Намедонистам
Ба худо
Намедонистам
Ки ин чарогони нагз
Ин чарогони сурхи равшани
Даст бар дуои гуруби офтобанд
То дар гайбати торики он
Майдони чилваи хеш
Бияфрозанд.
Холо ки медонам
Чизе магар
Иваз хохад шуд?
Дуст дорам
Офтобро
Аз зери домани сабзи дарахтон
Тамошо кунам,
Дар миёни танги бозувонат
Ором-ором.
Суруди гарми хасти
Меояд
Аз бихишти синаи ту.
خوشحال می شوم
وقتی خوشحال می بينمش
Хушхол мешавам
Вакто хушхол мебинамаш
Ва хандахояшро метавонам
Бо лабхои тари хеш
Бишуям
То битавонем шаффофтар
Ишк варзем.
دلبر من
خوشحال می شوم
وقتی خوشحال می بينمش
و خنده هايش را می توانم
با لب های تر خويش
بشويم
تا بتوانيم شفاف تر
عشق ورزيم
Буи гафлати нарму зебои хохарам меояд
Аз лихофи зарди номахо
Дилам барои боги фароги падарам танг аст.
Дар огуши хотирахо
Тангтар мегирам худро
Ва дарахтони кудакиямро мешуморам
Бо чашмхои ба хам баста
Чахор себи сурх,
Чахор себи чарс,
Чахор себи турш
Чахор анори пайванди
Ва анчири Самарканди...
بيرون زيباست
و صبح هنوز سفيد است
من بار هيچ متاعی در تن ندارم
Берун зебост
Ва субх хануз сафед аст
Ман бори хеч матоъеро дар тан надорам
Панчарахоро боз мекунам
Ва насим тани сабук ва шаффофамро
Бо баргхои ноустувори дарахтон
Ба пои бистари ту меоварад
Бо барг-барги ларзони хохиш
Пахлу мезанам дар ту
Ва тамоми марзхои баданатро
Эй ёр,
Бо лабхои доги хеш
Кадам мезанам.
Бахори бистари мо лабханде бар пойиз мезанад
Гулдонхои маро
То бо сурхтарин лолахои хеш
Ороста боши
Эй дуздида каноати ман,
Субх ба хайр!
صبحانه
بيرون زيباست
و صبح هنوز سفيد است
من بار هيچ متاعی در تن ندارم
پنجره ها را باز می کنم
و نسيم تن سبک و شفاف مرا
با برگ های نااستوار درختان
به پای بستر تو می آورد
با برگ برگ لرزان خواهش
پهلو می زنم در تو
و تمام مرزهای بدنت را
ای يار
با لب های داغ خويش
قدم می زنم .
بهار بستر ما لبخندی بر پاييز می زند
گلدانهای مرا
تا با سرخ ترين لاله های خويش
آراسته باشی
ای دزديده قناعت من
صبح به خير!
مادر من جايی است
که مردمانش
شراب هفتادساله می خورند
Модари ман чоест
Ки мардумонаш
Шароби хафтодсола мехуранд
Ва харфи хазоронсола мегуянд
Субх то шом
Даст бар дуои мусалмонони бекуръон
Менишинанд
Даври оташи Зардушт
Висол васфи чудоист он чо.
مسافر
مادر من جايی است
که مردمانش
شراب هفتادساله می خورند
و حرف هزارساله می گويند
صبح تا شام
دست بر دعای مسلمانان بی قرآن
می نشينند
دور آتش زردشت
وصال وصف جدايی است آنجا
Осмони ман
Осмони тайёрахое нест
Ки фирориёнро аз китъахои гарми дунё
Ба марзхои барфпушу борони
Бирасонад.
Осмони ман
Хатти парвози парандахои мухочирро
Хифз хохад кард
Дар кафи обии хеш.
*** ***
Хуб,
Пас ин чост поён
Пас ин гуна хаст охири ин киссахои маъмул.
-Гусса?
-На, фикр мекунам...
Бояд диламро
Дар Укёнус бишуям
Ва шоди дигар аз ишк
Начуям.
Шабонгохон
Замоне чашмхоямро фаромушона мебандам
Ва дар торикии сакфи сиёх
Намебинам
Ки ишк аз кадом панчара берун меравад
Ва сахаргохон
Аз кадомин панчара боз
Ба суи ман меояд
Чаро бояд дар паи озор буд,
Чаро бояд дар паи бозор буд
Вакто дилат сукут мехохад
Вакто мурги гумрохат сукут мехохад
Дар шонаи марди бегона
Ва ду се руз фурсати ошноист,
Ду се руз фурсати шоде шояд хаст
Ва баъд
Хори дигар дар сина
Ва ёди ёри дерина...
Аз ширинии хабари чоизаи Ширини Ибоди зани ирони, ки чоизаи Сулхи Нобелро ба даст овард, хануз комам ширин аст. Зани ирони зери хар бори сангини тахкир ва зери хар пардаи сиёх боз метавонад аз худ ва аз дарди худ харф бизанад ва дастболотар аз хар зани озоди урупои фаъолият бикунад, чаcорат нишон бидихад. Аммо зани точик, зани бадбахти точик дар ин асри тулони ва пуртачовуз сазовори чоизаи чахонии САБР ва ТОКАТ-ро сазовор аст, ки хатто баробари зани на хушбахттари афгон низ эътиборе аз беруниён надид ва садояш хануз низ ба гушхо нарасидааст. Замони боз кардани дархои зиндонхои занони точик аст, ки хона ва хонавода меномемаш ва лахзае нест, ки дасти факр гиребонашро рахо карда бошад. Хар вакт ба дахони гунчишке менигарам ва нисбат ба он кирме ки дар байни нулхои паранда талоши рахои мекунад, хеч эхсоси рахме дар дил намекунам. Чучахо гуруснаанд ва хатто маро низ ба тахаррук меоваранд, чи расад бар модаре ки гушхояш пур аз садои нолаи кудакони гурусна аст. Нон, нон, нон... Вакто нон меори боз нолаи чадид мекунанд, Китоб, китоб, китоб, Дафтар, дафтар, дафтар... Ва занон ё даст бар худкуши мезананд ё бар чиноят ва чомеа ислохкор дари зиндонро барояшон боз мекунад... -Чоиза? Нобел? Сулх?... Аз кудаконам бигу, падарашон баргаштааст? Чизе овардааст барои шоми онон? ... Корхонахо ва заводхоро бастаанд, зиндонхои чадид месозанд барои занони чинояткор ва худфуруш. Мардхо рузе бармегарданд.
Имруз ба назархои хонандагони гох-гохи "Самарканд" чавоб менавиштам ва хамвора хушхол мешудам ва хам гамгин...
Аз тулони будан ва сахтии ин рох вахшат мекунам.
Маро хушбин кунед бо хуш ва дониши хеш.
Кишвареро мешиносам
Ки духтаронаш ошикони маъруф
Ва занонаш
Бордорони абадиянд
Бо пойхои бахамбаста
Дардхошон меояд
Ва дардхошон меравад
Бетаваллуд
Бетачаддуд
Дояе нест,
Дояхо мурдаанд
Мардхо хама магз
Мардхо хама харф
Мардхо хама пой шудаанд
Дасте нест он чой
Нест дасте ки бандхоро бирахонад аз пой
Вой,
Ман медонам
Чи чизе дар рох аст
Каримро намешиносам, вале чи кадр уро ба худам наздик дидам. Дакикан хамчунон ки дар огози ин маризи будам. Бехтар аз маризи номе барои ин пайдо намекунам. Хамеша вакте бо касони мисли худам мерасам, нигарон мешавам, афсурдатар мешавам, зеро давои ин маризи ё вакти тулонист ё офтоби дог.
Аввалин нишонахои ин маризи дар баробари як шубха ва баробари як тардиди бузург дар дили хеле ва хеле хам кудаконаи ман пайдо мешуд.
Фикр мекардам хама ононе ки дар атрофи ман буданд ниёз ба як кумак доштанд ниёз ба як кумаки бузург он кадр бузург ки инкилоб хам назди он хурду ночиз бошад.
Фикр мекардам ва вахшат маро дар худ гарк мекард, ки чаро барои чи мо бо рохе меравем, ки медонем охири он орзуи мо ва хостаи мо нест; ва харферо мезанем, ки аслан намехохем бизанем.
Якбора чашм кушодам ва дидам, ки чои ман чои ноустуворест ва атрофиёнам чи одамони камнафс ва афсурдае хастанд. Ба гами онон фикр кардам ва рузе бедор шудам, ки ман хам онон шудаам. Ман хам яке аз онон шудаам. Аммо ба ман гуфтанд ки ман аз аввал яке аз онон будам. Гуфтам на, ман кабл аз он ки ба шумо фикр кардам ва шуморо дарк кардам, каси дигар ва каси комилан дигаре будам. Гуфтанд на, он ту набуди, он орзухои ту буд.
Чи!?
-Ман набудам, факат орзухои ман буд? Агар орзухои ман худи ман нест, пас мани ман дар чи чизи ман аст?
Гуфтанд ин чо мо ман ва шахсияти одамонро аввал аз чинсият ва баъд аз миллияташон мешиносем ва вобаста ба инхо аз онон интизорот хохем дошт, ки номашро вазифа ва ё карзи фарзанди мегуем.
-Фарзанди?
Агар кас падару модар ва хатто хеч хеши наздик хам надошта бошад чи?
Он вакт чомеъа онро ба тарбият мегирад ва ба воя мерасонад. Чомеъа кист ва чаро мутмаъин аст, ки метавонад он нафарро ба тарбият бигирад, ки ман онро "ба колабандози" меномам. Ва чи тавр ман метавонам мутмаин худро дар ихтиёри конунхои он бигзорам. Оё ин амал кафолат хам дорад ва ё факат боз ба ухдаи вакт мегузоред.
Чомеъа оинаи бузург аст, ки одам худро дар он мебинад ва тамоми умр талош мекунад ки мисли он бошад ва хар чи кадар монандтар шуд муффактар мешавад ва зиндагонии хубе ба даст меорад.
Медони фикр ва акидахои бузург ки маъмулан чомеъахои хурд ё бузург аз паи он мераванд дар натичаи замонхои тулони ба майдон меояд ва охиста охиста дар майнаи мардум чой мешавад ва онхоро аввал хидоят мекунад ва сониян наззорат ва баъдан рахбарият мекунад ва дастгоххои доманадоре барои дар як самт ва дар як рох нигах доштани чомеъа кувва ва хатто чони худро сарф мекунад.
Агар бо чомеа равам орзухоямро аз даст медихам хамин тавр гуфтед дуруст, агар ба суи орзухоям равам, чи он вакт хам чомеаро аз даст медихам?
Ин холат бастаги дорад ба шахсияти ту, яъне агар одами саршинос ва барои чомеъа муфид боши, он вакт чомеъа туро аз даст медихад ва агар одами он кадр хам муфид набоши он вакт ту чомеаро аз даст медихи.
Падару модар ва хохару бародаронам низ чомеа махсуб мешаванд?
Бале, пас чи, он хам як чузъи ин чомеа хастанд ва барои мавчудияти ин чомеа ва бардавом мондани он хисса мегузоранд.
Пас ман хамаи чомеаро аз даст намедихам, факат чанд кисми онро аз даст медихам, ки шояд ба андозаи хонаводаам ба ман наздик ва мухим набошад.
На чомеа бо хама пасту баланди ва бо хама имрузу гузаштааш моли туст ва дар хидмати туст ва ту бояд онро чун хонаводаи худ ва чун чони худ химоят куни ва хамаи хостахои онро ба чо ори. Чомеаи ту ватани туст, замини туст, торихи туст, миллати туст, ки хамеша барои пуштибонии ту ва ба камол расидани ту кумак мекунад ва ба ту чойгохи ичтимоии муносиб пайдо мекунад.
Чойгохи ичтимои чи гуна чойгох аст?
Чойест, ки ту барои чомеа хидмат мекуни ва чомеа барои хидматхои ту ба ту хукук ва пуштибонии моливу маънави медихад.
Чи гуна хидмат?
Ххх, аввалинаш ин ки бо хамаи мафкурахои бузурги он созгор боши ва барои идора кардани мардумони гапнодаи чомеа ки онро мудом ба тарафи акиб мекашанд ва садди рушди он мешаванд кумак куни.
Агар ман хам бо онон хамрох шудам ва мукобили равиши нодурусти чомеа эътироз кардам чи мешавад?
Ту чаро фикр мекуни ки чомеа ба рохи нодуруст меравад. Ки аз ин харфхо ба ту мезанад?
Ман худам дидам, вакте ки мо дар дарси ракс мераксидем ва духтарони клоси мо либоси домандарози пар-пар надоштанд. Ман доштам ва оварда ба хамаи онхо додам то ракси мо хеле зеботар ва шодмонтар ичро шуд ва духтарон ин кадр хушхол буданд, ки ман он либосхоро ба онон бахшидам ва пас нагирифтам.
Кори хеле хуб карди, хеле хам кори инсонона ва дустона аст, чаро фикр мекуни ки чомеа бо рохи нодуруст меравад.
Ман хам аввал хамин хел фикр карда будам, чун шумо бузургсолон хамеша аз ин харфхо мезадед ва хатто падари ман хам зуд-зуд либосхояшро ба дустони худ медод. Аммо вакте хона омадам, модарам барои ин корам маро бо як химчаи борики дароз ин кадр зад, ки аз зарби он пойхоям варам ва чашмонам аз шиддати гиря кариб аз косахонааш берун омад. Модарам мегуфт ки ба хохарони хурдсоли худ чаро фикр накардам ва чаро бо у маслахат накардам.
Хуб модарат албатта дуруст мегуяд, бояд аввал ба наздикони худ фикр кард.
Баъд ман ба худам фикр кардам, ки чаро чомеа ба хамаи духтарон либосхои баробар ва муносиб фарохам намекунад ки ман хам битавонам озодона ва шодмона бо хамсолони худ бози кунам ва ба воя расам. Ман дуст надорам маро ба воя расонанд ва ман рузе мутаваччех шавам, ки орзухоямро фаромуш кардаам ва мисли чомеа шудаам.
Ман мехохам чомеаи ман барои хамаи орзухои ман чой дошта бошад ва хатто агар хам чой надорад маро бигзорад ки ман худам гушахои пушидаи онро кашф кунам ва дар ихтиёри дигарон бигзорам. Мехохам чомеаи ман аз хандаи ман ва аз гиряи ман харосон набошад ва ин кадр дар фикри марги худ нанишинад ва кузахои холиашро ба ман бисупорад ва аз буидани гулхои тозаву нави ман ва хамсолони ман лаззат бибарад.
Ман гулхоеро медонам, ки дар боги шахри мо дигар намесабзанд.
Ва роххои кутохтарро медонам, ки ба падари дехконам обро зудтар бирасонам ва ба мактабам хам дер накунам. Аммо ба ман ичоза намедиханд, ки аз он рох равам. Агар рафтам танбех мекунанд. Ва ман хамаи тикахои бадамро огохона ба чуби танбех супурдаам.
Кош ин чомеае, ки шумо бузургсолон мегуед як пайрохае хам медошт, ки кудаконро ба орзухояшон ошно мекард.
Инхо боз хам орзу хастанд ки касро аз хакикати вокеии зиндаги дур мебаранд, ту бехтараш ба дарс ва мактабат мутамаркиз бош ки барои оянда ва чойгохи ичтимоии муносиб ба ту бештар кумак мекунад.
Шумо нохудогох маро ба фарор кардан мехонед, шумо хатто агар часади кудаконаи маро дар сутуни хонаатон овезон бинед хам хадс намезанед ки ман аз дасти шумо ва чомеаи шумо ки маро ин кадар саркаш ва пургунох эълом мекунад ва насли нозанини дунёи тозаро дар чанини модари панчсолааш мекушад, худамро дар таноби офтоб овехтаам.
Ман худамро шустаам аз орзу ва дар таноби офтоби озоди овехтаам.
Фардо хушк ва хандон хохам шуд. Ва аввалин саволе ки мепурсам аз шумо боз хам; чомеа чист. Вале ин дафъа чавобашро медонам; манам.
Агар хам комилан ман нест, пас чизе хаст ки ман метавонам иваз кунам, ман метавонам онро бо рангхои дилписанди худам оро бидихам!
(Кудаконе ки кудаки надоштаанд, хамеша кудакона хоханд зист.)
Ва ин манам, мисли хамеша гах дар як колиб ва гах дар дигар колиби гариб.
Дилам мехохад худам бошам факат худам ва на хеч касеву чизе ки хатто шояд даххо нафарро хушхол ва хушбахт кунад.
Мехохам мисли худам шод бошам ва мисли худам гиря кунам ва милси худам дар бистари худам гахе ором ва гахе ноором бихобам.
Дилам барои худам танг аст. Барои касе ки хеч кас ва хеч чиз аз колаби худаш берун оварда наметавонист.
Дилам мехохад имшаб мисли худам бихобам ва фардо мисли худам бедор шавам... Агар чунин шуд намедонам ки чи касонро хушбахт месозам ва чи касонро бадбахт. Намедонам...
Ман ки поямро аз он хок бо беозортарин шева берун кашидам, пас чаро хануз мояи хушбахти ва бадбахтии онон бошам.
Дилам мехохад имшаб барои худам бихобам ва фардо барои худам бедор шавам.