуман, аз оханги вай хушат омад? -На, чи хел хушам биёяд, бештар мегирёнад одамро. -Пас гиря кун.- гуён Шарофат дафтарашро баст ва ба поин ба майдони сангфарши Мири Араб нигарист. Наккош матои худро руи чахорчуб пахн карда буд ва манзараи сурхчатоби гунбадхоро дар гуруби офтоб мекашид ва хамеша ба самте нигарист ки мавзуъи худро медид. Наккош дар ин як мохи издивочи худ ба табиати Шарофат одат карда буд ва бо у бештар эхсоси хохару бародари дошт. Бахсу сухбатхои онон бештар дар лахни хоси дустонае сурат мегирифт, ки маъмулан на дар Бухоро на дар Самарканд хеч зану шавхаре мисли ин ду бо хам боз ва самими набуданд. -На, зиндаги барои ман зебост. Осмон соф аст. Як гулбадане мисли ту хам пахлуи ман нишастааст, пас ман чаро бояд гиря кунам. Ман мехохам шодмон бошам. Агар дар чое кам меоварам ба ман кумак кун ки комилан шодком бошам. Вагарна гирёндани мандум осон аст. Хатто куштан хам. -Ту хеч вакт одам куштаи? пурсид ногахон Шарофат ва зуд забонашро газид. -... -Ман фикр мекунам ки одам кушта метавонам. Рост меги хеле осон аст одам куштан, ба шарте ки бо ту бади карда бошанд. -Ба ту ки бади кардааст?-сар аз матоъ боло наоварда ором пурсид наккош ва мукаламеро ба байни дандонхояш гузошт. -Аввал он мардеро ки ба ман тачовуз кард, дуввум он ронандаро ки ба ман метавонист кумак кунад, аммо накард ва... ва.. баъд он ду зани фохишаро. -Онхо фохиша нестанд балки факат духтаронро ба ин рох мебаранд ва ба онхо кумак мекунанд, ки визахои кишвархои хоричи бигиранд ва вуууууу....ввв,- дастонашро мисли тайёра ба хаво бардошта шухиомез,- Озоди!.- гуфт наккош. (идома дорад)
December 29, 2003 9:25 PM