November 24, 2003

Эътимод

Осмон меуфтад,
Дунё мешиканад
Агар бовар кунам

Агар бовар накунам,
Замин гарк мешавад
Дар обхои сарди хеш.

November 22, 2003

Шабу дарё ману мох

Нима шабе
Тирамохе

Дарёе тира
Дар тоби танхоии хеш

Мох аммо
Даст бар синаи торики у
Мохиёни тиллоро
Мекунад
Чустучу.

November 17, 2003

Гарданбанди зумради пойиз

مردی پير
خزان می روبد
از پيراهن چاک چاکش
بوی غليظ مرگ می آيد

Марде пир
Хазон мерубад
Аз пирохани чок-чокаш
Буи гализи марг меояд,

Соки урёни чоруб
Бозувони нарми хасти хаст
Дар ламси дастонаш
Ва чашмонаш
Аз коби гарибе
Ба ман менигарад.

Ман махви зебоии бог
Дар тудахои зарду оташин
Чахонро хануз
Нозанин
Мебинам.

گردن بند زمرد پاييز
مردی پير
خزان می روبد
از پيراهن چاک چاکش
بوی غليظ مرگ می آيد

ساق عريان جاروب
بازوان نرم هستی است
در لمس دستانش
و چشمانش
از قاب غريبی
به من می نگرد

من محو زيبايی باغ
در توده های زرد و آتشين
جهان را هنوز
نازنين
می بينم


Дар рох

چگونه می توانم
آرام باشم
Чи гуна метавонам
Ором бошам
Савори ин киштие ки болинаш хатто
Бо талотуми дарёхо
Ошно нест
Ва ба мургони дарёиям
Хушку бегона
Менигарад.

در راه

چگونه می توانم
آرام باشم
سوار اين کشتی که بالين اش حتی
با تلاطم دريا
آشنا نيست
و به مرغان دريايی ام
خشک و بيگانه
می نگرد

November 14, 2003

Як хавз орзу

(Лаби Хавз дар Бухоро чоест, ки мардум сикка ба об меандозанд
ва умеду орзухои худро аз Худо металабанд. Чанд тангае аз ман хам он чо хаст).

Лаби Хавз аст
Ва мургобихо
Хотироти охирин Лак-лаки Бухороро
Дар амвочи об
Нул мезананд.
Табассум мекунад хавз,
Об меларзад
Аз гил-гилаки нозуки пусти хеш.

Ва хар руз
Дар тулуъи Мох ё Офтоб
Тангае меуфтад,
Орзуе меафзояд
Дар калби Об.

Хадя -шоираи Бухорои

Хадя шоираи Бухорои вакте охирин дафъа дар Бухоро дидамаш мехмонаш будам. Дар хонааш хеле точикона маро пешвоз гирифт ва хеле хам самими харф мезад. Аммо шавхараш хамеша хузур дошт ва намегузошташ ки дар мавзуъхои мавриди алокаи хар дутоимон харф бизанем. Нигарони он буд, ки баъд аз рафтани ман ки ба унвони хабарнигори Би-Би-Си рафта будам. Вале ба шавхараш сар нафаровард ва хар чи дилаш мехост ва медонист ба ман бигуфт, ки ман кавли махфи доштани онро хануз пеши у дорам. Аммо харчанд чойхои зиёд аз он гуфтам вале аз номи худ ё касе махфи.

Ин чо мехохам яке аз газалхои Хадяро биоварам, ки бароям дар берунрав дуртар аз шавхараш ва дигар хама бароям кироат кард ва ман онро сабт кардам. Хеле бо дард бароям суруд ва гиряхои хомушашро ва харфхои дардоварашро ки мегуфт танхост ва хеч кас дар Бухоро на шеъри уро мехонанд ва на чизи дигаре ба забони точики, хануз дар ёд дорам. Магар мешавад хонумеро ки мардонавор дар майдони хама номардии рузгор мечангад, фаромуш кард? Аз Хадя: Нишон аз кучахои бостони Чу калъа кунчи калъа ёдгор монд. Ба гирди чую чуйбор бозихою Чавонии пирони бешумор монд Бихушкид обу чуйбор бенишон рафт, Зи гулдастони калъа дасти хор монд. Зи дарвоза карокул ному мехроб Хамон хам бепаноху хору зор монд. Зи даври ту ба ман мерос модар Факат шукронаи ин рузгор монд. Он вакт ин шоира ба ман гуфта буд, ки аз муборизахои бемаъни хастааст, мардум дигар дар доми факр ва чахл мондаанд ва дигар харф, забон, фарханг маънои он вактаи худро бохтааст, уро натавониста будам дарк кунам. Фикр кардам, ки бо фарзандони худ андармон аст ва факти зиёде барои ин сохаи мардум надорад ва хулосахои махдуд меоварад. Аммо у хак буд, вакте мегуфт, ки охирин рузнома низ дер ё зуд баста хохад шуд вассалом. Шуд. Дакикан хамон гуфтаи у шуд. Рузномаи "Бухорои Шариф" низ мисли садхо мадрасахои точики дар Бухоро баста шуд ва ба забони узбаки баргашт. Аммо дилам намехохад ва наметавонад бигуяд вассалом. Хамеша умедворам, хамеша дилам барои ояндаи шодоб ва шодони фарханги точики дар Самарканду Бухоро умед меварзад ва хушбинам. Агар мардум аз факр ва чахл берун част ва дунболи баркарории решахои худ наомад, он вакт шояд бовар кунам, ки "дар Бухоро бухор гардидем". Аммо бояд чун Лоик дар фикри китоб ва таъмини маънавии мардуми точикзабони Самарканд ва Бухоро буд, вагарна мотамсарои осон аст. Бемордори кунем ва ба захмхои ин ду гахвораи фарханги форси давое бирасонем, шифо хохад ёфт, эхё хохад шуд. Бояд гофилтарин мардуми торих бошем агар барои начоти Бухоро даст начунбонем. Бухороро душманон тороч накардааст, балки бепарво ва нопуштибон будани мо заъиф кардааст.

November 10, 2003

Духтарони Самарканд

Киссаи 1

Холо мехохам хаммаатонро гич кунам. Хеле рахм кардам ба шумо, аммо дигар намекунам. Хамеша харфамро дар дилам пинхон нигах доштам то хеч яки шумо норохат нашавад. Хонаводаам ки он кадар ба ман сахтгир нестанд, мушкили ман шумо мардуми бегона вале дар айни хол ба хама кори ман сарукор доштед. Хобатон намеомад, агар ягон рузи ман ё ягон рафтори бади маро тахлил накарда монед. Охир одам бо ин хама бадноми боз чи гуна дар миёни шумо хубон чой ва рох меёбад намедонам.
Киссаи маро аз худи ман бишнавед, магар бештар лаззат надорад?


То ба ин фикр кардам зиндагиам осонтар шуд ва кам-кам дидам, ки часорати аз пушти шумо гайбатгуён туф хам мекардаги шудам.
Ачаб, хатто худам хам боварам намешавад, аммо дуруст аст ин хама чизе ки мегуям.

Медонед кай аз шумо канда будам? Замоне, ки бори аввал ба худам бо диккат ба оина нигаристам, ба хамон оинаи бузург, ки падапам барои хохарам оварда буд то муйхои сиёх ва дарози худро шона кунад ва аз ман ибрат гирифта кокулонашро кутох набурад. Ба худам нигаристам ва зиндагиам, зехнам ва хатто орзухоям низ якбора иваз шуд. Шояд он кадар хам бузург набудам, ё шояд ба зиндагии хуб ва акидахои худ он кадар хам арзиш коил набудам. Барке ба сарам зада буд ва ман иваз шуда будам. Яку якбора. Модарам баъдан гуфт ки бузург шояд шудаам он вакт. Вай мегуфт одамон ба тарзхои гуногун бузург мешаванд.

Ман ба худам нигаристам ва бузург шудам. дар оина аз зону поинтарам намудор набуд ва ман каме дуртар рафтам. Боз хам як ду вачаб аз поям нонамоён буд.
Курси овардам ва болои он баромадам. Дар танам либосхое буд, ки хеч вакт дуст намедоштам, зеро хамеша ба ман кухнахои хохарони бузурнам мерасид, ки маъмулан гулхояшон аз шустани зиёд камранг ва аммо ба чои он догхои аз газохои равганин боки монда буданд.

Охиста-охиста ба даровардани онон шуруъ кардам... Харакатам бо хаячон ва хеле суст буд. Худро дар ру ба руи оина лухти модарзод дидам.
Хаждах солам буд ва ман ин дафъаи аввал буд, ки ман гуё дар калби худ инкилобе анчом дода бошам.
Аз худам хеле хушам омад, мехостам лахзахои дароз он чо бачо бимонам.

Берун бахор буд ва пардахоро бод ба пасу пеш мебурд. Насим ба баданам даст дароз мекард ва калбам гуё мисли дарёхо соф ва равон мешуд. тасаввур кардам, ки чи гуна марде метавонад маро дар огуш бикашад ва бо нозуктарин харакот тамоми марзхои пустамро навозиш кунад ва ва ба ман бусиданро биёмузад. Дилам аз шиддати шарм ва хаё дао табу тоб буд ва худро номураттаб ба дару девори синаам мезад. Ман ошик мешудам. Ошик! Ошик! Ошики... Зиндаги! Ва омода будам хамаи зиндагиро тачруба кунам ва эхсос кунам.

Дастонамро ба муйхои кутохам дароз кардам ва камарамро нимадавр задам то битавонам пойхои сафеди худро аз пушт бибинам. Дидам ва дар хамон холат дастонам ба суи муйхоям баланд ва камарам нимадавр ва пистонхои сахт ва сафед ва нуктезам барчаста бародарамро дидам, ки бо чашмони аз косахонааш баромада бо вахшат ва газаб ба ман менигарист ва бо тезтарин харакоти Шаулинии худ, ки хамеша варзиш мекард то ман ва хохаронамро аз писарони дех химоят кунад, корди руи мизро бардошт ва ман фурсати аз курси поин омадан наёфта бозувонамро дар панчахои махками вай дидам ва гардамро нимабурида ва баданамро бо матои шаробиранги хуни ошиконаам пушида дидам. Хуни ишк либоси ман шуда буд.

Забони точики ва имлои ба хамрехтаи он

Худро ятим эхсос мекунам.
Худро ба шиддати дилхурона ятим ва танхо эхсос мекунам. Холо чашмони дилам боз аст, холо бовар мекунам, ки устод Маъсуми ва Раззок Гаффоров мисли даххо нафари дигар дар байни мо нестанд.

Солхои зиёде хатто лозим нашуд ки мо бидонем хануз ба сатхи шогирди низ нарасидаем ва хамаро ба деги башиддат чушони тачрубахои хом рехтем ва ба пасттарин маком овардем хам худро ва хам забони худро.

Холо мо касеро надорем, мисли устодони мо рузномахоро мурур кунад ва рузи дигар маколае бинвисад, ки "Хой, фикр накун ки ин забон сар ва сохиб надорад!" Ва тамоми иштибохоти имлои ва услубии мо нависандагон ва рузноманигорони чавонро ба руямон бикашанд ва рохи дуруст ва баёни шоёнро ба мо нишон бидиханд.

Холо шояд вакти мост ва хар чи дили мо хост бикунем, зеро дигар касе на кудрати истонидани моро дорад ва на хавсалаи ба ин масъала даргир шуданро. Хама сар ба сари худ дар сахрои худ мечарем ва забонро чун банди овезони гардани хеш аз русигарои ба Эронпарастии кур-курона мекашем.

Чаро мо дигар ба пои забони ниёгони худ ва лахчаи ширини точикии худ табархои тоза ва тезтар аз замони Рус мезанем ва хар чи зудтар мехохем аз бори точикии худ рахо гардем то зудтар ба лахчаи техрони мусаллат гардем. Магар мо насли чавони хамон падароне нестем, ки зуллисонайн буданд ва хатто бештар, аммо на бар киммати бохтани забони модарии худ.

Охир ки гуфт ки эрониён аз забони мо бегонаанд, на шояд точикии мо боиси мехр ва мухаббати онон мегардад ва хатто нуктахои пушидаи забони адабиёти кухани худро дар лахча ва талаффузи тозаи точиконаи мо дармеёбанд ва бештар алокаманд бар ошноии бештар бо мо мегарданд.

Хатто агар нагаштанд, магар аз даст додани забони модари ва имлои конунии мо ки забони моро дар ин 70 соли вахшиёнатарини торих барои мо начот дод ва аз марги ру дар ру мухосира кард, ба мо обруе хохад овард ё сарвате хохад дод, ки мо бо ин забон натавонем ба даст оварем???

Мушкили забони имрузии точик дар талаффуз нест, балки дар афзудани хаммаънохо ва шикастани сохтори русист. Мо бояд имконоти худро бияфзоем то бо ин забони самими ва ширини Рудаки дубора мусаллат бошем.

Мо хеч вакт бо гуфтан ва навиштани тарзи техронии " микуним" ва "микунид" забонро ислох карда наметавонем, балки хок бар сараш мерезем ва ганчеро ки ачдодони мо барои мо бо коммати чони хеш мерос гузоштанд дар чанд мижжа задан аз даст хохем дод.

Хуб, агар бахона омодаги барои тагйири хат бар хатти форси хаст, хатто дар хамон мавкеъ хам мо бояд сари лахчаи худ боки бимонем то мардуми содики махаллии худро хам аз адабиёт чудо насозем ва хам аз забоне, ки у ба хеч киммат иваз нахохад кард.

Равшанфикрро хамеша касоне мешиносам, ки зуд аз сарчашмахои урфу одоти ниёгони худ нагзарад, билло замоне ки замона чихати дигар ва муфидтари онро исбот накунад.

Вакташ хаст, ки хар як касе ки даъвои нависандаги дорад, баргардад ва
китоби нобига Маъсуми "Хар сухан чоеву хар нукта макоме дорад" ро бихонад то кур-курона ва ноогохона сахттарин зарбаро бар сари забони ятим ва бепуштибони имрузии точик назанад.

"Ман худ киям ки дар ин миёна мекунам довари?!"

Оре, вале сад дар сад мутмаинам, ки агар устдам Раззок Гаффоров зинда мебуд, ин нуктахои ин чо омадаро бо устодонатарин ва арзишмандтарин тарзи баёни хеш матрах мекард ва ба хеч вачх наметавонист бар ин хама омехтагии зехнии мо ва забони мо ва тарзи баёни ноустувори мо чашм бандад.

Дуруст аст, чанг ва марг майдонро холи ва шансхои камтачрубагон ва каммутолиъагонро афзудааст, аммо биёед онро хатто бо гариза ва фаросат биороем ва ояндаи фарханги худро чидди бигирем.

Мутолиъа бикунем ва баъд биофарем!!!

Таркшуда чун Арки Бухоро

Имруз рузи Бухоро буд барои ман. Хамаш аз субх ба ёди у будам. Ба Арки танхои у фикр мекардам. Ба мардуми ташна ва зери офтоби сузон дунболи ризку рузии ночизи худ харосон ва нигарон давандаро пеши назарам меовардам. Дерест, ки дар кучахояш кадам назадаам ва дерест, ки аз Манори Калонаш осмонро тамошо накардаам. آمروز روز بخارا بد برای من. همش از سبح به ياد او بدم. به ارک بخارا فکر ميکردم. به مردوم تشنه و در زير افتاب سوزان دنبال رزقو روزی ناچيز خود هراسان و نگران دونده را پيش نذرم مياوردم. ديريست که در کوچه هايش قدم نزده ام. ديريست که از منار کلانش اسمانرا تاشا نکرده ام. ديلم خيلی تنگ شده بد برايش و از انتنت دنبال خبری تازه از او ميگشتم اما چيزی پيدا نشد جوذ سفحه های هزبکی و دولتی. صدای ما تاجکان آن جا خيلی کمشمار و شايد هم همان يک دانه است. آنجا يک و شايد همان يکدانه شاعر باشد. مرد با تمکين و خاکساريست که گويا تنها گلخن روشن در آن تاريکی شهر پيدا باشد. ميترسم سخت ميترسم که آخيرين شاعير بخارا باشد. نگرانم که قلمشرا چه خواهد کرد. به دست جوان تاجکی ميسپارد يا به خاک مقدس بخارا ميگزارد. من از اين قسه غمناکتر قسه ای نخواهم شنيد تا اسر ديگر. در اين اسری که سالهايش مسل روزها دوام دارند و مسل گندومهايش کمهاسيل و بيبرکه هستند و مسل کبوترانش کمهوسله چه پرنده ای بر ما رام خواهد شد؟ تا کی ما مسل ارک بخارا ترکشده و تنها با غم خود خواهيم ماند.

Дилам хеле танг буд имруз барояш ва аз интернет дунболи Самарканд ва Бухоро мегаштам. Зери номи Самарканд соатхо мешавад чизхоеро пайдо кард ва бо чандин забон кироат кард. Вале аз Бухоро албатта дар хуруфи
Кириллики он танхо бо забони узбеки ва танхо аз чизхои давлати ва туристи мешавад пайдо кард. Дилам хеле бар мардуми он месузад. Дилам ба он дарвозахои бузурги Шарк месузад, ки ба хама ризку рузи ва фархангу маданият мерасонид. Бухоро имруз чарохудртарин даричаи хонаат низ бастааст ва чаро садои ошное аз он пушти панчарахоят намебарояд.

Он чо як шоир аст. Марди ботамкин ва хоксорест, ки гуё танхо гулхани равшан дар он торикии шахр ларзон аз бодхои тунди замон мондааст. Метарсам, метарсам, ки охирин шоири Бухоро бошад.

Бо номи "Охирин шоири Бухоро" чизе менависам. Хануз намедонам ки ба чи меанчомад ва номашро чи мешавад гузошт. Вале дардхои ман ва дардхои мост, ки як аср дар худ гирифтем ва барои дигарон зистем. на касе барои мо зист ва на мо муваффак ба касон шудем.

Филми "Масти зану шеър" ро ба наздики дида будам ва дар он наккоши сохибистеъдоде, ки хунараш бар замонаш даст баланди карда буд, натва авонист, балки нагзоштанд, ки фарзанде дошта бошад. Сахнаи гамнок ва муассире буд. Баъд аз он ба ин мард ба ин шоири Бухори фикр кардам, ки оё чанд фарзанд дорад, ки оё чанд шогирд дорад?

Каламашро ба дастони чавоне месупорад ё ба руи хоки Бухоро мегузорад.

Кадом кисса гамноктар аст намедонам. Вале поёни он наздик аст.

Ин замонест, ки солхо мисли рузхо мегузаранд ва бебарака шудаанд, мисли гандумхояш камхосил ва мисли кабутаронаш тарсону харосон, ки дигар тоби номарасонияшон нест.

Имрузхо хеч парандае бар мо ром нест. Чунки мо худ пургумонем.
чунки мо худ мисли Арки Бухоро таркшуда ва танхоем.

آمروز روز بخارا بد برای من. همش از سبح به ياد او بدم. به ارک بخارا فکر ميکردم. به مردوم تشنه و در زير افتاب سوزان دنبال رزقو روزی ناچيز خود هراسان و نگران دونده را پيش نذرم مياوردم. ديريست که در کوچه هايش قدم نزده ام. ديريست که از منار کلانش اسمانرا تاشا نکرده ام. ديلم خيلی تنگ شده بد برايش و از انتنت دنبال خبری تازه از او ميگشتم اما چيزی پيدا نشد جوذ سفحه های هزبکی و دولتی.
صدای ما تاجکان آن جا خيلی کمشمار و شايد هم همان يک دانه است. آنجا يک و شايد همان يکدانه شاعر باشد. مرد با تمکين و خاکساريست که گويا تنها گلخن روشن در آن تاريکی شهر پيدا باشد. ميترسم سخت ميترسم که آخيرين شاعير بخارا باشد. نگرانم که قلمشرا چه خواهد کرد. به دست جوان تاجکی ميسپارد يا به خاک مقدس بخارا ميگزارد. من از اين قسه غمناکتر قسه ای نخواهم شنيد تا اسر ديگر. در اين اسری که سالهايش مسل روزها دوام دارند و مسل گندومهايش کمهاسيل و بيبرکه هستند و مسل کبوترانش کمهوسله چه پرنده ای بر ما رام خواهد شد؟ تا کی ما مسل ارک بخارا ترکشده و تنها با غم خود خواهيم ماند.

November 3, 2003

Духтаре хамеша 5-сола

(Барои Шарифаи ширин ки
хадс мезанам,
дунёяшро хуб мешиносам)

Бузургсолон нестанд,
Дар хона танхоям
Фурсат аст шояд
Каламро
Бо оби дахон тар кунам
Ва лолахои маъюси кухистони хешро
Рангинтар кунам
Фонуси равшане биншонам
Дар шохи дарахт
Ва дар пои варак бинвисам:
"Хадс бояд зад,
Оре, хадс бояд зад
Ки чанд мурги шабхон
Хаст пинхон
Дар меги манзури соддаи ман"

November 2, 2003

Дусттарин дусти ман

Он чо дар азизтарин шахр барои ман дусттарин касеро дорам, ки хамеша дилам барои номахои ширин ва самимияш танг аст.

Дар фурсатхои ошнои бо у дидам, факат номаш Дилшода аст ва дили уро хеле хеле кам шод дидаам. Шодмонона хузн меварзад ва зиндагони мекунад.

Ва хар сари чанд барои модари дилтанги ман ки номаш Донагул аст, даста гулхои ноз меоварад ва аз зиндаги ва шодиву ношодихои он харф мезананд ва ёде хам аз ман мекунанд.

Шояд дар он шахри бузург хамин ду нафар аст, ки маро мешиносад ончунон ки манам ва бо неки ёд мекунанд гохе.

Дилшода.
Духтарест бо дили дарёи, ки ман ин чо дар дурии дур даст бар сохилаш мебарам ва софтарин об ба кафам меояд.

Дилам мехохад имшаб номаи тозае аз у дошта бошам ва сайри дунёи тозаи у ва шахри азизи хеш биравам по ба пои калимоташ ва лаби чашмаи Оби Рахмат дар субхи чахоршанбе "рахмати калон" бар хастии покаш бигуям ба даргохи Худой.