December 27, 2003

" Шогирд ва Устод"

(идомаи "Падар ва духтар", тиккахои романи "Аз Самарканд то Бухоро") Духтар аз зинахои Арк боло мерафт ва тамоми баданашро мургакон медавиданд. Садои кафшаш бар сангхои фарш бархурда садои вохиманоке баланд мекарданд. Духтар сару баданаш сард ва ранги руяш сафед канда буд. Вай худро дар замони инкилоб тасаввур мекард. Айнан дар хамон замон ва дар хамон холате Садриддин Айни дар ёддоштхояш тасвир карда буд. Ба ёдаш кушторхои бисёр вафшиёнаи Зиндони Амир омад, чашмонаш калонтар аз он ки боз буданд боз шуданд. Ба назараш чунин буд, ки агар ин дарвозаи чубини бузург боз шавад, ру ба руи вай чаллодони маъруфи Бухоро, ки дар китоби «Чаллодони Бухоро» хонда буд, хоханд пайдо шуд.

Духтар баргашт ба суи Манори Калон назар андохт, вале онро комилан дида натавонист, аммо гуё садои аз Манор уфтодани Зубайдаро, ки аз ноумеди даст ба худкуши зада буд, шунида бошад ба чахор тарафи худ нигох кард. Дар як филми узбаки буд, ки Зубайда барои ишки ноумеди худ ба ин тасмими ба назари Шарифа нодуруст худро аз манори калон ба поин меандозад. Хар чи ёдаш меомад хама вахшатнок ва тасрбор буданд. Дарвоза бо он садои гариби гиииич-гиччи ба хам соидани чубхои канори он боз шуд. Дохили Арк чанд нафар занон ва чавононе, ки барои мусофирон матоъ ва сафолхои бухори мефурухтанд, чизу чораи худро чамъ мекарданд ва байни хам паст паст аз даромади имрузаи худ харф мезаданд.-Чанд нафар хоричи омад имруз?- Се нафар. - Чи кадр гирифти?- ду сад доллари ва як дах доллар барои руймоли шол, тахтаи шохмот ва як кузаи сафоли… Майдафурушон бастахояшонро чамъ карда ба яке аз даричахои зиндон дарун гузоштанд ва даричаро баста доманхои худро аз гард такон дихон аз дарвозаи калон берун рафтанд. Духтар хамчунон канори рохе, ки панчарахои хурд ва торики хучрахои зиндон ба суи он боз мешуд, кадам мезад ва чашмонаш хамон вокеъоти гузашта ва тасвирии худашро медиданд. Гуё хеч савдогаре он чо набуд, гуё хеч сухане ва хеч чизе аз имруз аз асри нав он чо вучуд надошт. Духтар аз хар панчараи зиндон ба дохили он нигох мекард ва дунболи Канахона мегашт. Хамон канахонае, ки Садриддин Айниро ба чурми чадиди ба он андохта буданд ва 76 чуб хам бар пушташ зада буданд. Духтар ба нохост дастонашро аз такягохи канори панчарахо кашида гирифт ва ба кафи дастонаш нигарист. Баданаш норохатона ларзид ва дастонашро ба доманаш сахт-сахт молид. Ба ёдаш канахо ва шабушкхое расиданд, ки ба пушти аз зарби чуб лахт-лахт шудаи Айни часпида буданд ва катрахои хуни ва гушти аз зарба урён шудаи баданашро мемакиданд. Вай дар тамоми деворхои Арк он шабушони аз хуни Садириддин фврбеху варамкардаро медид ва тамоми баданаш ба ларза меомад. Ногахон дастонаш ба суи биниаш баланд шуданд ва онро панох карданд. Ба ёдаш таххонахое, расид, ки зиндониён дар як утоки хурд ва торик ва бехаво хам мехобиданд, хам нони хушку ночизи худро мехурданд ва хам дар гушаи дигари он даст шуи мерафтанд. Чини байни абрувонаш торафт калонтар мешуд ва абрувонашро ба хам наздиктар мекард. Яке аз дархои он боз буд. Духтар бо охистаги ва боэхтиёт онро боз кард, вале зуд дубора баст ва дур шуд. Майдони Арк бузург ва ру ба осмон боз буд. Охирин нурхои офтоб хануз буи худро дар сангхои хануз доги сангфарш боки гузошта буданд. Гуё Амир базм дошт. Гуё Амир дар харамсаройи худ бо айшу нуш саргарм буд, ки касе чуръати берун омадан аз хучра ва ё чуръати баровардани садое намекард. Духтар хар чи фикр кард чизи хубе кори одилонае аз Амир ба ёд оварда натавонист. Хама чизе ки хонда буд, хамеша аз ахмаки, камсаводи, чохили ва золиму хунхории Амир мегуфтанд. Хавсалаи ба саройи у рафтанаш нашуд. Баргашт ва дар рохи баргашти худ фикр мекард, ки чаро агар ин Амир одами бад буд вайро ба Амири интихоб кардаанд, вале ба акли чавонаш ягон чавоби конеъкунандае намеомад. Пас русхо хуб кардаанд ин марди танбалро аз кишвари мо берун кардаанд. Вай кучо рафта бошад? Оё хар чи ба вай нисбат медоданд хамааш рост буд, хамааш хакикат буд? Аз ки бояд пурсид? Духтар боз дунболи зиндон рафт дилаш мехост Айниро равшантар тасаввур кунад. Дилаш мехост бинад, ки ин марде, ки хама аз вай бо хуби харф мезананд ин чо чигуна ба сар бурдааст. Чи чиз вайро зинда нигах доштааст? «Худо.» гуфта буд устодаш, вале духтар мехост пурсад, агар худо вайро дуст медошт, пас чаро ичоза дод, ки зиндони шавад. Вале напурсид, зеро устодаш боз асабони мешуд ва дарсро нотамом гузошта мерафт. Он дари бозро дубора кушод ва ин дафъа ба дохили он ворид шуд. Ворид шуд ва дар гушаи он нишаст. Орому сокит зонухояшро ба дасташ гирифта нишаст. «Ин чо хануз шабушк дорад? Мехост аз касе пурсад, вале касе набуд. Атроф хама чо сокит ва ором буд. Ин чо хамон чоест ки Айниро андохта буданд? Чашмонаш ба торикии утоки зиндон одат карданд ва вай панчараеро ки аз берун ба дохили ин уток нигариста буд, дид. Ба ногох садои суми асб ва сарусадои лашкари дарозро шунид, ки таракотурук аз канори панчараи зиндон мегузаштанд ва садои ба хам бархурдани найзаву туфангхояшон манзараро вахмноктар мекард. Тасаввур кард аз чояш баланд шуда ва канори панчара рафтааст ва берунро ба рохати мебинад. Ногахон Амирро мебинад, ки руи асби никобдоре ва бо тарзи аз дигарон фарккунандае зебдода нишастааст. Саллаи зар ва бузурге дорад, вале болои асб рост нанишастааст. Китфонаш гуё ба пеш хамидааст ва гарданаш беитоатона ба хар тараф бо баробари такон хурдани зин меларзад. Амир дар холате, ки маст буд Аркро тарк мекард. Амир меравад, Амир хама молу мулкашро ба асбхо бор карда меравад. Мегуфтанд зиндониён. -Моро хам озод кун, эй Хазрати Амир! Охирин кори одилонаи худро ба таъхир маяндоз! - фарёд мезаданд бандиён… Дарвоза сахт баста шуд ва тамоми хаёлоти духтар ба хам рехт. Аз чояш баланд шуд ва домани аз одаташ дарозтари худро бо дастонаш чамъ карда ба берун давид ва дарвозае, ки тоза аз дарун куфл зада мешуд, тела дехон бо зур боз кард ва бидуни ин ки ба посбон чизе гуяд аз зинахо поин давид. Посбон куфл дар даст хайрон аз паси вай нигариста монд. Вай ки хама чои Аркро дида баромада буд аз кучо пайдо шудани духтарро нафахмид ва дарро боз гузошта дубора ба тафтиши Арк баргашт, ки мабодо боз каси дигаре пинхон шуда бошад. Духтар аз зинахо ба замин фаромада буд ва ба суи хонаи устодаш медавид. Бо тамоми кувваташ медавид. Ногахон гуё чизе ёдаш омада бошад, истод ва самташро иваз кард. Зери дарахти туте нишаст ва боз дубора бархост. Хануз аз он чи дар Арк ба вай рух дод берун наомада буд ва хамзамон ёдаш расида буд, ки вазифаи устод додаро ичро накардааст. -Мафоилун, мафоилун, мафоилун. Мафоилун, мафоилун, мафоилун…-зери лаб ба такрор кардан шуруъ кард вай. Аз он ки зиёд давида ва бисёр хаячон карда буд, нафасаш танг мешуд ва харфхоро пурра такрор карда наметавонист. Хамчунон зери лаб такрор кунон ба суи макбараи Сомини рафт ва пахлуи наккоше, ки Макбараро дар сояи нури гуруб наккоши мекард, нишаст. -Салом. Наккош чавобе надод. -Як бори дигар салом. Боз чавобе нашуд ва наккош хамчунон бо саросемаги рангхоро бо хам омехт ва боз руи когази худ хам шуда- Ин кадр салом-салом накун, чи магар барои арус шуданат тайёри мебини, хануз зуд аст барои ту… Чи мехохи? -Хеч чиз. -Ту ки хамеша чизе мехости меомади, холо чи шуд, ки хеч чиз намехохи ва омади? -Каламу варак мехостам пурсам… -Нагуфтам, нагуфтам, ки боз чизе мехохад. -коматашро рост карда ва дастонашро ва пушти дастонашро ба камараш такя кунон садои ноламонанде баровард наккош.-Мах, ина гир ва мана ба холи худам мон. На. На ташаккуратро мехом на баргардонида оварданатро. Рав, рав, муваффакият. Ист ин дафъа акси чиро мекаши? -Амирро. -Чи? Амирро. -Дар кучо диди вайро. Духтар чавоб надод ва аз канори наккош дуртар рафта нишаст.- Магар факат чизхои дидаро мекашанд. -Фардо агар омади боз акси худоро мекашам нагуй. -Хуб чи шудааст, мекашам, агар хостам. Вале намехохам. -Ки кашидааст, ки ту каши. -Хуб нахостаанд, накашидаанд, айби ман нест. -Вой, хамеша хаёли маро парешон мекуни. Кай ба хонаат бармегарди Самарканди.- гуфт вай калимаи охирро бо як навъ тамасхур омехта. -Фардо. -Хамеша фардо мегуи. Кадом фардоро мегуи. -Шумо хаёли мана парешон карда истодаед. - Э, гум шав, як вачаб ачина, боз ин кадр катагари мекуна. Онхо хар ду ба кори худ машгул шуданд ва баъд аз чандин дакика дигар хузури якдигарро фаромуш карданд. -Ма-фо-и-лун, ма-фо-и-лун. Мо-да-ри ман на-ме-до-над Мо-да-ри ман на-ме-до-над… Ххх,на ин хел не- болои хамаи навиштахо хат кашид духтар. Ма-ро мо-дар на-ме-до-над, бале бале ин мешавад,- ба худ хурсанд шуд вай. Вале давомашро гуфта наметавонист. Ин ду мохи расо буд, вай дар хонаи дусти падараш танхо хамин вазнро такрор мекард ва дар ин вазн шеър аз бар мекард, вале навишта наметавонист. Устодаш мегуфт, ки ту тасаввур карда метавони, фикрхои хуб дори вале аз колаб хамеша берун мерави. Хануз колабро намедонист, ки чист ва чаро бояд ин хичохоро риоят кард. Вай дилаш мехост факат нависад, чизхои дидаашро, шунидаашро, хобхояшро нависад. Вале на ба шакли наср, пас шеър навис, мегуфт падараш. Вале вай шеъри хуб гуфта наметавонист ва фикрхояшро низ гум мекард. Хусусан баъд аз он ки муаллими адабиёташ ба вай гуфта буд, ки «аз мо дигар шоир намебарояд чавониятро бехуда сари ин чизхо сарф накун, ягон касби хуб ва пурдаромад ёд гир то ба хонаводаатон кумак расони», навиштани соддатарин чумла хам барояш сахт шуда буд. Дигар на ба худаш бовар дошт ва на ба кушишхояш. Вале боз хам мехост нависад. Навиштан ва хондан барояш мисли бози кардан ва дар кучахо пои луч тохту тоз кардан лаззат мебахшид, аммо аз натавонистан худро мисли баччахои маъюб эхсос мекард. Хамеша дуст дошт бидавад, дар дарозтарин кучахои шахр ва дар хамвортарин ва сабзтарин доманаи кухсори Самарканд бидавад ин кадр бидавад, ки окибат мушкилаш хал шавад. Эхсос мекард, ки чизе дар сари синааш гир кардааст ва на берун меояд ва на дарун меравад. Дар Бухоро чое, ки вай ду мох ин чониб зиндаги мекард, хануз дусти хубе пайдо накарда буд, хатто дар Самарканд низ дусти наздик ва бовариноке надошт ки бо у аз орзухояш харф занад. Наздиктарин дустонаш ахли хонаводааш буданд. Дилаш хатто барои онхо танг шуда бошад хам, вале вазни шеър ва равонтар наивштанро ёд нагирифта баргаштан намехост. Зеро аз падараш метарсид, на наметарсид, шарм мекард, на шояд шарм хам намекард, балки дуст надошт вайро ноумед кунад. Падараш хеле дуст дорад, ки вай нависанда бошад ва киссаи баччагихои вайро нависад. Падарашро мисли дусташ мешиност ва хамаи кудаки ва хамаи мухимтарин киссахои зиндагии падарашро чи дар замони чанги Чахони ва чи дар замони русхо ва чи дар имруз хама хамаро дар ёд дорад. Хатто киссахои ширини модарашро, ки шабони сарди зимистонро гарм ва кутохтар мекарданд. Вале ин чо касе кисса намегуяд барояш, факат вазифа ва дарс ва аз ёдкардани шеърхое, ки хеч кадоми он шеърхо бештар аз ду руз дар ёдаш намемонд. Дар ин муддати ду мох ки вай ин чо дар хонаи дусти падараш, ки шоири аст ва ба забони хам узбаки ва хам точики шеър мегуяд, вазни шеър мехонад, як савол азияташ мекард ва хамеша аз пурсиданаш худдори мекард. Мехост аз устодаш пурсад, ки чаро писари шумо хунари шуморо ёд намегирад, чаро вайро ба дарсхои гаронкиммати забони англиси мефиристед, вале забон мегазид. Ба худ фикр мекард, ки писари устод ки ин чо канори Арк ба воя мерасад, вале хеч вакт пеши Макбараи Исмолиён омада нанишастааст ва хеч вакт хам хатто то охири умраш низ барои ба дохили зиндон даромадан чурът нахохад кард. Ба модараш фирк кард, ки хамеша мехост, ба Лаби Хавзи Бухоро биёяд ва ба оби он тангаи умед андозад ва орзухои баланд барои хушбахтии фарзандонаш бикунад. Агар модараш донад, ки вай дохили зиндони Айни рафта ба танхои нишаст, фарёдаш ба осмон мебарояд. Вале хатман хамдарсихояш бовар нахоханд кард. Фикр кард агар нависад онхо бовар хоханд кард. Вале ба устод чи мегуям. Агар хамаашро гуфтам чи. На. Чанг мекунад… Ма-ро мо-дар на-ме-до-над Ки дар зин-до-ни Ре-гис-тон А-мир-ро ди-дам….ХХХХХХХХХ на! А-ми-ри хас-та-ву мас-ти Бу-хо-ро-ро Гу-ре-зон ди-дам аз по-ён !!! Шуд, шуд тонистам, Хаминро ба модарам мехонам. Кош модарам ин чо мебуд. -Холо шуд. Вазнашро ёд гирифти, вале аз назари мантик… хам фикр кун. Хуб онро хам кам-кам ёд мегири ту хануз чавон хасти. -Чияш хуб нест ба ман гуед, ман ислох мекунам. -Ту хануз ислох карда наметавони. Ин мисраъхо ин кадр ба ту наздиканд, ки хеч вакт, то даме, ки ботачриба нагарди ислох карда наметавони. Вале хуб, бошад. Ин чо ки Амир маст ва хаста аст. Чаро Амирро масту хаста мегуи маълум нест. Ва чаро гурезон дидам аз поин мегуи. Инхо муглак ва норавшан монаанд. Аслан бояд тасвирро зеботар ва равшантар навишт. Фахмо? -Ман дар поён истода будам, Амир аз сарояш маст омад ва лашкараш молу мулки вайро ба асбхо бор карданд ва аз Арк рафтанд. Ман аз зиндон медидам, ман пеши зиндониён будам. -… Боз паи хамон хаёлпарастихои худат рафти. Дуруст, фикр хаёл дар шеър хуб аст, вале ба шарте, ки барои дигарон хам фахмо бошад. Хуб ин бахсхоро барои дигар руз мегузорем, мафоилунро пас ёд гирифти. Холо фоилотунро шуруъ мекунем. Ин чо хам хамон коидаи хичохоро бояд риоят куни, вале вазни каме дигартар аз мафоилун. Гуш кун, Ин аз хичохои дароз-кутох-дароз-дароз сохта мешавад. Фоилотун, Фоилотун, Фоилотун, Фоилотун, яъне боз хам мисли мафоилун чахор бор такрор мешавад ва як рукни комилро ба вучуд мебиёрад… Духтар хануз дар сахнаи гурехтани Амир гирифтор буд ва харфхои устод кам-кам ношунавотар мешуданд. Духтар ба Амири берахме фикр мекард, ки аз пахлуи зиндониён масту хоболуд мегузарад ва кишварро бидуни ин ки бандиёни бегунохро озод кунад тарк мекунад. Тахтапушти тика-тика чок ва хуншори Айниро шабушкон ва канахои амдан парваридаи зиндонбонони Амир мехуранд ва тухм мегузоранд. Факат ба назараш пушти хунолуд ва тика-гуштхои аз он кандашуда ва чойхои буридаи чуб хама чойро шабушкон пур кардаанд ва ин тараф он тараф факат барои озор додани Айни харакат мекунанд. Ин кадр хун макидаанд, ки дигар варам кардаанд. Шабушкон ва канахо лахза ба лахза пеши назараш зиёд мешуданд ва тамоми шахри Бухороро пур мекарданд. Мисли хоки дар харакат хама чоро бо ранги худ сиёх карда буданд. Ба ногах борони шадиде меборад ва хамаро мешуяд… -Боз хобаш бурд. Рузи дароз худашро бо бозихои бехуда хаста мекунад ва вакти дарс хобаш мегирад.-гур-гур кард устод. -Падари ин духтар одами хушёре ба назар намерасад. Ин духтарро аз он рохи дур оварда ин чо гузошта рафт. Ин замоне хаст, ки вазни шеър хонанд. Ягон касби ё ягон хунар омузонад намешавад, ки фардо ба дасти касон нанигарад. -Бас кун, ту ба писари худат хам камтар насихат куни бад намешавад. Падари касонро ба холаш гузор. Зани ахмак, агар хоб набошад чи, агар харфхоятро шунавад, чи? Бефикр. -Ахмаки бефикр намебудам зани мисли ту шоиргадо мешудам. -Шоиргадо? Девона будем, холо шоиргадо шудем? -На девонагиат ба худат марбут, вале ин лакаби туст ки хама аз пуштат мегуянду механданд. Шоиргадо. Ман чи гунох карда будам, ки …. -Бас кун. Боз шуруъ накун. Чахор тарафат кибла, хар чо хости рав, вале дар хонаи ман магал накун. Ман хастаам. -Оре, хастаи, шояд боз илхомат омада, шеър мехохи нависи? Боз аз ки норози хасти аз чи хушат намеояд? Магар барои ту бозича хастем, ки бо чони хамаи мо бози мекуни? Чанд дафъа ба ту хушдор доданд? Чаро гуш намекуни. Ман агар ба ту бепарво мебудам, хеле пештар аз ин рафта будам ва хама ба ман рахмат хам мегуфт. Бо чони фарзандонам бози накун. Шеърхоят сарата хурад. Нанависи магар мемури… Устод аз дар берун рафт ва куттии сигорашро аз чайьаш берун овард… Осмони Бухоро мисли хамеша соф ва пур аз ситорахои дурахшон буд. -Ачаб, Маро модар намедонад Ки дар зиндони Регистон Амири хаставу масти Бухороро Гурезон дидам аз поён. *** -Мо ба инхо дигар ниёз надорем. Маълум нест, ки кай худашон бармегарданд. Шояд хонаро хам омада кофтукоб кунанд.- гиря гулугираш шуд ва зани устод бастаи варак ва дафтархоеро ки дар дасташ буд ба дасти духтар дод ва руяшро ба тарафи панчара гардонида гирист. Писари дахсолааш низ омада лаби доманашро гирифт ва даст ба камари модараш кашид. Устодро баъд аз он хушдорхои зиёд, ки мехостанд дигар ба баччагон дарси форси ва шеър омузонданашро бас кунад, дигар касе надид. Аз гайб задани устод се хафта гузашта буд, ки падараш барои бурдани Шарофат омада буд. Шарофат хамаи он чойхоеро ки устодаш барои оромгирифтан мерафт ва соатхо нишаста чизе мехонд ё менавишт, як ба як рафта дид ва хар чоеро, ки ба назараш мерасид, мерафт ва суроги устодашро мегирифт. Вале аз устодаш хабаре набуд ва хатто хамсояхо аз омадан ба хонаи устод метарсиданд. Мардуми Гулбог борхо шохиди ин гуна ходисахо шуда буданд, ки касони мухолифи давлат ё хокимияти махалли хамин гуна беному нишон гум мешуданд ва хеч касе аз онхо чизе намешунид. Дар ин бора хикояту ривоятхои вахшатноке мисли зиндонхои зеризамини ва тарзхои гуногуни куштани «гунахкорон» пахн шуда буд, ки мардум чуръати холу ахвол пурсидани хонаводаи мазлумро надошт. Зеро борхо рух дода, ки касеро бурдаанд ва баъд аз он наздикон ё дустонашро низ бурдаанд ва хамчунон беному нишон дигар аз онхо хабаре шунида нашудааст. Хама талошхо ва кофтукобхои баччагонаи Шарофат бенатича буд ва хатто боиси гиря ва ноумедии бештари худи вай мегардид. Ба назараш чунин мерасид, ки вай падару модари худро надошт ва аз асл хамин чо дар Бухоро зиндаги мекард. Дарвокеъ вай Бухороро бештар кашф карда буд ва бештар аз он ки Самарканди худро шиносад шинохта буд. Ба ногах гайб задани устод Шарофатро танхо ва бекас карда буд. Дилаш намехост ба дехи худ баргардад. Дилаш намехост ба мактаби дех баргардад ва аз хамаи ин дарс ва аз хамаи ин дигаргунихо ва аз хамаи ин тозагихое, ки ин чо дидааст забон бигазад. Дилаш мехост барои хамеша ин чо монад. Вале набудани устод вайро боз дудила мекард. Ба зани бадзабон ва бесаводи устод фикр мекунад ва писари ноздонаи онхо, ки хамеша аз субх то шом сар ба руи китоби забони Англиси менишинад ва бо хаёлпарастии орзуи сафари Омрико рузхояшро мегузаронад ва дарвокеъ на забон меомузад ва на ба модараш кумак мекунад. Шарофат хатто намедонист, ки оё устод аз ин писари худ ва орзухои ачибу гариби вай рози хаст ё на. Шарофат хатто намедонист, Омрико кучост, хеч вакт хам кунчкови накардаасд. Вай хамеша ба Эрон ва Турон фикр кардааст ва мардони чавонмарде чун Рустам ва Сухроб ва хатто Исфандиёр. Падараш мегуяд, ки Эрон дигар вучуд надорад, вай мисли Рум ва Афросиёби кадим аз байн рафтааст. Вале чаро аз устод напурсид намедонист. Шояд чизхои мухимтар аз ин дошт барои пурсидан. На устод мегуфт, вай пурсаволдехтарин шогирде хаст, ки дар умри худ дида буд. Шояд барои хамин вай бисёре аз саволхояшро ба рузи баъд гузошта ва фаромуш кардааст. Шарифа мехост пурсад, ки чаро дигар хеч касе вазни шеър намехонад, вале ёдаш мерафт. Ба назараш танхо вай буд, ки пеши устод вазни шеър хонда бошад ва гайбати ногахонии устод ки дарси уро низ нотамом гузошт, тасаввури равшане надошт ва касе ба вай сабаби дакики онро намегуфт. Дилаш намехост бо шунидахои ками худ каноат кунад. *** -Ман дигар он мактаб намеравам. -Пас ба кадомаш мерави. Чандто магар мактаб аст ин чо? -Намедонам ман ба хеч чиз кор надорам ва ин мактаб дигар намеравам. -Кучо мерави пас? Боз дилат Бухоро мехохад. Магар ёдат рафт, ки чи кадр ин дарси ту ба мо зарар овард. Ёдат хаст, ки кариб аз гуруснаги дар ними зимистон чон супорем? -Ман намедонам, ман чидди гуфта истодаам, ман дигар ба ин мактаб намеравам. Аслан чаро бояд ман мактаб равам. Мактабе, ки хеч чизро ёд намедихад ба рафтан намеарзад. -Хуб, окилаи замон пас шумо ба Донишгох меравед, хамин хел не? -Не, хануз зуд аст, баъд аз хатми мактаб меравам. Хатман меравам. -Пас, рав мактабатро хон, чи ноз мекуни. -Ин мактаб намеравам.-гуфт Шарофат ва аз дарвоза баромада рафт. -Кучо рафт вай баргардон ин тараф вайро. -Кучо хам меравад, зери багалаш китобаш буд, пеши бародараш меравад. -Нагу ки кумак мекунад ба вай. Ин хамаш зарар аст ин духтар. Боз меравад то торики хатнобин шудан китоб мехонад. Намедонам аз дасти ин тангдасти чи кор кунам. Дилам мехост хамон соли гузашта ба мактаби шахр барам вайро, вале харч дорад. -Чи кадр дорад, ман аз бародарам мегирам.-нуфт модари духтар. Дар зимистон, ки кумак кард, ин дафъа хам не намегуяд. -Камтар номус дошта бош занак, як бор дод гуфта рафтан мегири-ми? Зан хомушона ба лаганда кардани курпачаи худ идома дод. -Майлаш, рав. Гуй, ки ман хабар надорам. Аз шарм ба чашми вай чи хел менигарам дар чойхона. Гуй, ки бачахо каме маризанд ба шахр барои муолича мебарем. Нагу, ки ман мехохам духтарамро аз хисоби вай мехохам таълим дихам. Камтар барои рох ва тушаи рох кумак кунад, он тарафашро бо дустонам маслихат мекунам. Як дусти давраи донишчуим ончост. Вазъаш хуб набошад хам одами худ аст. Ба фикрам хануз хам фарзанддор нашудааст. -Мегум пои кадами хамин духтар ин кадар сабук нест, хар чо кадам мемона мушкил пеш мебиё. Худо худаш панохи ин дусти навбатиатон шавад-дия. -Забоната газ занак, чи меги. Фардо ягон хамсоя шунавад, дигар хеч кас ина хостгори намебиё. -Нигарон набош, бе хамин хам ин кадар аз духтари одамгурези ту хуши касе намебиёяд. -Духтари ман аз онхо хушаш намебиёд, фахмиди? Зани ахмак хеч вакт кадри худаша надонист надонист-дия. Ин духтар аз туи бесавод дуртар гардад як чиз мешавад, вагарна вой бар холи ман. *** -Омаданата ду хафта нашудааст, чаро танхо ба он чо рафти. Рохро ба ту ки нишон дод? Ин чо дехаатон нест. Ки хама туро шиносад. Ин чо шахр аст, дар хар кадам одами худу бад зиёд, охир хаминро хам намефахми-ми. Нигарон шуда мурдам-ку. - ба сарзаниш шуруъ кард сохибхоназан. Шарофат камтар аз бист руз аст, дар хонаи дусти падараш дар Самарканд зиндаги мекунад ва ба мактаби шахр меравад. -Инхо одамони хубанд,- ба худ фикр мекард Шарофат,- вале чи кадр тарсу ва нигаронанд. Дар хона агар тамоми руз ё то субх наомадам хам ин кадр нигарон намешуданд. Инхо мисли буз ба чахор тараф мепаранд ва камтари дигар наойи ба милиса хам хабар карданашон хеч аст. -Хуб, чи чизи чолиб диди он чо? Хатман бояд мерафти? Агар ба ту чизе шуда монад, худо накарда ба дадет чи мегуем мо. -Чизе нашудааст-ку, дигар нагуфта намеравам. Вале хама хамдарсонам бо хам рафтем. Муаллимамон гуфт, ки ин иттифок хар руз руй намедихад рафта дастгири кунем ва дар гушае нишинем хам кумаки калон аст. -Ох, ин муаллимоя мебини, бо баччахои кас, мехоханд бози кунанд. Ба киммати чони баччахои мардум бошад хам хамон рузномаи лаънатиашонро мехоханд. Хуб, рузномадор шуданд, баъд чи кор мекунанд? -Ором шав, чаро баччаро метарсони. Чизе нашудааст, ман хам он чо будам. Хама мактабхои точики хам он чо буд, бо муаллимонашон албатта. Шиорхои хуб навишта буданд ва умуман хуб аст, ки он чо рафтааст. Ту чаро вохима мекуни. -Агар чизе шуд, ин вазифаи зан аст, ё бехмадон аст гуфта чони мана нахуред, хуб-ми. Агар хуб бошад, баъд аз ин ман ба хеч кори хар дуи шумо дахолат намекунам. -Кошки хамин хел мекарди, вале афсус боз токатат ток мешавад ва васати кори мо давидакада медарои.- гуфт сохибхонамард хандида ва ба суи Шарофат нигарист, ки оё вай низ бо у хамфикр аст ё на. Шарофат хам дар лаб табассум ба даъвои сабуки зану шавхар гуш медод. Замоне, ки Шарофат ба Самарканд кучид, замони ороме набуд. Аввалхои бозсози дар саросари кишвар хамаи мардум, хусусан миллатхои гуногуне, ки он чо ба сар мебурданд, хакку хукуки худро талаб мекарданд ва дар канори бинои хокимиёти шахр рузхо ва хафтахо гуруснанишини мекарданд. Он руз он чое Шарофат бо дустонаш рафта буд, тазохуроти талабгарони точик буд, ки аз давлати Узбакистон ва шахсан аз хокими шахри Самарканд ичозаи нашри рузномае ба забони модарии худ мехостанд, ки дар он замон дар кулли шахр ва навохии он ягон рузномае ба забони точики нашр намешуд ва хар чи мешуд ё ба забони узбаки буд ё ба забони руси. Дар вокеъ огози ин тазохурот аз гуруснанишини эълом кардани як шоири точик сар зада буд, ки дар пушти дари бинои хокимият нишаста буд ва то чанд руз, то замоне, ки ба вай ичозаи нашри рузномаро надоданд, аз чой баланд нашуд. Шарофат албатта ба хамаи мочаро ва ба хамаи мураккабихои сиёсии он пай намерафт, вале аз он ки точикони гирду атроф, хусусан, точикони кухистонинишин ва аз дехоти дурдаст омада буданд ва бо шиорхои тунду нарм ва шеърхои миллатситои ва фархангдустии худ, ки бо рангхои гуногун зеб дода буданд ва болои сари худ такон медоданд, хушхол мешуд ва эхсоси ачибе ба вай даст медод. Дилаш мехост вай хам дар ин майдон сахме дошта бошад. Барои бештари мардуми азияткашидаи точик дар 70 соли дарози хукумати рус лахза ба лахза урфу одат, расму оин ва дину забонашонро аз даст медоданд, ахамияти он чо баромада эътироз кардан бештар аз ахамияти талаби рузномае ба забони модариашон буд. Хама медонистанд, ки рузнома хам мухимм аст, вале ба хамаи дарди онхоро даво нахохад шуд. Барои бештари хозирон ин тазохуроте буд, ки дар деги бузурге охиста-охиста мечушид. Рузи дигар вакте хамдарсони Шарофат мехостанд боз ба тамошои майдони тазохурот раванд, Шарофат ба онхо таклифе кард, ки онхо хам дасти холи нараванд ва чизе дар дасти худ дошта бошанд. Талабагон хеле фикр кард, ки чи шиоре дошта бошанд, ки аз дигарон фарк кунад ва садои баландтаре дошта бошад. Ба ёди Шарофат мисраъхое мерасиданд, ки дар ёд надошт, онхоро дар кучо шунида ё хондааст. Ё шояд худаш гуфтааст, на агар хам гуфтааст дар хобаш гуфтааст на дар хушёри. Хеле фикр кард онро комил ба ёд оварда натавонист, хар чи ки ба ёдаш омад, каме интараф он тарафашро тагйир дод ва, -Ёфтам! Овози Самарканду дили бози Самарканд, Парвози шав, эй лочини шахбози Самарканд! -На ин кадр хам хуб нест. -Чаро гуш кун, бо ин оханг мехонем: лай-лай-ла-ла-лай-лай, лай-лай-ла-ла-дай-лай, мх мх мх мх…. Чи гуфтед? -Хуб аст, хуб аст, хар ки рози нест варианти бехтар гуяд. Касе фикри бехтар аз ин надошт ва онхо шуруъ карданд ба такрор кардан ва аз бар кардан. Он руз онхо дигар ба руи когаз навиштани он вакт надоштанд ва факат дастони худро ба хамгирифтаву баланд бардошта ва руй ба суи утоки хокими шахр онро баланд-баланд хонданд. Рузи дигар онхо мисли мактабхои дигар шумора ва номи мактабашон ва он суруди шиоршудаашонро руи когази бузург навиштанд ва ба катори бехтарин гуруххои тазохуркунандагон ворид шуданд. Тамоми каналхои кишвар гурухи ононро дар маркази таваччухи хама карор доданд. Яке аз барномахои телевизион онхоро «лочинхои шахбози Самарканди» ном бурд, ки баъдан дар вирди забони хама гашт ва маъруф шуд. *** Овози Самарканд «Барои аввалин шумораи «Овози Самарканд» аз рузгори охирин шоири Бухоро.»- Чаро охирин шоири Бухоро. Зиндаги тамом нашудааст. Шояд боз ягон шоири дигаре ба дунё ояд, шояд хам омада бошад ва эъчод мекунад факат ту намешиноси. -Э,э чанд бор гуфтам, дафтархои мана нарасед. -Падарат туро ба дасти ман супоридааст ва аввалин вазифаи ман санчидани дафтархои дарсиат хаст. -Ин ки дафтари дарси нест. -Хуб, онро хам бояд хонам, агар нахонам, аз кучо медонам, ки ту ба касе ошик шудаи ё на. Падарат гуфта ки ту хатман бояд аз дехаи худатон дар назди падару модарат туй шави. Баъд аз ин ба ман нагу, ки чи кор кунам ё накунам. Фахмиди. -Дафтари шахсии маро хеч кас хак надорад расад. Хеч кас, хатто падарам. -Номаъкул кардед-дия шумо.- гуфт бо масхара дусти парадаш. -Ман фардо ба хонаамон бармегардам, модарам бо дасти яке аз холабачахоям нома ва пул фиристодааст. -Кучост он нома? -Партофтам. -Ту чи гуна духтар хасти номаи модаратро партофти. -Хар дафъа ки чашмам ба он меафтид, гиряам меомад, барои хамин пора кардам. *** -Ду руз аст, ки рафтааст. Гуфт модараш нома ва пул фиристодааст, ки зуд таъчили ба хона биёяд. -Чаро таъчили? -Гуфт, ки арусии яке аз холабаччахояш будааст. -Дуруги мутлак. Хеч вакт намедонистам, ки ин духтар дуруг хам мегуяд. -Ба худо ман фикр кардам, ки пеши шумост. Хуб, пас кучост вай. Вой ман мурам, баччаи мардумро чаро танхо чавоб додам. Амакчон, шумо нигарон нашавед, пайдо мешавад. Хатман пайдо мешавад. Бача аст шояд хонаи ягон дустонаш рафтааст. -Вай ягон дусте надорад он чо. Ин чо чи? -Нна, ба назарам намерасад. Вай аз шумо ранчида рафтааст, чанд маротиба гуфтам ба дафтархояш даст нарасед. Окибат дидед чи шуд. -Бас кун, зиёд харф назан, худашон аз ман хоста буданд, ки хамеша тафтиш кунам. -Чи ягон чизи навишта буд, накуна беакли карда ошик шуда бошад? Аз дехаи мо чанд духтар ба хаммин кариби ба хорич гурехта рафтаанд ва маълум нест, ки шавхар кардаанд ё барои дарсхони ё кор рафтаанд. Накуна, ки духтари ман хам… -На, на чизе дар бораи охирин шоири Бухоро навишта буд, ман гуфтам хеч шоире охирин нест. Камтар ранчид… -Ох, ман медонам кучост.- худро каме чамъ чуртар кард ва ба даст гирифта гуфт падари Шарофат.- Бо ман меойи. Вай дар Бухорост. Хатман хонаи устодаш рафтааст. Хамеша мехост равад. Холо чаро якбора тасмим гирифтааст, намефахмам. *** -Дусти азиз, напурс, ки ман аз дасти ин духтар хеле азоб мекашам ва хамеша дар гамаш хастам, метарсам, ки магзи ин духтар хароб бошад. Хамеша аз хохарони худ фарк мекард ва хеч вакт хатто ягон дакика хам мисли хамсолони худ рафтор намекунад. Метарсам, ки хаёли ё васвоси бошад. -На, на аслан ин хел нест. Ман вайро хуб мешиносам. Факат зиёд аз хад фикр мекунад ва ба чизхое фикр мекунад, ки баъзан аклбоварнакарданист. Вале ин гайриодди ё ачиб нест. Дар навраси бачахо хамаашон хамин гуна рафтор мекунанд. -Вале вай аз кудаки чунин аст. -Зиёд ба худат фишор наёр, хамааш, иншооллох дуруст мешавад. Давозаро писари устод боз кард, ки хеле калонтар аз он чи буд ва чехрааш ба чехраи падараш бештар монанд шуда буд. Вай дасташро аввал ба руи синааш гузошт ва баъд ба суи мехмонон дароз карда бо эхтиром салом кард. -Хамин чост амак нигарон нашавед.- хандида гуфт вай. Ин хама кори дасти вай аст. - ба сурфаи об зада руфта шуда нишон дода гуфт вай. -Салом, салом, амакчон, биёед. Хона хонаи шумост. Кадаматон болои чашм.-гуён аз дар баромад зани устод. Вале аз паси вай як марде баромад, ки ба назар мерасид, аз дидани ду марди мехмон зиёд хушхол ба назар намерасид. Хонаи устод хеле равшан ва тоза рангу бор карда ба назар мерасид. Гуё тоза сохта шуда бошад аз хама гушаву канори он буи ранги тоза меомад. -Шарофат ин чост?- ба харфхои писар бовараш нашуда дубора пурсид падар. -Бале, бале хамин чост, вале берун тамошои шахр рафтааст. Хамин алъон бармегардад. Аз боло гузаред як пиёлаи чой гиред аз рохи дароз омадед. -Агар касе вайро садо мекард хуб мешуд, зудтар бо чашмони худам бинам. -Чаро шумо нигаронед, магар хабари хатое шунидед? -На, ба мо чизе нагуфта омадааст. Модараш хануз намедонад. Факат мо бо дустам ва оилааш медонем, ки вай бечора хам нигарон дар Самарканд монд. -Шумо хавотир накунед, медонед-ку духтари бохуш аст. Вале дакикан намедонам, ки кучо рафта алъон. Хамеша хамин хел буд, вакти устодаш будан хам хамин хел танхо мерафт ва дер бармегашт, ва хамеша саломат ва шод бармегашт. Вай ин чохоро хуб мешиносад. -Аз устод чи хабар,- каме ба худ омада пурсид падар. -Ба худо хабаре надорем. Ду чашмамон бар дар аст…- гуён ба гиря шуруъ кард зан. -Хуб, бас, бас мехмоноя дилгир накун. Аз рох хаста расидаанд. Ука номи шумо, мебахшед?- нуги суханро иваз кардани шуда гуфт мард. -Ман Абдували хастам аз дустони падари Шарофат. -Бале, бале мебахшед ман шуморо муаррифи накардам. Абдували мисли бародари ман аст. Шарофат холо дар хонаи вай дар Самарканд зиндаги мекунад ва хамон чо дарс мехонад. -Гусола ду оча шавад гург мехурадаш гуфта хаминро мегуянд.- баланд хандида гуфт он марде, ки хануз ба хозирон муаррифи нашуда буд. Дандонхои тиллояшро намоён карда дахонашро каме дигар боз гузошт ва -Ман чанд вакт аст, хамин хонаводаи дусти шуморо зери канат карда гирифтаам. Худоро шукр бад нест. Хамаш нагз. - хамаро ба дохили хона хидоят карда гуфт вай. Хозирин ки аз он харфи каблии вай таачуб карда хомуш шуда буданд, бидуни харфу каломе ба тарафи вай хидоят карда кадам заданд. *** *** -Фоилотун, фоилотун, фоилотун Оби замзам, оби замзам.. Оби замзам, хоби замзам, Най-на най най най на най най, -дастонашро мисли устодаш такон дода такрор мекард Шарофат ва дар канори хавзи Хоча Накшбанд кадам мезад ва боз такрор мекард. Атрофиён ба вай бо таачуб менигаристанд ва баъзехо чуръат карда мепурсиданд, ки бо ки инчо омадааст, вале духтар чавобе намедод ва такрор мекард. Оби замзам ноби замзам, Ноби замзам, хоби замзам, Ба ногах дафтару каламашро мегирад ва дар васати рохи сузон аз офтоб менишинад ва ба навиштан шуруъ мекунад. Сари худро то охирин сатр намебардорад ва ба хеч касе эътибор намедихад. «Марди нотарс аз худоён Зад кадам бар синаи Мох Карда чонашро нисору Карда номаш хайри Чайхун Охирин байташ ба Ому Аввалинаш нола буд. Куллиёташ Мулиёну сахроро Мешинохт Дард мебурд аз тамомаш, Захр медодаш Бухоро. Хайра макдам Хуш бирав бар Оби Замзам Охирин дарёи пайванд, Оби Рахмат ёд бодат, Аз Кадамчои Самарканд Охирин мурги бахорам Мерави гумном гарди. Охирин дасти начотам Бозуят ку? Сохибат ку? Баъд аз ин эй марди ошик Кай зани сар бар дари ман Аз Бухоро, Дар Самарканд. Духтар сар бардошт ва бо овози баланд навиштаашро хонд, дубора хонд, хушаш наомад. Боз хонд, талош кард баъзе чойхояшро иваз кунад, вале нашуд. Тамоми дафтарро байни ду дастонаш гирифт ва пора-пора кард. То зара-зара шудани когазпорахо онро дарид ва вучудаш аз гиря пур шуд. Аз чояш баланд шуд ва когазпорахоро ба даруни хавз пош дод. Хар чи руи замин уфтода буд, бо пойхояш дохили хавз тела дод ва аз дарвозаи Хоча Ахрори Вали берун рафт. Макбараи Хоча Ахрор дар беруни шахри Бухоро чойгир аст ва барояш хеле тул мекашид то дохили шахр биёяд. Дар истгохи утубус мунтазир монд. -Чаро дафтаратро пора карди? (идома дорад)

December 27, 2003 10:08 PM
Comments

دوازده قطعه شعر

كريم شفائي
karimshafaee@yahoo.com


1
باد مرا به كجا مي برد؟

كاغذي مچاله در گوشه اي
برگي افتاده از شاخه اي،
باد مرا به كجا مي برد؟


2
كابوس هاي بهاري

بال هاي تو سوخت
ساق هاي من واريس گرفت،
روياهاي بهاري مان كابوسي بيش نبود!


3
نطع خونين

دست چپ ات را بيهوده بر آن نطع خونين نهاده اي
تقدير تو را نه دست چپ - و نه دست راست،
تقدير تو را دلت رقم زده است.
ساطورت را بر سينه ات فرود آور!


4
خنياگر آواز عشق

بيهوده پرسه مي زني
جست و جو هايت تو را به جايي نخواهد رساند
هيچ فلشي راهت را به تو نشان نخواهد داد
و تو همه كوچه ها و خيابان ها را زير پا خواهي گذاشت
بي آنكه نشاني از خنياگري بيابي
كه سال ها پيش براي تو آواز عشق خوانده بود!

5
آلزايمر

بلندگوها بيهوده نام مرا تكرار مي كنند،
در اين ازدحام شب عيد
چه كسي به ياد من خواهد بود؟
چه فرقي مي كند من پيراهن آبي پوشيده باشم
يا شلواري به رنگ قلوه سنگ هاي اين پارك گيج و خسته؟
وقتي عشق آلزايمر گرفته است
چه فايده كه از بلندگوها جار بزنند
مردي كه گم شده
مثل بچه ها رفتار مي كند و
نام دختري را به زبان مي آورد كه سال ها پيش
در همين پارك گم شده است؟!


6
آشيانه اي براي تو

رنجشي كه در صدايت به ارتعاش در آمده بود
آواي پرنده خسته اي بود كه شاخه اي براي نشستن نمي يافت

برف روپوشي كشيده بود بر باغ
و هيچ دانه اي به هيچ منقاري نمي رسيد

من ميان تب و درد- به خود لرزيدم
تا برف از سر و روي بتكانم

7
كلاهي در باد، چتري در باران

پنجره ها را باز مي كني
و از رهگذراني كه باد- كلاه هاي شان را برده
با اضطراب مي پرسي:
شما كه تو راه مي آمديد
نديديد باد دختري را با خودش ببرد؟

وقتي هزار بار اين پرسش را
از هزار رهگذر آشفتهء باد پرسيدي
آن وقت نوبت من خواهد رسيد
كه پنجره ها را باز كنم
و از رهگذراني كه هيچ وقت باران- چترهاي شان را خيس نكرده
با نگراني بپرسم:
شما كه تو راه مي آمديد
نديديد باران مردي را با خودش ببرد؟

باد ها دختران خدا را با خود به آسمان مي برند
و باران هاي بهاري مردان خدا را از روي زمين مي شويند

باراني كه مرا از روي خاك شست و برد
اشك هايي بود كه از چشمان تو مي باريد-
پس از آنكه من تنها و غريب مردم
بر روي خاكي كه هنوز گرماي نگاه تو را داشت!

8
سيلابي كه مرا به رودخانه برد!

باران همهء شب يك ريز مي باريد
و من هرچه پلك زدم
نتوانستم جلوي اشكم را بگيرم

و آن وقت
بغض كه شكست
سيلاب مرا به رودخانه اي برد-

كه تو قلاب به دست
در كنار آن:

به انتظار نشسته بودي!


9
پيش از آنكه من بميرم، چيزي بگو!


من با نگاه روشن خويش
راهي خواهم گشود براي فردا هاي تو-
از ميان تاريكي هايي كه تو را احاطه كرده اند
و چنان آرزومندانه دعايت خواهم كرد
كه مطمئن باشي خون زندگي
همواره در رگ هايت جريان خواهد يافت-
اما من كه
زماني طولاني عاشقت بوده ام،
چنان درسپيدي گذر زمان گم خواهم شد
كه تو حتي در ميان دفتر خاطرات كهنه ات هم-
نشاني از من نيابي!

من خواهم رفت
و تو شادمانه بال و پر خواهي گشود
و همچنان از سرسره زندگي پايين خواهي لغزيد
و فراموشت خواهد شد-
كه چه معصومانه دوستت داشتم!
بعد در ميان آن همه ازدحام و هياهو،
گردش دوار چرخ فلك تو را به اوج آسمان خواهد برد
و تو از آن بالا-
مردي را نظاره خواهي كرد
كه به دنبال رويا هاي گم شده خود مي گردد!

من خواهم پذيرفت،
من خاموشي سرد كوچه ها را باور خواهم كرد
و با آيينه اي كه دم به دم
سپيدي موهايم را به من يادآور مي شود-
دوست خواهم شد
و عصاي پيري ام را كه در پاي پله ها انتظار مرا مي كشد،
مهربانانه به مشت خواهم فشرد
و با چنان هراسي از پله ها بالا خواهم رفت
كه انگار هر لحظه ممكن است به پايين سقوط كنم!

اما مي دانم-
سقوطي در كار نيست!
هيچ كس مرگ انسان را به حساب شكست او ننوشته است
و هيچ نكير و منكري در آن صندوقخانه سرد و تاريك و تنگ،
آدمي را به خاطر نا به هنگام مردنش مواخذه نخواهد كرد!

اما من دلم نمي خواهد دو تا مزار داشته باشم،
يكي در گورستان شهر
و يكي در دل زنگار گرفته تو!

پيش از آنكه من بميرم،
چيزي بگو!


10
گريه در باد

بي گاهان
آنجا كه مانده اي كه- بي رنگي آسمان
از غروبي پيش رس حكايت دارد
يا طلوعي به تاخير افتاده،
در آنسوي كوه ها
چگونه آواز خواهي خواند
وقتي همهء شعرهايي راكه برايت خوانده ام
فراموش كرده اي؟
و نمي داني سياهي يي كه در چشم انداز مضطرب نگاهت گم مي شود
جنازه اي است كه تابوتش را با دست هاي خودت ساخته اي!

به همهمه هاي باد دقت كن
كه در مسير عبوراز شهري گم شده
هزار پچپچه و نجواي پنهان را با خود آورده
كه خبر از گريه تلخ مردي درخلوت شب مي دهد!


11
گردباد

فقط آنهايي كه باد كاشتند-
طوفان درو كردند!
من كه برايت هزار سينه آواز خوانده بودم
از پرواز پرستو هاي عاشق،
براي چه گرفتار گردبادي ام كه-
مرا در خود مي پيچاند و مي غلتاند و مي گرياند؟


12
آوازي براي آيينه ها

لال چرا نشسته اي؟
دهان باز كن
بگذار آواز خوان عاشقي كه
درون سينه ات بال بال مي زند-
صدايش را رها كند!
در اين بهت خاموش
تو از چه مي ترسي طفلكم؟
از خشكي و برهنگي پوسته تلخي كه-
جان شوريده مرا به بند كشيده!
من كه آن نيستم
تو هم كه اين نيستي،
تو پر هياهوترين گنجشك باغ ها-
و من نهال ترسيده اي
كه وحشت زمستان به يكباره پيرش كرده است!

پرنده زيبايم
خاموش چرا مانده اي؟
دهان باز كن و عاشقانه بخوان!

Posted by: karim shafaee at July 21, 2004 7:36 AM