December 31, 2003

Соли Нават муборак, Самарканди азиз!

Соат ин чо, дар Ландан 20 дакика ба 8- и баъд аз зухр аст ва дар Самарканди азиз шояд 12-и шаб бошад. Аз телевизиони Би Би Си -24 мебинам, ки дар Чин ва Жопун чи гуна соли навро пешвоз мегиранд. Ба худ мечушам, кош аз мардуми шоди Самарканд низ гузорише дошт. *** Мисли одати кадим, модари чон, даст бар дуо боз кун ва барои фарзандонат барор ва рушди маънави хох аз худои мехрубон. Медонам, ки чи гуна хаст он чо дастархонат ва мехмононат хама як-як паи хам аз дарвозаи бозат кадам ба дохил мегузоранд ва ту хар дафъа ёди ман мекуни. Медонам дилат барои ман ва Мохзода ва Шарифаи азизат танг аст ва ту медони ки дили мо барои ту ва хонаи азизи падари гум мезанад. Модари чон, бар часурият тахсинхо кардаам ва боз хам такрор мекунам. Кави ва чавон мони хамеша модар! Аз худо мехохам, ки дар соли 2004 худро ба орзухои ширинтари худ наздиктар бинем ва дастамон дарозтар барои кумак ба халку миллати хеш бошад. Шодихоямонро чуфт-чуфт ва калбамонро болида бинем. Хохаронам медонам аз болои гулдонии панчарахо баъд аз дар дил овардани орзухои соли навии худ ба поин мепаранд ва чаранги финчонхои шампан ба хаво мепечад... Хамаро аз чашму руй мебусам ва одати хонаводиагии моро фаромуш накарданатон шод мегардам. Ду соли пеш ман орзу карда будам, ки дар хорич бошам ва дарс хонам, холо мебинам ки чи ба осони мустачоб шудааст ва ман ин чо хастам. Аз дилат хар орзуе ки гузарад мустачоб гардад, модар, падар, хохарон, бародари азизам, аруси хона ва кудакони ноздонаи шумо: Шохазиз ва Фарзона! Ба Мохзодачон ва Шарифаи ширин бехтарин ва ширинтарин орзухои худашонро мехохам, ки то соли 2005 мустачоб шуда бинанд ва шодмонтарини духтарони дунё бошанд. Хандахо ва шодихои ширини шуморо ёд кардаам! Ман бо шодии шумо хушбахтам ва аз худо мехохам, ки бароям хамон орзуи соли гузаштаамро махфуз дорад, яъне аз ёри хоста ва мехрубон дур насозад ва шодии моро ба хам омехта ва саршортар аз пештар гардонад. Дили моро аз ишк ва эътимод пур кун ва сарнавишти гамноки моро бо бахту равнак ороста соз, эй худои рахим ва мехрабон! *** Аммо, Чи гуна метавонам шоди кунам, ки дилам дар хузн ва дастам аз кутохи маъюб аст. Вале дилам, дили бекоидаи ман хамеша аз умед ва орзу харф мезанад ва ба оянда дархояшро боз кардааст. Сахнаи гамноки гузаштаро дар пушти пардахои панчараам пинхон кардаам, имшаб шаби шодист. Сол ба хайр, азизони ман! Сол ба хайр!!!

December 29, 2003

Аруси

(идомаи "Аз Самарканд то Бухоро") -Гуфтам, ки дар болои Манори Калон субхро пешвоз гирифтам. -Пулхоро чи гуфтанд? -А, пулхоро нишон надодам. Хеч чиз хам нагуфтам. -Хуб холо фикр мекуни рози мешаванд ки ту зани ман боши? -Намедонам. Ман ки ин чо дустписаре хам надорам ва касе хостгори наомадааст, то хануз албатта. Шояд хам омада бошад, вале намедонам.- бо карашма гуфт духтар ва наккош низ хаёлашро рохаттар кард, ки духтар нисбат ба у назари баде надорад... -Азиз, оо, Азиз, биё туро чег зада истодаанд.- Садое як нафар аз мехмонон наккошро ба хона даъват кард.

-Чи шуда бошад?- бо каме нигарони пурсид Шарофат. -Хатман рози мешаванд. Наккоши машхури Бухоро хостгори мебиёяву рози намешанд, пас туро мехоханд бехтар аз ман ба ки бидиханд? А?- гуфт синаашро шухиомез ба пеш дамонида ва бо итминони хотир хар ду хандиданд. -Рав- рав аз туй пеш нагора назан. - хандида гуфт Шарофат. -Агар рози нашудан ман хамаашро гуфта медихам. -Он вакт нохуни маро хам нишон намедиханд ба ту ва зор шуда мемони.- бо ноз гуфт Шарофат ва гуё бовар дошт ки хатман падараш розигии худро барои издивочи онон додааст. -Нохун будаст, кош як нусха аз он акси ту медоштам ин чо бо худам ва ба пеши падару модарат мегузоштам, он вакт медиди ки чи гуна бе чуну чаро рози мешуданд ва аз бахри калинат хам менузаштанд. Шарофат якбора иваз шуд ва руяшро суи дигар гирифт, гузашта дар зехнаш зинда шуда буд. Ачаб, чи кадр зуд гузашт ва кариб фаромуш шуд. Агар худашро мекушт чи мешуд? Агар Парисо намебуд вай на ин ки аз Манори Калон субхро тамошо кунад, балки худро поин андохта ба хама фикру гумонхои худ ва ба хама тарсу вахми худ хотима мебахшид. Намедонист худоро шукр гуяд ё на. Дилаш ва фикру эхсосоташ боз ба хамон замони дуре, ки дар кучахои дароз ва бузурги Бухоро дар бехтарин ва гаронтарин мошини шахр тачовузаш карданд ва баъд акси урёнашро барои хоричиён фурухтанд. То хануз намедонист, ки онхо кихо буданд ва Парисо холо кучо бошад. Дилаш мехост баргардад ва ин дафъа бо чашми боз ва дили огох ба он хама нафарон ру ба ру бошад. Ба мухаррири "Бухорои Шариф" дубора ру ба ру гардад ва бипурсад, ки чаро хеч шуморае ба вай нафиристод? Чс шуд он хама арзи холи у ва навиштахои у дар бораи устодаш ва иттифоки бади бо вай руй дода? Нерухое дар вай бедор мешуд ва эхсос мекард, ки холо дасташ ба интиком мерасад ва аз чой бо шаст баланд шуд: Бояд ба ин наккош издивоч кунад ва худро аз чахорчуби фарзанди ва духтари берун бикашад, хар чи ба пеш омад дигар бадтар аз он чи омада нахохад буд. Ба хамаи зарбахои зиндаги омода ва бехарос шуда буд. Аз сари зонуяш дафтаре уфтода буд ки кабл аз омадани наккош дар он чизе менавишт. Бод бо варакхои он нарм-нарм бози мекард, аммо сахифа гуё сангин бошад, онро батамом аз чой бардошта наметавонист. Сахифа аммо сангин буд ва сангинтарин холати рухонии Шарофатро дар синаи он тарсим буд. Бо дастхатти бетартиб ва парешон ин мисраъхл ба назар меомад агар касе ба он дафтар менигарист, аммо касе ба он наменигарист: Ман хамон хокам, Ман хамон хокам, Калби ман пора-пора. Доги кист ин ки дар синаи ман меруяд?.. *** -Чор миллион сум?! Чаро ба ман нагуфти? -Мегуфтам хам чи кор мекарди? Агар ман ё хар касе эътироз мекард чо ба чо сараша мебуриданд ё хар чи гумномтар мекуштанд. Шарофат бо чашмони кахролуд ба рассом, ки холо шавхари вай шуда буд, менигарист. Аз берун хануз садои мусикии шаббахайр хонии хонандагони чашни арусии онон мерасид: Боз як рузи гаму шоди гузашт, Дар чахони кисмату номусу ном, Боз як хуршед моро тарк гуфт, Мохи нав пайдо шуд андар бурчи шом. Шаб ба хайр эй дустдорон шаб ба бахайр, Шаб ба хайр эй модари чон, шаб ба хайр... Шарофат кам-кам аз интиком пур мешуд ва хар чи наздиктар ба наккош ки холо шавхари у буд, уро бадтар медид ва нигохаш захрбортар мешуд. Ба нахараш ба хамаи бадбахтихои у хамин наккош муассир ва мукассир буд. -Дар он бастае, ки ба ман дода буди, чи кадр буд? -Ман онро ба ту надодаам, онхо худашон ба дасти ман доданд ва гуфтанд ба ту дихам. Хуб хамонро додан хам чон намегуи, туро аслан мисли духтарони дигар гумном карда ба Дубай мефиристоданд чи кор мекарди? Ман худам хазорон бор шохиди ин шудаам ва аз хакки хидмати худам гузашта чони ту ва номуси туро харидам. На ба хотири ту албатта, ба хотири садокатат ба устод. Ман хам шогириди он кас будам. Вале баъд аз чанги Афгонистон дигар наздашон рафтан намонданд. Гуфтанд, ки ба хеч саволхои вай чавоб хам надихам. Метарсиданд, аз саводи арабии устод метарсиданд, вале ба хотири беозориаш хеч чиз гуфта наметавонистанд. -Кихо метарсиданд? Чанги Афгонистон ба ту чи рабт дошт? -Ман... ман дар Афгонитсон хизмати харби доштам...- бо каме сукут идома дод рассом. -Маро хамчун тарчумон фиристода буданд то вакте аз таркиши мина захмдор шудам ва пас маро баргардониданд ба Москов, вале хамеша зери наззора будам. Командирамон хамеша ба ман шубха дошт, ба хотири ин ки ман хамеша коссету китобхои хонандагон ва шоиру нафисандагони афгонро чамъ меовардам ва дар чомадорам пинхон мекардам. Онхо хамеша хар лахзаи зигдании маро наззора мекарданд, ки мабодо ба афгонхо фурухта нашавам. Падарбузурги ман муллокалони шахри Бухоро буд ва кабл аз омадани русхо худро ва занашро захр дода кушта буд, то ба дасти кофирон науфтанд. -Намедонистам. Худо рахматашон кунад. Аммо, ту бо он китобу коссетхо чи кор карди? Хануз дори онхоро? -Ту зиёд савол надех. Мана асабони куни ман намедонам, ки чи кор мекунам, то вакте ба худ меоям дер шудааст. -Ба чи дер шудааст? -Бас кун! Фикр мекуни модари ман чаро гиря мекард? А? Барои ин ки ман..ман... сарашро бо дастонаш гирифта каме ором истод ва чукур нафас гирифта идома дод.- Вакте бо падарам даъво мекардам, вайро бо хишт ба сараш задам... Дах соли пеш вакте тоза аз чанг баргашта будам. Мурд, вай мурд фахмиди-ми, зиёд бо ман харф назан! Хар вакти хости рав, чахор тарафат кибла.- гуфт наккош бо лахни наонкадар сахт, ки бештар ба "нарав, маро танхо нагузор" наздиктар буд. Баъди каме оромиш давом дод.- Ман сабри зиёд надорам ва такрибан бо хама даъво кардаам. Барои хамин касе ба ман духтар намедод. Модарам дах маротиба аз хостгори гирён баргаштааст. Худаш низ мехост ман зан нагирам, фикр мекунад агар кахрам омад зада мекушам ва ба хуни фарзанди мардум доман тар накунам гуфта хамеша нигарони ман аст. Вале ту натарс. Ман киссаи туро медонам. Аз оромии ту хамеша хушхол мешудам. Ман одамони ором ва камхарфро дуст медорам. Медонам, ки ба ту тачовуз карданд, медонам, ки пулхоятро ба нашрия доди, медонам, ки ба падарат хеч чиз нагуфти. Ман хамаашро медонам. Медонам, ки хануз устодро мунтазири ва фикр мекуни, ки як руз бармегардад. Вай барнамегардад. Бехуда интизори кашида вактатро сарф накун. Агар баъди шунидани ин хама харфхои ман фикри худро дар бораи ман ва зану шавхарии мо иваз карди, метавони ба хонаи падарат баргарди, ман хеч монеъи ин намешавам, агар мехохи бо ман мони, мон. Дар хар ду хол хам ту зани ман мемони ва ман барои кумак ба ту хамеша хозирам. Шарофат бо дахони боз ва чашмони хайратзада ба харфхои вай гуш мекард ва намедонист чи чавоб дихад. Аслан чавоб дихад ё на. -Вале як чизи дигар...- сарашро ба тарафи дигар карда суханашро давом дод рассом.- Баччахо гуфтанд, ту он чо дар мошин духтар набуди... Ки буд аввалин кас? Шарофат бо шунидани ин аз чой баланд шуд ва ба тарафи дар давид. Ин хама огохии наккош уро нигарон карда ва тарсонида буд. Дарро хар чи кадар хост боз кунад нашуд. Ин лахзае буд ки Шарофат борхо пеши назари худ тасаввур карда буд, аммо ба гушаи хаёлаш наомада буд, ки аввал харфро наккош матрах мекунад. Барои хамин як каме тасмими худро аз даст дода буд ва ба тарафи дар давиданаш низ аз бетасмими буд. Каме харакати худро сусттар кард, мисли ин ки агар дар боз бошад хам ба берун намедавида бошад, оромтар шуд ва ба тарафи наккош гунахкорона нигарист. -Хуб, хуб ором шав. Мачбур нести чавоб дихи. Дарро сар дех.- аз пушти вай рафта дастонашро аз дастаи дар рахо кард рассом.- Биё, ин кори ман нест. Дигар намепурсам. Бас кун, болои хамаи ин боз гиря накуни. Гиря маро асабони мекунад. Шарофат бо дастони ларзон худро рахо кунонида ба тарафи рахти хоб давид ва сарашро бо курпа пушонида ба гиря шуруъ кард. Рассом дари яке аз токчахоро боз кард ва теги калам тезкунии худро бароварда, бо нуги он зери ангушти худро аз чои нонамоёнаш каме буррид... Шарофат хамон дар гирёи худ гарк буд ва хатто барояш мухим набуд, ки аз сари наккош чихо мегузарад. Чунон бо маром ва бо дард мегирист ки гуё то субх оби дидагонаш тамом намешуда бошад... Субх вакте Шарофат бедор шуд, шавхараш набуд вале пушти дар садои зане мебаромад, ки садо мекард. -Келин, ин чо барои шумо об овардам, дасту руй мешуед агар, хозир аст. Э, салом, келинчон, салом. То шумо дасту руй шустана ман хонаро тамиз кунам, ки хамин алъон холамуллохо меоянд. Шумо хам зуд точ ва фаранчиатонро ба саратон гиред, ки хуб нест шуморо ин хел бинанд ва агар тури онро ба руй кашед хам бад намешавад...- бо як табассами маънодор гуфт зан.- Чашмхоятон каме варрам кардааст, зарар надорад, хамаи мо зам ин рузхоро аз сар гузарондаем. Зарар надорад, далертар бошед, келин ва чаккон-чаккон ба мехмонон саломи субхгохи дихед. Мане хамин алъон бароятон субхонаи сабуке меорам, вактамон як каме кам аст. Зеро ман пушти дар мунтазир мондам ва нахостам хоби ширини шуморо вайрон кунам. Азизчон хам каме дертар аз хона баромад. Зарар надорад. Келинчон, куддохо наранчанд шуд, мо одамои фахмида...- гуён пешдастии дишабро, ки дар он нону чой хамон тавре буд даст назада мондаро руи ду дасти худ бардошта бо эхтиёт аз дар берун рафт... -Бах, бах чи келини чавону тару тоза! Бах-бах мо ин кадар хам тасаввур намекардем-е, кудо муборакатон бошад. Бах-бах, илохим, хушкадам биёяд, кудочон. Омин, кунед-е занако, баъдтар хам хурдан мегиред.- гуён зани нисбатан калонсолтар аз дигар занони дар утоки арус нишаста, ба руйбинони арус шуруъ кард. Бо хам пиру бадавлат гарданд,- дастони худро ба руёш кашида гуфт вай.- Илохи омин! Бист си нафар зане ки дар даври хона болои курпачахои дукабати атласи нишаста буданд низ дастхои худро ба руй кашида "Илохи Омин" гуфтанд. Арус дар пешгахи хона зери пардаи аз шифт овезони арусии, ки модараш бо нияти арусии вай духта буд, рост истода ва чашмони худро ба замин духта даструймоли калоне дар руи дастонаш пахн буд ва ба хозирон охиставу ором хаму рост шуда таъзим медод ва даструймол аз чашм поини руяшро панох карда буд. Точу фаранчии вай ба тарзи самарканди буд ва барои бухориён каме ачиб ба назар мерасид. Даври хона пур аз либоси арус ва домод буд ва Шарофат баъзеи онро дар сандуки модараш дида буд, вале баъзеи ононро, модари домод барояш гузошта буд, ки субх як назар андохта буд. Вале чолибтарин ва ноошнотарин чизе, ки хануз вай надида буд, матои сафеде болои сари вай дар гушаи пардаи шаби хоби арус ва домод овезон буд ва лаккаи сурхчатобе дошт... Шарофат тамоми руз даст бо он дастмол пушонида ба хозирон таъзим мекард ва дасташро бо хамон мароми аввала, вале холо каме охистатар ва аёонан хастатар болову поин мекард. Занон хама дар дахон чизе мехоиданд ва харфхои шухиву хандадор мекарданд ва баъзан мераксиданд ва арусро мебусиданд. Шарофат дар олами худ танхо буд ва гох-гох ба зани Устод менигарист, ки дар тарафи чапи у бо модари вай нишаста буд ва ба харфхои модари вай гуш дода, гохе сар мечунбонд ва гохе локи сурхи ангуштони пояшро бо нохунаш метарошид. "Бояд ба оханги дилат дилат гуш дихи ва харфхоятро бо он оханг бирези. Агар шоди шод, агар гамноки гамангез." Харфхои устодашро ба ёд овард вай. Ва ёдаш омад ки духтарони дех вакто дар паси девори онон аз оуи расму одати дех шабро бо суруду ракс мегузарониданд. бештари сурудхояшон гиряовар буд. Аз Самарканд то Бухоро барои онон рохи дарозе буд ва нодории моли ичоза намедод ки хар сари чанд ба ин рохи хафт панч соата бо мошинро биёянд. Ва хама якин мекарданд ки дигар Шарофатро шояд як ё ду маротибаи дигар то охири умри худ бибинанд. Шарофат хеч вакт ба масохати дурии байни Самарканду Бухоро фикр накарда буд, аммо баъзан хушхол мешуд хар чи кадар аз дех дуртар хамон кадар бехтар. Аммо боз дилаш тах мекашид ва худро мисли хиёнатгаре медид ки мачбур аст аз гурухи азизионаш дур бошад. Асрори у зиёд буд ва мутмаин буд, агар фош шуд хеч касе аз ин духтарони мохчехра ва ширигсадо бо у робитаи худро идома нахоханд дод. Аммо холо ки аз тамоми зиндагии вай хабаре надоранд ва аз ин арусии вай гамгин хам хастанд ва даст бар гардани хамдигар нарм-нарм овоз мехонанд: "Лайло-Лайло, Лайлоя бурдан(д), Лайло, Сиёхчашму кад-болоя бурдан(д), Лайло... Лайло-Лайло, Лайло.... Мехмонон хушхол рафта буданд ва хешовандони арус низ бо эхтиром ва тухфахои зиёд гусел карда шуданд. Шарофат танхо монда буд. Зане аз хешовандони модариаш кабл рафтанаш ба вай гуфта буд, ки "он дастмолатро" дар кунчи сандукат нигах дор ва калидашро ба хеч кас надех, хатто ба шавхарат хам.- гуфту аз руи вай бусид. Шарофат ки он вакт сараш хам буд ва ичозаи харф зада ва савол доданро хануз надошт, хайрон ба чахор тарафи хона нигарист. Чашмаш ба он матоъи овезон афтод. Хамчунон хайратзада ба он даст дароз кард, вале кадаш намерасид. Ногахон дасте онро поин кашид, ки Шарофат аз тарс як кад парид. Он дастони шавхараш буд, ки охиста вориди хона шуда буд. -Ин кори ман буд. Хуб барои чонатро халос карданам ба ман чи медихи?!- нимчиддиву нимшухи гуфт наккош. -Ин чист? -Ин? Ин... -бо каме фикр- ин-ми, ин хуни дасти ман аст, вале ман ба ту бахшидам. -Чаро? -Ин тавр бехтар аст. Намехохам сари ту пеши хешовандони ман хам бошад. -Он дог метавонад маро сарбаланд кунад? -Хо, хамон хун. Гуш кун ба ин масъалахо бояд чидди фикр куни, модари ман як одами суннати аст, мабодо фахмад, ки ту духтар набуди, ё хатто ман акси лухти туро кашидаам, хар дуи моро шарманда карда аз хона меронад. -Биё худамон равем! -Кучо? Аз рузи аввал шуруъ накун. Бигзор як ду руз дам гирам. Баъд фикр мекунем. -Ман дар Хобгохи Донишгохи Самарканд хона гирифтаам, аммо... -Медонам, падарат ба ман гуфт. Холо ту вокеан хам ба он Донишгох рафтани хасти? Шарофат бо эътироз ва тарсомез ба вай нигарист. -На, ман нарав гуфтани нестам, вале агар мешуд он сабти номатро ба ин чо ба Донишгохи мо мекучониди. -Дар Бухоро ман хама чоро пурсидам, факултаи забон ва адабиётро, ки ман онро интихоб кардаам, имсол хеч донишчу кабул накардааст ва чор соли баъд, вакто ки донишчуёни охирин тахсили худро ба охир оварданд, ба кулли баста мешавад. Дигар хеч факултае пайдо накардам, вагарна инчо дар Бухоро дарс хонданро аз аввал орзу мекардам. -Хмм, хама дархо кам-кам ба руи мо баста мешавад. Ман ки мехостам ба факултаи рассоми равам, гуфтанд ба забони руси ва ё узбаки бояд бихонам, зеро китобхои дарси ба забони точики надоранд. Ман гайр аз точики хеч чизро намедонам, шояд донистан намехохам. Чаро бояд хамаи ин маммохоро имшаб хал кунем? А? Биё ягон харфи дигар занем. -Метарсам ки ин муаммохоро то охири умр низ хал карда натавонем. -Холо ин кадр хам сиёси набош, ман аз ин сиёсатхои ноумедкунанда безорам. Бехтараш дастархон боз кун чизе бихурем... *** *** Эй худоё! Осмоно! Эй Ватан! Эй киблаи ман! ... Баъд аз ин фарёди ман хам, Хамчунон фарёди пинхони чавононат ба хайхот, Боз монад дар хаво чун сели мургони мухочир Беватан, бехонаву беору фарханг, Бе Бухоро Бе Самарканд! -Хмм, хуб аст. Ман аз назари маъно мегуям албатта. Вале чаро ту ин кадар ноумеди? Агар шоир шудани хасти мардумро тасалли дех, кумак кун ба онон, на ин ки болои сухтаашон намак поши ва боз гуи ки ман шоири шумо хастам. На, ман ин гуна шеърхо рози нестам. -Ин оханги дили ман аст. -Пас дилатро муолича кун. -Аз шеър умуман, аз оханги вай хушат омад? -На, чи хел хушам биёяд, бештар мегирёнад одамро. -Пас гиря кун.- гуён Шарофат дафтарашро баст ва ба поин ба майдони сангфарши Мири Араб нигарист. Наккош матои худро руи чахорчуб пахн карда буд ва манзараи сурхчатоби гунбадхоро дар гуруби офтоб мекашид ва хамеша ба самте нигарист ки мавзуъи худро медид. Наккош дар ин як мохи издивочи худ ба табиати Шарофат одат карда буд ва бо у бештар эхсоси хохару бародари дошт. Бахсу сухбатхои онон бештар дар лахни хоси дустонае сурат мегирифт, ки маъмулан на дар Бухоро на дар Самарканд хеч зану шавхаре мисли ин ду бо хам боз ва самими набуданд. -На, зиндаги барои ман зебост. Осмон соф аст. Як гулбадане мисли ту хам пахлуи ман нишастааст, пас ман чаро бояд гиря кунам. Ман мехохам шодмон бошам. Агар дар чое кам меоварам ба ман кумак кун ки комилан шодком бошам. Вагарна гирёндани мандум осон аст. Хатто куштан хам. -Ту хеч вакт одам куштаи? пурсид ногахон Шарофат ва зуд забонашро газид. -... -Ман фикр мекунам ки одам кушта метавонам. Рост меги хеле осон аст одам куштан, ба шарте ки бо ту бади карда бошанд. -Ба ту ки бади кардааст?-сар аз матоъ боло наоварда ором пурсид наккош ва мукаламеро ба байни дандонхояш гузошт. -Аввал он мардеро ки ба ман тачовуз кард, дуввум он ронандаро ки ба ман метавонист кумак кунад, аммо накард ва... ва.. баъд он ду зани фохишаро. -Онхо фохиша нестанд балки факат духтаронро ба ин рох мебаранд ва ба онхо кумак мекунанд, ки визахои кишвархои хоричи бигиранд ва вуууууу....ввв,- дастонашро мисли тайёра ба хаво бардошта шухиомез,- Озоди!.- гуфт наккош. (идома дорад)

Тассали? Яъне чи?

Чанд руз аст ки забонам дар дахонам душмани чонам аст. Аммо имруз дахон боз кардам ва харфи ... (чи кадар масхара ва ночиз будани ин калимаро медонстам, аммо фикр кардам бояд бигуям ва дили мотамзадаашро каме таскин бишавам...) ва харфи тассало гуфтам ба дусти эрониям ки зарра-зарра аз ин ходисаи зилзилаи Бам ва мардуми бегунох бо гунохи касон курбони шудаи он, чони худро месухт.

Аммо ба худам нафрат кардам чаро бояд уро ба ороми ва тахаммул хонам? Бояд балки хамаро ба шур хонам ва ба фарёд оям ки мардум магар чони мардуми мо азиз нест магар мо муру малахем ки сел-сел ва галла-галла мемирем?

Мо инсонем ва чони мо ва умри мо ва орзухои мо мисли хама ва хар нафари башар арзиш бояд дошта бошад, пеши шумоён, эй ононе ки зиндагии мо дасти шумост.

Дар зиндаги ёди мардум кунем ва дар гами у ва бехбудии у коре анчом дихем. Ичоза надихем ки галла-галла бимирем.

Холо чи кадар харчи моли хоханд кард, ки часадхои он мардуми бадбахтро аз хок берун кашанд? Магар бо он намешуд барои онон хонахои ба инсон муносиб бисохт ва мисли давлати Жопун бо зиндагони ва сарпанохи муносиб ва мутмаинтар ононро таъмин кард?

Мешуд, аммо барои мо мусалмонон мисли ин ки мурдаи азизонамон аз зиндаашон азизтар ва обрумандтар аст. Вагарна ба фикри харчи чанозаи падар чисми маризашро аз табобатхона ва парастории муносиб махрум нигах намедоштем, то ин ки бимирад ва бо махмалу гиряву мехмондорихои бепоён часадашро обруманд ба хок супорем.

Чаро зиндагии мо мисли омодагии тулони барои мирдан мемонад? Чаро мо мантики соддаи зистанро ин кадар печида ва ин кадар беарзиш месозем.
Истеъдоди зистан надорем шояд ва барои хамин хама бадбахта бар сари мо меояд ва боз меояд. Зеро мо илочи вокеаро баъди ходиса анчом медихем на кабл аз вокеа.

Ёдам омад, ки падарам мегуфт ва ман меранчидам, аммо холо медонам ки чи кадар хикмат дар он нухуфта будааст:

Эй бародар, хоки поят тутиё,
Гар ту моро дуст медори, биё.
Эътимоди мову ту дар зиндагист,
Баъди мурдам, хо биёи, хо наё... (Бобо Тохир)

December 28, 2003

"Сайди сайёди гумном"

(идомаи романи "Аз Самарканд то Бухоро") -Чаро дафтаратро пора карди? Духтар баргашт ва дар пахлуяш чавонеро дид, ки аз дохили мошини худ ба вай менигарист. -Кори ту чист? -Ман ин чо кор мекунам, яъне хар руз ин чо мунтазир мешавам агар ягон хоричи ё туристе омад ба шахр мебарам ва музди корамро мегирам. Таксистам ман. -Хеле шавковар буд. Холо гум шав ман ба ту коре надорам. -Лахчаат дигар ба гуш мерасад аз кучо хасти ту? -Аз хонаи модар калонат. -Чи кадр бадзабон хасти ту.

… -Гуш кун ман чахорто одам дорам он чо мунтазири ман хастанд агар хости туро хам ба бо онхо ба шахр мерасонам. Хуб? … Баъд аз чанд дакикае он мошини ошно ба суи Шарофат наздик шуд, вале дар он ин дафъа ду зан, як духтар ва як марде хам нишаста буданд. -Биё пахлуи он занон чой хаст, шин. Натарс рохат аст, инхо бо ин мурчамиёни чои зиёде намегиранд. Шарофат ки вакт боз мунтазири утубус буд вале аз он дарак намешуд, ноилоч ба мошин нишаст ва бакияро хаволаи худо кард. Вай ки аз Самарканд ба Бухоро танхо омад ва хамин ронандахои худочуй ва савобкор вайро сахат ва саломат расониданд ва хеч иттифоке хам науфтод. Бо ин фикрхо худро шердилтар карда ба мошин нишаст ва ба бакия салом дод. Ба саломаш алейк гирифтанд ва сар то сари вайро бо таачуб нигох карданд. -Ин чи кора аст? Пурсид яке аз занон. -Чи кора хаст намедонам, вале чи кора мешавадашро хуб медонам. -Аз кучо медонед, шумо ки аз ман напурсидед. -Аз чашмони шахлоят фахмидам. Шарофат аз он ки ба ин мошин нишаст пушаймон буд ва дилаш дар вахми торик. Хост дарро боз кунад, вале ронанда бо шаст тугмаи утуматикро фишор дод ва хамаи дархо баста шуданд. Мошин ба суи шахр харакат намекард балки ба суи ноошно ва бегонатаре барои Шарофат рох мегирифт ва бо шаст мерафт. Шарофат аз постхои сари рох умедвор буд, ки вакте мошин дар назди чароге биистад аз милисахои рох кумак пурсад. Мутаасифона мошин ба ягон чое намеистод ва ягон чарогеро низ таваккуф намекард. Садои мусикии гарби низ бо баробари ханда ва шухии саворон гуши Шарофатро ба кар шудан наздик оварда буд. Сараш гич мерафт ва дилаш аз тезии харакат ва боло поин шудани мошин бехол шуда буд. -Истон, хамин чо истон. Мо ки ба вай тухфаи дастнарасида ваъда накардаем. Пас биё маззаашро худамон чашем, баъдан ба вай мебарем. - гуён аз чой каме баланд шуд марде, ки дар пеши мошин нишаста буд. -Дарро боз накун, мегурезад.- гуфт зане ки дар пахлуи Шарофат нишаста буд. - Боз накун, агар ин гурехт ман намеравам, фахмо! -Окей, окей, шуд, фахмидам.- гуфт мард ва аз байни чои нишасти худ ва ронанда ба пушти мошин гузаштан хост. Шарофат хануз дуруст нафахмида буд, ки чи иттифок уфтодани хаст, вале хадси онро мезад ва дилаш аз тарс бузург шуда буд ва чашмонаш ба тарзи вахшатнок аз косахонааш берун омада буданд. -Набиё, ин чо набиё!- фарёд зад вай. Вале садои вай дар байни саволхои беохири занони дигар гум шуда мерафт. -Хамин чо мехохи девона. Дафъ шав, либосхои моро мачак мекуни. -Нигах дор мошинро нигах дор, мо берун меравем.- мегуфтанд он ду зан ки нисбатан солашон калонтар ба назар мерасиданд. Вале он яки дигар ки хеле чавон ва сокит нишаста буд, ногахон ба гиря даромад ва руяшро ба дастонаш гирифта: Ман намеравам, пушаймон шудам, намеравам!-гуён фарёд зад. -Баъди паспорт гирифтан, дигар ин харфхо маъни надорад. Бас кун, духтари нава натарсон. Ман ба ту чи гуфта будам, аз хотир набарор.- ба ором кардани вай шуруъ кард ронанда. -Не, не гуфтам, ман намеравам. Марди дигари хануз хам бо харакоти мастона талош мекард, ки ба пушти мошин гузарад ва дастонашро ба тарафи сару синаи Шарофат дароз мекард ва руи уро бо панчаи бузурги худ пушонида навозиш мекард ва ангуштони худро ба дахони вай меандохт ва лабони сурху борики вайро бози мекард. Шарофат аз ин корхои вай тарсида буд ва аз чой такон нахурда мунтазири боз шудани дари мошин меистод. Вай дарвокеъ метарсид, ки мардро бо харакати ночои худ норохат накунад ва дар газаб наорад. Мард на танхо вайро балки ба сару муйю синаи хамаи занони дар мошин бударо мерасид ва нафари наздиктар ба худро мебусид ва ба эътирози вай эътиборе намедод. -Бас кун Аббос, хамаро норохат карди. Ба ин корот дер намешавад. -Ба ман корат набошад, ту ронандагиатро кун. Ки гуфтааст, вай бобой ба хама тозахо аввал шуда даст занад ва мо хамаш саркути вайа чашем.- Бо гуфтани ин харфхо вай ба берун нигарист,- панч шиш дакикаи дигар мондааст, биё-биё духтари нозанин, биё не нагу.- гуён Шарофатро бо ду дастонаш гирифта аз чойяш бардошт. -Дастатро ба ман нарасон, ифлос. Маро сар дех…- гуён чиррос мезад Шарофат. Мард худро комилан ба пушти мошин гирифта буд ва Шарофатро руй ба занон ва пушт ба худаш нигах дошта буд. Дасту по задан ва талоши халоси ёфтани вай занонро низ хашмгин ва норохат карда буд, ки онхо дастони вайро махкам гирифта намегузоштанд харакате карда тавонад. Мард пойчомаи вайро поин кард ва Шарофат аз шарм ва тарс хомуш ва нигарон ба руи занон менигарист ва гуё нигохаш аз онхо мепурсид, чи иттифок меуфтад. Занон бештар ба дастони мард ва харакатхои тез ва бадкахронаи вай менигаристанд то ба руи Шарофат. Онхо бештар ба мард кумак мекарданд, то ба духтари навраси ба масъала ноошно. Зани нисбатан чавон хануз мегирист ва он ду зан гуё мехостанд ин тамошо тамом нашавад. -Хомила накуни. Хей, хомила накуни. - ба ташвиш афтод ронанда. - Дафъаи аввалаш ба назар мерасад, далел дасти милиса надехи боз. Хей мешунави… Вале хатто агар вайро шунида бошанд хам касе чавобе ба вай намедод. Ронанда нигаронона аз оинаи мошин ба пушти он менигарист ва хар чи зудтар мехост ба манзил расонад, вале дар айни хол вай низ ба шавк омада буд ва ба духтари гирёни чавоне, ки руи худро пушонида бо овози баланд мегирист, нигох мекард ва нигохаш маънихои шабех ба хамин рафтори хамрохашро дошт. -Аз зиндони доими наметарси?-гуфт ронанада бо харос, ки мехост рафикашро аз ин кор боздорад, вале мисли ин ки ба ахмакона будани харфхояш бовар дошта бошад, чавоби канда-канда ва бепарвоёнаи рафикашро бо ороми шунид ва хамчунон даст аз рули мошин набардошта ба ронандаги идома дод. -Ин соати вакт духтари дуруст куча намебарояд,... ва ман ки аз ба зани гирифтани ин тану бадани тоза ... бадам намеояд,- гуфт дар чавоб марди тачовузкор ва араки руву пешонияшро ба сурати Шарофат ва китфони худ пок ва каме хушк кард ва охи дарозу сабуке кашид. Гуё бори сангинеро аз души худ дур карда бошад эхсоси сабуки ва шоди мекард. Зани дигари ба вай чашм парронда,- Холо навбати ту будагист? А! Биё, аз катор намон.- Гуфт вай гуё аз ин хама гиряву талоши халосии ёфтани Шарофат ва аз тарсу вахм руи худро пушонида гиристани духтари дигар заррае хам ба вай таъсир накарда бошад. -Зиёд хам дилнозук набош, фардо дар чои бегона бо мардони бегона чи кор мекуни?- шуруъ кард ба насихат он зани дигари, ки ин хама дастони Шарофатро махкам дошта меистод ва рахо кардани хам набуд.- Мардони худамона боз мешиносем. Худо накарда мардони бегоная рози карда натавони ана сиёхии рузата бин. Он чо ба ман нагу ки нагуфти... -Ман намеравам, пушаймон шудам, намеравам. тавба кардам, паспортам кучост ба ман баргардонед. Ман намерав.... -Бас кун, хеъ... бас кун гуфтам, чи ин чо хонаи кудакон буд туба! Хап шав...- шалвори худро боло карда ба фахш гуфтан шуруъ кард марде ки бо Шарофат машгул буд. - Ъохх, ина меган озоди....- вай харфашро тамом накарда мошин бозистод ва ронанда ба суи вай нигариста,- Ту чи тамоми руз бастаги буди, модарата... Бо ин ахвол ина чи хели пеши Вайхо мебарам ман?- ба Шарофат нишон дода гуфт ронанда. -Эъ... чи кадаст инба чикадаст, дуппа дуруст аст бин. Холо дар хона боз Олия дурусттар меорояд мисли мохи равшан! Барои хамин хам аз духтарони чавони чавон хушам меояд. Як камтар рангу бор карди ва либоси хуб пушониди мисли пари мешаванд. Бо ин пирсолон, гуфт вай ба зани нисбатан миёнсоли пахлуяш ишора карда,- хар чи кадар пул сарф куни аз асл бадафттар мешаванд на бехтар. Хамин тавр не?- ба занони пушт нигарист вай. -Хуб-хуб моли тоза диди аз дусти кадим бад харф мезани, аммо ёдат наравад, ки ин чавоно аз вафо хабар надоранд. Рафтем, рафтем аз ин ча берун бароем-е мурдам нафасам аз гарми гашт. -Ууу, ту хам дог шуди мегум. Хмм, пас ман чавон будаам-дия, хеч вакт ба хеч кас вафо накардаам.- баланд хандид мард аз болои зонувони занон пахлу зада ба тарафи берун худро дароз кунон. -Агани чи- чашм парронд зани дигари ва ба камари гафси мард ангушт халлонида. *** *** Хона ором ва бузург буд. Занон Шарофатро шустушуй мекарданд. Вай аз тарс ва нигарони хатто намегирист, хатто намедонист, ки бо вай чи иттифок руй дод ва баъд аз ин чи хохад шуд. Занон вайро хушк карданд ва яктахи зарди дарозеро ба вай пушониданд, ки аз зераш чизе надошт ва аз худро оро дода аз дар берун рафтанд. Шарофат харфи онхоро зиёд мутаваччех намешуд онхо баъд аз ба хона даромадан ба англисии канда-канда харф задан шуруъ карда буданд. Духтари дигари хануз аз гиря хик-хик мекард бо вай монд. -Номат чист? -Шарофат. -Ба он марде, ки туро пешаш мебаранд, эътироз накун, хар чи гуфт хайр гуй. Вай итоатро дуст дорад, хар ки итоат накард мурданивор мезанад. Ман дигар пеши вай намеравам. Хатто кушанд хам намеравам. -Чаро маро пеши вай мебаранд? Духтар ба Шарофат нигох кард -Чанд сола хасти? -Понздах. -Вале он чо дар мошин... бори аввалат набуд- ку? Шавхар дори? -Не. Бори аввали чи? -Он мард бо ту хобид, аз ту хун наомад. Бо каси дигар пештар хобида буди? -Ха. На. Он мард бо ман нахобидааст, вай ба ман тачовуз кард. -Бале, вале боз хам ту омад доштаи, вакте ба ман тачовуз мекард, хеч касе пеши ман набуд. Ман фикп мекардам, ки маро мекушам, вале ин факат.... -дузтар ба дубора гирё шуруъ кард,- ... кош мекушт ва хатто мурдаам ба хонаамон мерасид. Холо ба пеши падару бародарам чи хел сар бардошта меравам. -Онхо барои пушти бони ва химояти ту хастанд, чаро набояд ба онхо руирост бинуи ки бо ту чи карданд?,- аммо Шарофат ин харфро ба духтар нагуфт ва лаб газид, зеро худ хуб медонист, ки на падараш ва на ба бародараш аз ин иттифоки имшаба нахохад гуфт. Онхо хам чи кор аз дасташон меояд. Хар чи бодо бод гуён ба хама чиз худро омода мекард ва далертар мешуд. Дар боз шуд ва зане ноошно аз он даромада Шарофатро аз бозуяш гирифт ва ба суи дар охиста кашид. Шарофат аз паи харакати вай охиста ба рох даромад. Духтар ба хунг-хунги ним хаста ва нимгирямонанд шуруъ кард, гуё бештар фикр мекард то гиря. Хонаи дигар ки Шарофатро аз дари он дарун гузошта дарро аз пушташ бастанд хеле бузург ва хеле зебо чихозонида буд. Шарофат хонае мисли он надида буд. Деворхо зархали ва пуршиша ва телевизиони бузургоинае дар пешгохи он гузошта шуда буд. Хонаро ба се кисм чудо карда буданд, як кунчи он чои нардбози ва чилимкаши, кунчи дигари он барои хурокхурдан ва кунчи дигар хам рахти хоби бузурге гузошта шуда буд. Хона холи ва танхо садои телевизион, ки гурухе аз сарояндагони махалли дар як туи аруси мехонд хонаро пур карда буд. Шарофат аввалин бор буд, ки чунин хонаи ороста ва бузургро медид. Хона ба назараш мисли хонамузеи шоирони дарбории рус мерасид, ки бо диди хоси шаркона ва шохона дуруст карда бошанд. Яке аз пардахои дароз ва сабзи баланд, ки даври хона чахорто аз онхо ба назар мерасид, боз шуд ва марде аз он берун омад. Шарофат аз тарс ба ларза даромад. Мард то наздиктар омад Шарофат онро шинохт. Ин хамон чавонмарди рассоме, буд, ки дар пахлуи Макбараи Сомониён наккоши мекард. -Ту? Ту ин чо чи кор мекуни? Шояд омади боз вараку калам пурси? - Ках-кох зада хандид вай. Ман ин чо дафтар наовардаам. Вале... ки туро ин чо овард? ... -Харф зан. Устод коби омади? - наздиктар омада масхараомез пурсиди вай. ... -Вале ман вакти зиёде надорам. Харф зан забоната хурди?- асабонитар мешуд рассом. Гуш кун бо инхо хазлу шухи карда намешавад. Ман хам ин чо барои бози наомадаам. Мефахми? Бояд акси туро ин чо болои ин матоъ кашам ва фардо бояд ба фуруш равад. Агар нарафт ва ё ман кашида натавонистам ё хар дуямонро мекушанд ё ки карзи зиёд ба гардани хар ду мебанданд. Холо фахмиди, ки ба дасти кихо афтодаи? ... -Ин кадр масъларо осон набин. Ман бояд акси бадани лухти туро ин чо ана ин чо то субх бикашам. Мефахми ин чи маъно дорад? - дастони рассом ба ларзидан даромад. -Охир Микеланчело нестам, ки бо як нафас акси хостани кашам.-садои худро поинтар овард наккош ва ду ангушти ишоратии худро ба ду тарафи асабхои сараш фишор дода худро оромтар кардани мешуд вай.- Ту масъалаи лухт шуданро зиёд сахт нагир.- бо лахни бародарона ба фахмонидан шуруъ кард вай.- Ман ана дар хамин хона акси садто ту баринхоро кашидаам ва хамаашон хам гиря мекарданд. Боз худоро шукр ки ту гиря намекуни. Агар гиря карди бо латту куб оромат мекунам. Ман бояд як аксе барои он ..... худдори кард вай. Матоъ хам баробари ин хама сухбатхо болои чахорчуби бузург пахн ва таранг духта шуд, рангу каламу мукаламхояи зиёди ранголуд ва кутихои худру бузурги анво-аксоми рангхо аз пушти пардахои токчахо бароварда шуд. -Рафтем?- Ишораи шуруъ дод рассом. Вале Шарофат хамон ором ва хайрон ба вай менигарист. Рассом ба вай наздик омад, ду руи вайро бо дастонаш гирифта ба чашмонаш нигарист.- Ман туро хуб мешиносам ва ту хам маро мешиноси, хуб микдоран, ва ин бояд сабаб шавад, ки ман акси хубе бикашам имшаб. Хуб? Хар сухбату харфе аст фардо анчом медихем. Ман медонам, хамаашро медонам, парво накун, ман хастам, ... хар чи шуд ва нашуд ман пушти ту хастам. Танхо намегузорам. Хуб? Вале холо хар чи гуфтам гуш мекуни ва хам ба ман кумак мекуни хам ба худат. Рассом то дарачае мутмаин шуд, ки Шарофатро ором кард ва охиста, вале хануз номутмаин ба боз кардани банди муйхояш шуруъ кард. Шарофат харакате хам накард ва каме худро аз пештара оромтар ва дар дасти касони, ба гуфтаи рассом, ошно дида сабуктар шуда буд. Муйхои дароз ва сиёхи Шарофат ба руи синааш афтоданд ва вайро кам-кам аз он чехраи маъмулие, ки рассом мешинохт дигаргунтар намуданд. Наккош камарбанди яктахи уро боз кард ва он бо соддатарин харакат аз китфонаш ба замин шорид ва бадани сафед ва борики Шарофатро лухти модарзод дар ру ба руи чашмони шуълавари рассом гузошт. Шарофат ба чашмон ва ба руи рассом нигарист. Вале рассом гуё уро намедид ва тамоми вучудашро ба тамошои бадани вай махв карда буд ва гуё вай хатто ин чо дар ин хона хузур надошт. Рассом муйхои вайро ба пушт андохт ва пистонхояшро бо оромтарин харакот аз чап ва рост нигарист. Як тори такрибан ба хачми ангушти муйхояшро аз фарки сар аз байни чашмон, руи лабон ва байни пистонхо то ба зери ноф овезон кард. Чанд кадам дуртар рафт ва аз хамаи пахлухо ба вай нигарист. Ногахон гуё чизе ба ёдаш омада бошад аз хона берун рафт ва зуд бо саросемаги баргашт дар дастонаш яктахи сабзи дарозе овезон буд. Яктахи зардро аз зери пои Шарофат гирфифта дур кард ва яктахи сабзи овардаашро пеши пои вай парешон ва пахн гузошт. Рассом гуё акси оташеро мекашида бошад, ки хамин алъон сухта нобуд мешавад, бо саросемаги бо харакатхои тез-тези девонавор ба омехтани рангхо шуруъ кард ва пушти матоъи руи чахорчуб пахн кардаи худ дакикахое пинхон шуд ва хар замон чанд нигохи тулоние ба Шарофат мекард ва дубора руи матоъ сар хам мекард. Шарофат кам-кам ба харакат медаромад ва бо охистаги ва бо эхтиёти тамом вазни худро аз як пой ба пои дигараш меандохт ва хануз лаб во накарда буд. Дилаш мехост бехаракттарин инсони руи замин бошад. Дилаш мехост, ки ин хама вокеъахо дар хобаш бошанд, дилаш мехост мурда бошад ва дар тобут ором хобида бошад ва наккош бо ин хамин илхом ва суръат аз у наккоши кунад. Аз ин холат ва аз ин тахаёри наккош як хисси ифтихое дар дили у бедор шуда буд ва худро дар як хоби ширин тасаввур мекард. Кош ин наккош шавхари у мебуд. Ин орзхуи ногахони Шарофатро ба тамоми лахзахои дидори худ бо наккош баргардонид. Ба назараш чунин мерасид, ки вай дар назари ин наккош ба воя расида бошад ва гуё танхо хамин наккош аз олами нихонии вай бохабар бошад, уро ба худ монанд медид ва хамчунон танхо ва дар банди орзухои бегона ба мардуми атроф. Хурдтарин харакат вайро ба зиндаги ва нигаронихо бармегардонд. Ба хонаводааш, ба падараш, ба устодаш ва ба хамаи он мардуми ба вай наздике, ки аз тамоми вокеъоти имрузии бо у рух дода бехабар буданд. Чи рузи дарозе буд, ба худ вахшат мекард вай. Дар хайрат мемонд, ки одам чи кадр бади метавонад дар як руз анчом дихад, вале хатто барои як неки хам вакт надорад ё вакт намерасад. Набояд шеърамро пора мекардам. Ин корам хатман бар хилофи хостаи устод буд, вагарна ин хама тасодуфоти бад ба вай рух намедод. Соат чанд бошад? Охиста ба худ меомад вай ва фикри баргаштан ба хона ба сараш зада буд. Вале хатто худ низ дар хайрат буд, ки чаро ин кадр итоаткор аст. Чаро талоши гурехтан намекунад. Кучо хаст вай? Ин хонаи кист? Чаро ин рассом, ки хатто номашро ёд надорад ин чост?.. Чаро ин кадр ба ин наккош одат кардааст, мисли ин ки тамоми умр бо у ошно бошад ба у хисси наздики мекунад ва чаро ин кадар итоаткор шудааст?.. -Биё, бин!- окибат рассом сар бардошт ва руи матоъро ба суи Шарофат баргардонид. - Чи хел аст? А? Чи мегуи? Ба чанд пул меарзад? - каме хомуш монда баъд аз охи сарде - Агар ба ман мебуд, хеч вакт намефурухтам. Ин бехтарин кори ман аст. Шояд ягона кори ман бошад ки бидуни шарм ва тардид номи худро пои он бинависам. Акс тамоман шабехи Шарофта буд, вале дастонаш ба суи сараш баланд бардошта дар холати даъваткунандае бо лабони боз ва он тори муйи овезон аз байни абруву чашм ва пистонхояш уро хеле бузургтар аз синни худ ва зеботар аз вокеият намоиш медод. Чашмонаш нимпуш ва сараш ба тарафе тоб хурда буд, ки барчастанихои баданаш ба рохати намудор мешуд. Ногахон Шарофат ба худ омад. -Ин ман нестам? -Ки хаст пас? Агар ин ки ру бу руи ман истодааст туи, пас ин хам туи. Шарофат ба суи оинаи бузург ки дар рохрави ба ин хона дида буд, давид ва ру ба руи оинаи бузург истод. Чашмонаш гуё бовар намекарданд, вай лухти модарзод бо муйхои дарозу сиёх, камари борик ва пистонхои гирди нугтез ... Хеч вакт вай ба бадани худ эътибор надода буд. Хеч вакт худро бо ин пурраги надида буд. Хар дафъае, ки вакти шустушуй медид ин гуна ба назараш намерасид. Ё шояд вай хамин имруз ба ин киёфа даромад? Вай пистонхояшро бо кафи дастонаш пинхон карда ба суи утоке, ки он духтари нимошно буд давид. Вале хона холи ва касе дар он ба назар намерасид. Аруси -Гуфтам, ки дар болои Манори Калон субхро пешвоз гирифтам. -Пулхоро чи гуфтанд? -А, пулхоро нишон надодам. Хеч чиз хам нагуфтам. -Хуб холо фикр мекуни рози мешаванд ки ту зани ман боши? -Намедонам. Ман ки ин чо дустписаре хам надорам ва касе хостгори наомадааст, то хануз албатта. Шояд хам омада бошад, вале намедонам.- бо карашма гуфт духтар ва наккош низ хаёлшро рохаттар кард, ки духтар нисбат ба у назари баде надорад... -Азиз, оо, Азиз, биё туро чег зада истодаанд.- Садое як нафар аз мехмонон наккошро ба хона даъват кард. -Чи шуда бошад?- бо каме нигарони пурсид Шарофат. -Хатман рози мешаванд. Наккоши машхури Бухоро хостгори мебиёяву рози намешанд, пас туро мехоханд бехтар аз ман ба ки бидиханд? А?- гуфт синаашро шухиомез ба пеш дамонида ва бо итминони хотир хар ду хандиданд. -Рав- рав аз туй пеш нагора назан. - хандида гуфт Шарофат. -Агар рози нашудан ман хамаашро гуфта медихам. -Он вакт нохуни маро хам нишон намедиханд ба ту ва зор шуда мемони.- бо ноз гуфт Шарофат ва гуё бовар дошт ки хатман падараш розигии худро барои издивочи онон додааст. -Нохун будаст, кош як нусха аз он акси ту медоштам ин чо бо худам ва ба пеши падару модарат мегузоштам, он вакт медиди ки чи гуна бе чуну чаро рози мешуданд ва аз бахри калинат хам менузаштанд. Шарофат якбора иваз шуд ва руяшро суи дигар гирифт, гузашта дар зехнаш зинда шуда буд. Ачаб, чи кадр зуд гузашт ва кариб фаромуш шуд. Агар худашро мекушт чи мешуд? Агар Парисо намебуд вай на ин ки аз Манори Калон субхро тамошо кунад, балки худро поин андохта ба хама фикру гумонхои худ ва ба хама тарсу вахми худ хотима мебахшид. Намедонист худоро шукр гуяд ё на. Дилаш ва фикру эхсосоташ боз ба хамон замони дуре, ки дар кучахои дароз ва бузурги Бухоро дар бехтарин ва гаронтарин мошини шахр тачовузаш карданд ва баъд акси урёнашро барои хоричиён фурухтанд. То хануз намедонист, ки онхо кихо буданд ва Парисо холо кучо бошад. Дилаш мехост баргардад ва ин дафъа бо чашми боз ва дили огох ба он хама нафарон ру ба ру бошад. Ба мухаррири "Бухорои Шариф" дубора ру ба ру гардад ва бипурсад, ки чаро хеч шуморае ба вай нафиристод? Чс шуд он хама арзи холи у ва навиштахои у дар бораи устодаш ва иттифоки бади бо вай руй дода? Нерухое дар вай бедор мешуд ва эхсос мекард, ки холо дасташ ба интиком мерасад ва аз чой бо шаст баланд шуд: Бояд ба ин наккош издивоч кунад ва худро аз чахорчуби фарзанди ва духтари берун бикашад, хар чи ба пеш омад дигар бадтар аз он чи омада нахохад буд. Ба хамаи зарбахои зиндаги омода ва бехарос шуда буд. Аз сари зонуяш дафтаре уфтода буд ки кабл аз омадани наккош дар он чизе менавишт. Бод бо варакхои он нарм-нарм бози мекард, аммо сахифа гуё сангин бошад, онро батамом аз чой бардошта наметавонист. Сахифа аммо сангин буд ва сангинтарин холати рухонии Шарофатро дар синаи он тарсим буд. Бо дастхатти бетартиб ва парешон ин мисраъхл ба назар меомад агар касе ба он дафтар менигарист, аммо касе ба он наменигарист: Ман хамон хокам, Ман хамон хокам, Калби ман пора-пора. Доги кист ин ки дар синаи ман меруяд?.. (идома дорад)

December 27, 2003

" Шогирд ва Устод"

(идомаи "Падар ва духтар", тиккахои романи "Аз Самарканд то Бухоро") Духтар аз зинахои Арк боло мерафт ва тамоми баданашро мургакон медавиданд. Садои кафшаш бар сангхои фарш бархурда садои вохиманоке баланд мекарданд. Духтар сару баданаш сард ва ранги руяш сафед канда буд. Вай худро дар замони инкилоб тасаввур мекард. Айнан дар хамон замон ва дар хамон холате Садриддин Айни дар ёддоштхояш тасвир карда буд. Ба ёдаш кушторхои бисёр вафшиёнаи Зиндони Амир омад, чашмонаш калонтар аз он ки боз буданд боз шуданд. Ба назараш чунин буд, ки агар ин дарвозаи чубини бузург боз шавад, ру ба руи вай чаллодони маъруфи Бухоро, ки дар китоби «Чаллодони Бухоро» хонда буд, хоханд пайдо шуд.

Духтар баргашт ба суи Манори Калон назар андохт, вале онро комилан дида натавонист, аммо гуё садои аз Манор уфтодани Зубайдаро, ки аз ноумеди даст ба худкуши зада буд, шунида бошад ба чахор тарафи худ нигох кард. Дар як филми узбаки буд, ки Зубайда барои ишки ноумеди худ ба ин тасмими ба назари Шарифа нодуруст худро аз манори калон ба поин меандозад. Хар чи ёдаш меомад хама вахшатнок ва тасрбор буданд. Дарвоза бо он садои гариби гиииич-гиччи ба хам соидани чубхои канори он боз шуд. Дохили Арк чанд нафар занон ва чавононе, ки барои мусофирон матоъ ва сафолхои бухори мефурухтанд, чизу чораи худро чамъ мекарданд ва байни хам паст паст аз даромади имрузаи худ харф мезаданд.-Чанд нафар хоричи омад имруз?- Се нафар. - Чи кадр гирифти?- ду сад доллари ва як дах доллар барои руймоли шол, тахтаи шохмот ва як кузаи сафоли… Майдафурушон бастахояшонро чамъ карда ба яке аз даричахои зиндон дарун гузоштанд ва даричаро баста доманхои худро аз гард такон дихон аз дарвозаи калон берун рафтанд. Духтар хамчунон канори рохе, ки панчарахои хурд ва торики хучрахои зиндон ба суи он боз мешуд, кадам мезад ва чашмонаш хамон вокеъоти гузашта ва тасвирии худашро медиданд. Гуё хеч савдогаре он чо набуд, гуё хеч сухане ва хеч чизе аз имруз аз асри нав он чо вучуд надошт. Духтар аз хар панчараи зиндон ба дохили он нигох мекард ва дунболи Канахона мегашт. Хамон канахонае, ки Садриддин Айниро ба чурми чадиди ба он андохта буданд ва 76 чуб хам бар пушташ зада буданд. Духтар ба нохост дастонашро аз такягохи канори панчарахо кашида гирифт ва ба кафи дастонаш нигарист. Баданаш норохатона ларзид ва дастонашро ба доманаш сахт-сахт молид. Ба ёдаш канахо ва шабушкхое расиданд, ки ба пушти аз зарби чуб лахт-лахт шудаи Айни часпида буданд ва катрахои хуни ва гушти аз зарба урён шудаи баданашро мемакиданд. Вай дар тамоми деворхои Арк он шабушони аз хуни Садириддин фврбеху варамкардаро медид ва тамоми баданаш ба ларза меомад. Ногахон дастонаш ба суи биниаш баланд шуданд ва онро панох карданд. Ба ёдаш таххонахое, расид, ки зиндониён дар як утоки хурд ва торик ва бехаво хам мехобиданд, хам нони хушку ночизи худро мехурданд ва хам дар гушаи дигари он даст шуи мерафтанд. Чини байни абрувонаш торафт калонтар мешуд ва абрувонашро ба хам наздиктар мекард. Яке аз дархои он боз буд. Духтар бо охистаги ва боэхтиёт онро боз кард, вале зуд дубора баст ва дур шуд. Майдони Арк бузург ва ру ба осмон боз буд. Охирин нурхои офтоб хануз буи худро дар сангхои хануз доги сангфарш боки гузошта буданд. Гуё Амир базм дошт. Гуё Амир дар харамсаройи худ бо айшу нуш саргарм буд, ки касе чуръати берун омадан аз хучра ва ё чуръати баровардани садое намекард. Духтар хар чи фикр кард чизи хубе кори одилонае аз Амир ба ёд оварда натавонист. Хама чизе ки хонда буд, хамеша аз ахмаки, камсаводи, чохили ва золиму хунхории Амир мегуфтанд. Хавсалаи ба саройи у рафтанаш нашуд. Баргашт ва дар рохи баргашти худ фикр мекард, ки чаро агар ин Амир одами бад буд вайро ба Амири интихоб кардаанд, вале ба акли чавонаш ягон чавоби конеъкунандае намеомад. Пас русхо хуб кардаанд ин марди танбалро аз кишвари мо берун кардаанд. Вай кучо рафта бошад? Оё хар чи ба вай нисбат медоданд хамааш рост буд, хамааш хакикат буд? Аз ки бояд пурсид? Духтар боз дунболи зиндон рафт дилаш мехост Айниро равшантар тасаввур кунад. Дилаш мехост бинад, ки ин марде, ки хама аз вай бо хуби харф мезананд ин чо чигуна ба сар бурдааст. Чи чиз вайро зинда нигах доштааст? «Худо.» гуфта буд устодаш, вале духтар мехост пурсад, агар худо вайро дуст медошт, пас чаро ичоза дод, ки зиндони шавад. Вале напурсид, зеро устодаш боз асабони мешуд ва дарсро нотамом гузошта мерафт. Он дари бозро дубора кушод ва ин дафъа ба дохили он ворид шуд. Ворид шуд ва дар гушаи он нишаст. Орому сокит зонухояшро ба дасташ гирифта нишаст. «Ин чо хануз шабушк дорад? Мехост аз касе пурсад, вале касе набуд. Атроф хама чо сокит ва ором буд. Ин чо хамон чоест ки Айниро андохта буданд? Чашмонаш ба торикии утоки зиндон одат карданд ва вай панчараеро ки аз берун ба дохили ин уток нигариста буд, дид. Ба ногох садои суми асб ва сарусадои лашкари дарозро шунид, ки таракотурук аз канори панчараи зиндон мегузаштанд ва садои ба хам бархурдани найзаву туфангхояшон манзараро вахмноктар мекард. Тасаввур кард аз чояш баланд шуда ва канори панчара рафтааст ва берунро ба рохати мебинад. Ногахон Амирро мебинад, ки руи асби никобдоре ва бо тарзи аз дигарон фарккунандае зебдода нишастааст. Саллаи зар ва бузурге дорад, вале болои асб рост нанишастааст. Китфонаш гуё ба пеш хамидааст ва гарданаш беитоатона ба хар тараф бо баробари такон хурдани зин меларзад. Амир дар холате, ки маст буд Аркро тарк мекард. Амир меравад, Амир хама молу мулкашро ба асбхо бор карда меравад. Мегуфтанд зиндониён. -Моро хам озод кун, эй Хазрати Амир! Охирин кори одилонаи худро ба таъхир маяндоз! - фарёд мезаданд бандиён… Дарвоза сахт баста шуд ва тамоми хаёлоти духтар ба хам рехт. Аз чояш баланд шуд ва домани аз одаташ дарозтари худро бо дастонаш чамъ карда ба берун давид ва дарвозае, ки тоза аз дарун куфл зада мешуд, тела дехон бо зур боз кард ва бидуни ин ки ба посбон чизе гуяд аз зинахо поин давид. Посбон куфл дар даст хайрон аз паси вай нигариста монд. Вай ки хама чои Аркро дида баромада буд аз кучо пайдо шудани духтарро нафахмид ва дарро боз гузошта дубора ба тафтиши Арк баргашт, ки мабодо боз каси дигаре пинхон шуда бошад. Духтар аз зинахо ба замин фаромада буд ва ба суи хонаи устодаш медавид. Бо тамоми кувваташ медавид. Ногахон гуё чизе ёдаш омада бошад, истод ва самташро иваз кард. Зери дарахти туте нишаст ва боз дубора бархост. Хануз аз он чи дар Арк ба вай рух дод берун наомада буд ва хамзамон ёдаш расида буд, ки вазифаи устод додаро ичро накардааст. -Мафоилун, мафоилун, мафоилун. Мафоилун, мафоилун, мафоилун…-зери лаб ба такрор кардан шуруъ кард вай. Аз он ки зиёд давида ва бисёр хаячон карда буд, нафасаш танг мешуд ва харфхоро пурра такрор карда наметавонист. Хамчунон зери лаб такрор кунон ба суи макбараи Сомини рафт ва пахлуи наккоше, ки Макбараро дар сояи нури гуруб наккоши мекард, нишаст. -Салом. Наккош чавобе надод. -Як бори дигар салом. Боз чавобе нашуд ва наккош хамчунон бо саросемаги рангхоро бо хам омехт ва боз руи когази худ хам шуда- Ин кадр салом-салом накун, чи магар барои арус шуданат тайёри мебини, хануз зуд аст барои ту… Чи мехохи? -Хеч чиз. -Ту ки хамеша чизе мехости меомади, холо чи шуд, ки хеч чиз намехохи ва омади? -Каламу варак мехостам пурсам… -Нагуфтам, нагуфтам, ки боз чизе мехохад. -коматашро рост карда ва дастонашро ва пушти дастонашро ба камараш такя кунон садои ноламонанде баровард наккош.-Мах, ина гир ва мана ба холи худам мон. На. На ташаккуратро мехом на баргардонида оварданатро. Рав, рав, муваффакият. Ист ин дафъа акси чиро мекаши? -Амирро. -Чи? Амирро. -Дар кучо диди вайро. Духтар чавоб надод ва аз канори наккош дуртар рафта нишаст.- Магар факат чизхои дидаро мекашанд. -Фардо агар омади боз акси худоро мекашам нагуй. -Хуб чи шудааст, мекашам, агар хостам. Вале намехохам. -Ки кашидааст, ки ту каши. -Хуб нахостаанд, накашидаанд, айби ман нест. -Вой, хамеша хаёли маро парешон мекуни. Кай ба хонаат бармегарди Самарканди.- гуфт вай калимаи охирро бо як навъ тамасхур омехта. -Фардо. -Хамеша фардо мегуи. Кадом фардоро мегуи. -Шумо хаёли мана парешон карда истодаед. - Э, гум шав, як вачаб ачина, боз ин кадр катагари мекуна. Онхо хар ду ба кори худ машгул шуданд ва баъд аз чандин дакика дигар хузури якдигарро фаромуш карданд. -Ма-фо-и-лун, ма-фо-и-лун. Мо-да-ри ман на-ме-до-над Мо-да-ри ман на-ме-до-над… Ххх,на ин хел не- болои хамаи навиштахо хат кашид духтар. Ма-ро мо-дар на-ме-до-над, бале бале ин мешавад,- ба худ хурсанд шуд вай. Вале давомашро гуфта наметавонист. Ин ду мохи расо буд, вай дар хонаи дусти падараш танхо хамин вазнро такрор мекард ва дар ин вазн шеър аз бар мекард, вале навишта наметавонист. Устодаш мегуфт, ки ту тасаввур карда метавони, фикрхои хуб дори вале аз колаб хамеша берун мерави. Хануз колабро намедонист, ки чист ва чаро бояд ин хичохоро риоят кард. Вай дилаш мехост факат нависад, чизхои дидаашро, шунидаашро, хобхояшро нависад. Вале на ба шакли наср, пас шеър навис, мегуфт падараш. Вале вай шеъри хуб гуфта наметавонист ва фикрхояшро низ гум мекард. Хусусан баъд аз он ки муаллими адабиёташ ба вай гуфта буд, ки «аз мо дигар шоир намебарояд чавониятро бехуда сари ин чизхо сарф накун, ягон касби хуб ва пурдаромад ёд гир то ба хонаводаатон кумак расони», навиштани соддатарин чумла хам барояш сахт шуда буд. Дигар на ба худаш бовар дошт ва на ба кушишхояш. Вале боз хам мехост нависад. Навиштан ва хондан барояш мисли бози кардан ва дар кучахо пои луч тохту тоз кардан лаззат мебахшид, аммо аз натавонистан худро мисли баччахои маъюб эхсос мекард. Хамеша дуст дошт бидавад, дар дарозтарин кучахои шахр ва дар хамвортарин ва сабзтарин доманаи кухсори Самарканд бидавад ин кадр бидавад, ки окибат мушкилаш хал шавад. Эхсос мекард, ки чизе дар сари синааш гир кардааст ва на берун меояд ва на дарун меравад. Дар Бухоро чое, ки вай ду мох ин чониб зиндаги мекард, хануз дусти хубе пайдо накарда буд, хатто дар Самарканд низ дусти наздик ва бовариноке надошт ки бо у аз орзухояш харф занад. Наздиктарин дустонаш ахли хонаводааш буданд. Дилаш хатто барои онхо танг шуда бошад хам, вале вазни шеър ва равонтар наивштанро ёд нагирифта баргаштан намехост. Зеро аз падараш метарсид, на наметарсид, шарм мекард, на шояд шарм хам намекард, балки дуст надошт вайро ноумед кунад. Падараш хеле дуст дорад, ки вай нависанда бошад ва киссаи баччагихои вайро нависад. Падарашро мисли дусташ мешиност ва хамаи кудаки ва хамаи мухимтарин киссахои зиндагии падарашро чи дар замони чанги Чахони ва чи дар замони русхо ва чи дар имруз хама хамаро дар ёд дорад. Хатто киссахои ширини модарашро, ки шабони сарди зимистонро гарм ва кутохтар мекарданд. Вале ин чо касе кисса намегуяд барояш, факат вазифа ва дарс ва аз ёдкардани шеърхое, ки хеч кадоми он шеърхо бештар аз ду руз дар ёдаш намемонд. Дар ин муддати ду мох ки вай ин чо дар хонаи дусти падараш, ки шоири аст ва ба забони хам узбаки ва хам точики шеър мегуяд, вазни шеър мехонад, як савол азияташ мекард ва хамеша аз пурсиданаш худдори мекард. Мехост аз устодаш пурсад, ки чаро писари шумо хунари шуморо ёд намегирад, чаро вайро ба дарсхои гаронкиммати забони англиси мефиристед, вале забон мегазид. Ба худ фикр мекард, ки писари устод ки ин чо канори Арк ба воя мерасад, вале хеч вакт пеши Макбараи Исмолиён омада нанишастааст ва хеч вакт хам хатто то охири умраш низ барои ба дохили зиндон даромадан чурът нахохад кард. Ба модараш фирк кард, ки хамеша мехост, ба Лаби Хавзи Бухоро биёяд ва ба оби он тангаи умед андозад ва орзухои баланд барои хушбахтии фарзандонаш бикунад. Агар модараш донад, ки вай дохили зиндони Айни рафта ба танхои нишаст, фарёдаш ба осмон мебарояд. Вале хатман хамдарсихояш бовар нахоханд кард. Фикр кард агар нависад онхо бовар хоханд кард. Вале ба устод чи мегуям. Агар хамаашро гуфтам чи. На. Чанг мекунад… Ма-ро мо-дар на-ме-до-над Ки дар зин-до-ни Ре-гис-тон А-мир-ро ди-дам….ХХХХХХХХХ на! А-ми-ри хас-та-ву мас-ти Бу-хо-ро-ро Гу-ре-зон ди-дам аз по-ён !!! Шуд, шуд тонистам, Хаминро ба модарам мехонам. Кош модарам ин чо мебуд. -Холо шуд. Вазнашро ёд гирифти, вале аз назари мантик… хам фикр кун. Хуб онро хам кам-кам ёд мегири ту хануз чавон хасти. -Чияш хуб нест ба ман гуед, ман ислох мекунам. -Ту хануз ислох карда наметавони. Ин мисраъхо ин кадр ба ту наздиканд, ки хеч вакт, то даме, ки ботачриба нагарди ислох карда наметавони. Вале хуб, бошад. Ин чо ки Амир маст ва хаста аст. Чаро Амирро масту хаста мегуи маълум нест. Ва чаро гурезон дидам аз поин мегуи. Инхо муглак ва норавшан монаанд. Аслан бояд тасвирро зеботар ва равшантар навишт. Фахмо? -Ман дар поён истода будам, Амир аз сарояш маст омад ва лашкараш молу мулки вайро ба асбхо бор карданд ва аз Арк рафтанд. Ман аз зиндон медидам, ман пеши зиндониён будам. -… Боз паи хамон хаёлпарастихои худат рафти. Дуруст, фикр хаёл дар шеър хуб аст, вале ба шарте, ки барои дигарон хам фахмо бошад. Хуб ин бахсхоро барои дигар руз мегузорем, мафоилунро пас ёд гирифти. Холо фоилотунро шуруъ мекунем. Ин чо хам хамон коидаи хичохоро бояд риоят куни, вале вазни каме дигартар аз мафоилун. Гуш кун, Ин аз хичохои дароз-кутох-дароз-дароз сохта мешавад. Фоилотун, Фоилотун, Фоилотун, Фоилотун, яъне боз хам мисли мафоилун чахор бор такрор мешавад ва як рукни комилро ба вучуд мебиёрад… Духтар хануз дар сахнаи гурехтани Амир гирифтор буд ва харфхои устод кам-кам ношунавотар мешуданд. Духтар ба Амири берахме фикр мекард, ки аз пахлуи зиндониён масту хоболуд мегузарад ва кишварро бидуни ин ки бандиёни бегунохро озод кунад тарк мекунад. Тахтапушти тика-тика чок ва хуншори Айниро шабушкон ва канахои амдан парваридаи зиндонбонони Амир мехуранд ва тухм мегузоранд. Факат ба назараш пушти хунолуд ва тика-гуштхои аз он кандашуда ва чойхои буридаи чуб хама чойро шабушкон пур кардаанд ва ин тараф он тараф факат барои озор додани Айни харакат мекунанд. Ин кадр хун макидаанд, ки дигар варам кардаанд. Шабушкон ва канахо лахза ба лахза пеши назараш зиёд мешуданд ва тамоми шахри Бухороро пур мекарданд. Мисли хоки дар харакат хама чоро бо ранги худ сиёх карда буданд. Ба ногах борони шадиде меборад ва хамаро мешуяд… -Боз хобаш бурд. Рузи дароз худашро бо бозихои бехуда хаста мекунад ва вакти дарс хобаш мегирад.-гур-гур кард устод. -Падари ин духтар одами хушёре ба назар намерасад. Ин духтарро аз он рохи дур оварда ин чо гузошта рафт. Ин замоне хаст, ки вазни шеър хонанд. Ягон касби ё ягон хунар омузонад намешавад, ки фардо ба дасти касон нанигарад. -Бас кун, ту ба писари худат хам камтар насихат куни бад намешавад. Падари касонро ба холаш гузор. Зани ахмак, агар хоб набошад чи, агар харфхоятро шунавад, чи? Бефикр. -Ахмаки бефикр намебудам зани мисли ту шоиргадо мешудам. -Шоиргадо? Девона будем, холо шоиргадо шудем? -На девонагиат ба худат марбут, вале ин лакаби туст ки хама аз пуштат мегуянду механданд. Шоиргадо. Ман чи гунох карда будам, ки …. -Бас кун. Боз шуруъ накун. Чахор тарафат кибла, хар чо хости рав, вале дар хонаи ман магал накун. Ман хастаам. -Оре, хастаи, шояд боз илхомат омада, шеър мехохи нависи? Боз аз ки норози хасти аз чи хушат намеояд? Магар барои ту бозича хастем, ки бо чони хамаи мо бози мекуни? Чанд дафъа ба ту хушдор доданд? Чаро гуш намекуни. Ман агар ба ту бепарво мебудам, хеле пештар аз ин рафта будам ва хама ба ман рахмат хам мегуфт. Бо чони фарзандонам бози накун. Шеърхоят сарата хурад. Нанависи магар мемури… Устод аз дар берун рафт ва куттии сигорашро аз чайьаш берун овард… Осмони Бухоро мисли хамеша соф ва пур аз ситорахои дурахшон буд. -Ачаб, Маро модар намедонад Ки дар зиндони Регистон Амири хаставу масти Бухороро Гурезон дидам аз поён. *** -Мо ба инхо дигар ниёз надорем. Маълум нест, ки кай худашон бармегарданд. Шояд хонаро хам омада кофтукоб кунанд.- гиря гулугираш шуд ва зани устод бастаи варак ва дафтархоеро ки дар дасташ буд ба дасти духтар дод ва руяшро ба тарафи панчара гардонида гирист. Писари дахсолааш низ омада лаби доманашро гирифт ва даст ба камари модараш кашид. Устодро баъд аз он хушдорхои зиёд, ки мехостанд дигар ба баччагон дарси форси ва шеър омузонданашро бас кунад, дигар касе надид. Аз гайб задани устод се хафта гузашта буд, ки падараш барои бурдани Шарофат омада буд. Шарофат хамаи он чойхоеро ки устодаш барои оромгирифтан мерафт ва соатхо нишаста чизе мехонд ё менавишт, як ба як рафта дид ва хар чоеро, ки ба назараш мерасид, мерафт ва суроги устодашро мегирифт. Вале аз устодаш хабаре набуд ва хатто хамсояхо аз омадан ба хонаи устод метарсиданд. Мардуми Гулбог борхо шохиди ин гуна ходисахо шуда буданд, ки касони мухолифи давлат ё хокимияти махалли хамин гуна беному нишон гум мешуданд ва хеч касе аз онхо чизе намешунид. Дар ин бора хикояту ривоятхои вахшатноке мисли зиндонхои зеризамини ва тарзхои гуногуни куштани «гунахкорон» пахн шуда буд, ки мардум чуръати холу ахвол пурсидани хонаводаи мазлумро надошт. Зеро борхо рух дода, ки касеро бурдаанд ва баъд аз он наздикон ё дустонашро низ бурдаанд ва хамчунон беному нишон дигар аз онхо хабаре шунида нашудааст. Хама талошхо ва кофтукобхои баччагонаи Шарофат бенатича буд ва хатто боиси гиря ва ноумедии бештари худи вай мегардид. Ба назараш чунин мерасид, ки вай падару модари худро надошт ва аз асл хамин чо дар Бухоро зиндаги мекард. Дарвокеъ вай Бухороро бештар кашф карда буд ва бештар аз он ки Самарканди худро шиносад шинохта буд. Ба ногах гайб задани устод Шарофатро танхо ва бекас карда буд. Дилаш намехост ба дехи худ баргардад. Дилаш намехост ба мактаби дех баргардад ва аз хамаи ин дарс ва аз хамаи ин дигаргунихо ва аз хамаи ин тозагихое, ки ин чо дидааст забон бигазад. Дилаш мехост барои хамеша ин чо монад. Вале набудани устод вайро боз дудила мекард. Ба зани бадзабон ва бесаводи устод фикр мекунад ва писари ноздонаи онхо, ки хамеша аз субх то шом сар ба руи китоби забони Англиси менишинад ва бо хаёлпарастии орзуи сафари Омрико рузхояшро мегузаронад ва дарвокеъ на забон меомузад ва на ба модараш кумак мекунад. Шарофат хатто намедонист, ки оё устод аз ин писари худ ва орзухои ачибу гариби вай рози хаст ё на. Шарофат хатто намедонист, Омрико кучост, хеч вакт хам кунчкови накардаасд. Вай хамеша ба Эрон ва Турон фикр кардааст ва мардони чавонмарде чун Рустам ва Сухроб ва хатто Исфандиёр. Падараш мегуяд, ки Эрон дигар вучуд надорад, вай мисли Рум ва Афросиёби кадим аз байн рафтааст. Вале чаро аз устод напурсид намедонист. Шояд чизхои мухимтар аз ин дошт барои пурсидан. На устод мегуфт, вай пурсаволдехтарин шогирде хаст, ки дар умри худ дида буд. Шояд барои хамин вай бисёре аз саволхояшро ба рузи баъд гузошта ва фаромуш кардааст. Шарифа мехост пурсад, ки чаро дигар хеч касе вазни шеър намехонад, вале ёдаш мерафт. Ба назараш танхо вай буд, ки пеши устод вазни шеър хонда бошад ва гайбати ногахонии устод ки дарси уро низ нотамом гузошт, тасаввури равшане надошт ва касе ба вай сабаби дакики онро намегуфт. Дилаш намехост бо шунидахои ками худ каноат кунад. *** -Ман дигар он мактаб намеравам. -Пас ба кадомаш мерави. Чандто магар мактаб аст ин чо? -Намедонам ман ба хеч чиз кор надорам ва ин мактаб дигар намеравам. -Кучо мерави пас? Боз дилат Бухоро мехохад. Магар ёдат рафт, ки чи кадр ин дарси ту ба мо зарар овард. Ёдат хаст, ки кариб аз гуруснаги дар ними зимистон чон супорем? -Ман намедонам, ман чидди гуфта истодаам, ман дигар ба ин мактаб намеравам. Аслан чаро бояд ман мактаб равам. Мактабе, ки хеч чизро ёд намедихад ба рафтан намеарзад. -Хуб, окилаи замон пас шумо ба Донишгох меравед, хамин хел не? -Не, хануз зуд аст, баъд аз хатми мактаб меравам. Хатман меравам. -Пас, рав мактабатро хон, чи ноз мекуни. -Ин мактаб намеравам.-гуфт Шарофат ва аз дарвоза баромада рафт. -Кучо рафт вай баргардон ин тараф вайро. -Кучо хам меравад, зери багалаш китобаш буд, пеши бародараш меравад. -Нагу ки кумак мекунад ба вай. Ин хамаш зарар аст ин духтар. Боз меравад то торики хатнобин шудан китоб мехонад. Намедонам аз дасти ин тангдасти чи кор кунам. Дилам мехост хамон соли гузашта ба мактаби шахр барам вайро, вале харч дорад. -Чи кадр дорад, ман аз бародарам мегирам.-нуфт модари духтар. Дар зимистон, ки кумак кард, ин дафъа хам не намегуяд. -Камтар номус дошта бош занак, як бор дод гуфта рафтан мегири-ми? Зан хомушона ба лаганда кардани курпачаи худ идома дод. -Майлаш, рав. Гуй, ки ман хабар надорам. Аз шарм ба чашми вай чи хел менигарам дар чойхона. Гуй, ки бачахо каме маризанд ба шахр барои муолича мебарем. Нагу, ки ман мехохам духтарамро аз хисоби вай мехохам таълим дихам. Камтар барои рох ва тушаи рох кумак кунад, он тарафашро бо дустонам маслихат мекунам. Як дусти давраи донишчуим ончост. Вазъаш хуб набошад хам одами худ аст. Ба фикрам хануз хам фарзанддор нашудааст. -Мегум пои кадами хамин духтар ин кадар сабук нест, хар чо кадам мемона мушкил пеш мебиё. Худо худаш панохи ин дусти навбатиатон шавад-дия. -Забоната газ занак, чи меги. Фардо ягон хамсоя шунавад, дигар хеч кас ина хостгори намебиё. -Нигарон набош, бе хамин хам ин кадар аз духтари одамгурези ту хуши касе намебиёяд. -Духтари ман аз онхо хушаш намебиёд, фахмиди? Зани ахмак хеч вакт кадри худаша надонист надонист-дия. Ин духтар аз туи бесавод дуртар гардад як чиз мешавад, вагарна вой бар холи ман. *** -Омаданата ду хафта нашудааст, чаро танхо ба он чо рафти. Рохро ба ту ки нишон дод? Ин чо дехаатон нест. Ки хама туро шиносад. Ин чо шахр аст, дар хар кадам одами худу бад зиёд, охир хаминро хам намефахми-ми. Нигарон шуда мурдам-ку. - ба сарзаниш шуруъ кард сохибхоназан. Шарофат камтар аз бист руз аст, дар хонаи дусти падараш дар Самарканд зиндаги мекунад ва ба мактаби шахр меравад. -Инхо одамони хубанд,- ба худ фикр мекард Шарофат,- вале чи кадр тарсу ва нигаронанд. Дар хона агар тамоми руз ё то субх наомадам хам ин кадр нигарон намешуданд. Инхо мисли буз ба чахор тараф мепаранд ва камтари дигар наойи ба милиса хам хабар карданашон хеч аст. -Хуб, чи чизи чолиб диди он чо? Хатман бояд мерафти? Агар ба ту чизе шуда монад, худо накарда ба дадет чи мегуем мо. -Чизе нашудааст-ку, дигар нагуфта намеравам. Вале хама хамдарсонам бо хам рафтем. Муаллимамон гуфт, ки ин иттифок хар руз руй намедихад рафта дастгири кунем ва дар гушае нишинем хам кумаки калон аст. -Ох, ин муаллимоя мебини, бо баччахои кас, мехоханд бози кунанд. Ба киммати чони баччахои мардум бошад хам хамон рузномаи лаънатиашонро мехоханд. Хуб, рузномадор шуданд, баъд чи кор мекунанд? -Ором шав, чаро баччаро метарсони. Чизе нашудааст, ман хам он чо будам. Хама мактабхои точики хам он чо буд, бо муаллимонашон албатта. Шиорхои хуб навишта буданд ва умуман хуб аст, ки он чо рафтааст. Ту чаро вохима мекуни. -Агар чизе шуд, ин вазифаи зан аст, ё бехмадон аст гуфта чони мана нахуред, хуб-ми. Агар хуб бошад, баъд аз ин ман ба хеч кори хар дуи шумо дахолат намекунам. -Кошки хамин хел мекарди, вале афсус боз токатат ток мешавад ва васати кори мо давидакада медарои.- гуфт сохибхонамард хандида ва ба суи Шарофат нигарист, ки оё вай низ бо у хамфикр аст ё на. Шарофат хам дар лаб табассум ба даъвои сабуки зану шавхар гуш медод. Замоне, ки Шарофат ба Самарканд кучид, замони ороме набуд. Аввалхои бозсози дар саросари кишвар хамаи мардум, хусусан миллатхои гуногуне, ки он чо ба сар мебурданд, хакку хукуки худро талаб мекарданд ва дар канори бинои хокимиёти шахр рузхо ва хафтахо гуруснанишини мекарданд. Он руз он чое Шарофат бо дустонаш рафта буд, тазохуроти талабгарони точик буд, ки аз давлати Узбакистон ва шахсан аз хокими шахри Самарканд ичозаи нашри рузномае ба забони модарии худ мехостанд, ки дар он замон дар кулли шахр ва навохии он ягон рузномае ба забони точики нашр намешуд ва хар чи мешуд ё ба забони узбаки буд ё ба забони руси. Дар вокеъ огози ин тазохурот аз гуруснанишини эълом кардани як шоири точик сар зада буд, ки дар пушти дари бинои хокимият нишаста буд ва то чанд руз, то замоне, ки ба вай ичозаи нашри рузномаро надоданд, аз чой баланд нашуд. Шарофат албатта ба хамаи мочаро ва ба хамаи мураккабихои сиёсии он пай намерафт, вале аз он ки точикони гирду атроф, хусусан, точикони кухистонинишин ва аз дехоти дурдаст омада буданд ва бо шиорхои тунду нарм ва шеърхои миллатситои ва фархангдустии худ, ки бо рангхои гуногун зеб дода буданд ва болои сари худ такон медоданд, хушхол мешуд ва эхсоси ачибе ба вай даст медод. Дилаш мехост вай хам дар ин майдон сахме дошта бошад. Барои бештари мардуми азияткашидаи точик дар 70 соли дарози хукумати рус лахза ба лахза урфу одат, расму оин ва дину забонашонро аз даст медоданд, ахамияти он чо баромада эътироз кардан бештар аз ахамияти талаби рузномае ба забони модариашон буд. Хама медонистанд, ки рузнома хам мухимм аст, вале ба хамаи дарди онхоро даво нахохад шуд. Барои бештари хозирон ин тазохуроте буд, ки дар деги бузурге охиста-охиста мечушид. Рузи дигар вакте хамдарсони Шарофат мехостанд боз ба тамошои майдони тазохурот раванд, Шарофат ба онхо таклифе кард, ки онхо хам дасти холи нараванд ва чизе дар дасти худ дошта бошанд. Талабагон хеле фикр кард, ки чи шиоре дошта бошанд, ки аз дигарон фарк кунад ва садои баландтаре дошта бошад. Ба ёди Шарофат мисраъхое мерасиданд, ки дар ёд надошт, онхоро дар кучо шунида ё хондааст. Ё шояд худаш гуфтааст, на агар хам гуфтааст дар хобаш гуфтааст на дар хушёри. Хеле фикр кард онро комил ба ёд оварда натавонист, хар чи ки ба ёдаш омад, каме интараф он тарафашро тагйир дод ва, -Ёфтам! Овози Самарканду дили бози Самарканд, Парвози шав, эй лочини шахбози Самарканд! -На ин кадр хам хуб нест. -Чаро гуш кун, бо ин оханг мехонем: лай-лай-ла-ла-лай-лай, лай-лай-ла-ла-дай-лай, мх мх мх мх…. Чи гуфтед? -Хуб аст, хуб аст, хар ки рози нест варианти бехтар гуяд. Касе фикри бехтар аз ин надошт ва онхо шуруъ карданд ба такрор кардан ва аз бар кардан. Он руз онхо дигар ба руи когаз навиштани он вакт надоштанд ва факат дастони худро ба хамгирифтаву баланд бардошта ва руй ба суи утоки хокими шахр онро баланд-баланд хонданд. Рузи дигар онхо мисли мактабхои дигар шумора ва номи мактабашон ва он суруди шиоршудаашонро руи когази бузург навиштанд ва ба катори бехтарин гуруххои тазохуркунандагон ворид шуданд. Тамоми каналхои кишвар гурухи ононро дар маркази таваччухи хама карор доданд. Яке аз барномахои телевизион онхоро «лочинхои шахбози Самарканди» ном бурд, ки баъдан дар вирди забони хама гашт ва маъруф шуд. *** Овози Самарканд «Барои аввалин шумораи «Овози Самарканд» аз рузгори охирин шоири Бухоро.»- Чаро охирин шоири Бухоро. Зиндаги тамом нашудааст. Шояд боз ягон шоири дигаре ба дунё ояд, шояд хам омада бошад ва эъчод мекунад факат ту намешиноси. -Э,э чанд бор гуфтам, дафтархои мана нарасед. -Падарат туро ба дасти ман супоридааст ва аввалин вазифаи ман санчидани дафтархои дарсиат хаст. -Ин ки дафтари дарси нест. -Хуб, онро хам бояд хонам, агар нахонам, аз кучо медонам, ки ту ба касе ошик шудаи ё на. Падарат гуфта ки ту хатман бояд аз дехаи худатон дар назди падару модарат туй шави. Баъд аз ин ба ман нагу, ки чи кор кунам ё накунам. Фахмиди. -Дафтари шахсии маро хеч кас хак надорад расад. Хеч кас, хатто падарам. -Номаъкул кардед-дия шумо.- гуфт бо масхара дусти парадаш. -Ман фардо ба хонаамон бармегардам, модарам бо дасти яке аз холабачахоям нома ва пул фиристодааст. -Кучост он нома? -Партофтам. -Ту чи гуна духтар хасти номаи модаратро партофти. -Хар дафъа ки чашмам ба он меафтид, гиряам меомад, барои хамин пора кардам. *** -Ду руз аст, ки рафтааст. Гуфт модараш нома ва пул фиристодааст, ки зуд таъчили ба хона биёяд. -Чаро таъчили? -Гуфт, ки арусии яке аз холабаччахояш будааст. -Дуруги мутлак. Хеч вакт намедонистам, ки ин духтар дуруг хам мегуяд. -Ба худо ман фикр кардам, ки пеши шумост. Хуб, пас кучост вай. Вой ман мурам, баччаи мардумро чаро танхо чавоб додам. Амакчон, шумо нигарон нашавед, пайдо мешавад. Хатман пайдо мешавад. Бача аст шояд хонаи ягон дустонаш рафтааст. -Вай ягон дусте надорад он чо. Ин чо чи? -Нна, ба назарам намерасад. Вай аз шумо ранчида рафтааст, чанд маротиба гуфтам ба дафтархояш даст нарасед. Окибат дидед чи шуд. -Бас кун, зиёд харф назан, худашон аз ман хоста буданд, ки хамеша тафтиш кунам. -Чи ягон чизи навишта буд, накуна беакли карда ошик шуда бошад? Аз дехаи мо чанд духтар ба хаммин кариби ба хорич гурехта рафтаанд ва маълум нест, ки шавхар кардаанд ё барои дарсхони ё кор рафтаанд. Накуна, ки духтари ман хам… -На, на чизе дар бораи охирин шоири Бухоро навишта буд, ман гуфтам хеч шоире охирин нест. Камтар ранчид… -Ох, ман медонам кучост.- худро каме чамъ чуртар кард ва ба даст гирифта гуфт падари Шарофат.- Бо ман меойи. Вай дар Бухорост. Хатман хонаи устодаш рафтааст. Хамеша мехост равад. Холо чаро якбора тасмим гирифтааст, намефахмам. *** -Дусти азиз, напурс, ки ман аз дасти ин духтар хеле азоб мекашам ва хамеша дар гамаш хастам, метарсам, ки магзи ин духтар хароб бошад. Хамеша аз хохарони худ фарк мекард ва хеч вакт хатто ягон дакика хам мисли хамсолони худ рафтор намекунад. Метарсам, ки хаёли ё васвоси бошад. -На, на аслан ин хел нест. Ман вайро хуб мешиносам. Факат зиёд аз хад фикр мекунад ва ба чизхое фикр мекунад, ки баъзан аклбоварнакарданист. Вале ин гайриодди ё ачиб нест. Дар навраси бачахо хамаашон хамин гуна рафтор мекунанд.