September 4, 2003

На чун хама

Дар издихоми гализи хиёбон
Духтаре меравад гирён
Дастафшон, гахе хандон
Меравад гарчи дуртар, аммо садояш
Харчи болотар мезанад чаранг
Ба гуши издихом
Садои гах ханда ва гахе гиря
"Духтаре девона"- механданд мардум, аммо
Духтар мегиряд хамчунон
Ва мезанад кадам
Меравад ба самти беодам

Духтаре ачиб девона,
Духтаре бегона,
Духтаре вайрон шуда
Дар магз-магзи ин замона.

September 4, 2003 2:38 AM
Comments