Бод давиду гузашт
Ва дарахтон
Домане аз махрумияти баргхо чиданд.
Модарам дар бог
Бо хаёлоташ
Чой менушад
Падарам дар хона танхо
Гули сурхи чонамозашро
Мебусад.
Ман хафа аз он ки хама
Кори дехот
Чодахоро пои зиндон мерехт,
Солхоро мехурд
Ва чавониро дами пири
дар элаки афсусу надомат мебехт.
Ман хафа аз дастхои кучаки дахсолаи хеш
Ки чаро кудрати парвозаш нест
Ман хафа аз кабки кафас
Ки чаро худро зад бар калби кафас хунин кард
Ва чаро шираи овозаш
Нест
Ман хафа аз руд будам
Ки чаро каъри замин рафт
Ба суроги дарё
Ман хафа аз Наврузу Бунафша
Ва хамон Хилоле ки бо об аз ман рафту пайваст
Бо чароги дарё.
Ман хафа аз кудаки гаштам рахо
Бо хафакон рафтам аз ин рох
Лаби руди лахзахо
Коштам як гули ох
Ох, боз
Бод давиду гузашт
Пои хофиза дар ин хотирахо ларзид
Руз рафт
Хона хам торик гардид.
Чархо фалако, маро ба чарх оварди
Кулоб будам оби ширин мехурдам
Саргаште маро ба оби талх оварди.
چرخا فلکا مرا به چرخ آوردی
کولاب بدم مرا به بلخ آوردی
کولاب بدم آب شيرين می خوردم
سرگشته مرا به آب تلخ آوردی
Такрибан тамоми точикон бо ин рубоии мардуми ошноянд. Вале барои ман хануз дар зехнам равшану тоза боки мондани хондани ин рубои дар яке аз сахифахои китоби адабиёти дарсии мактаби миёнаамон арзише ширин мисли хамон тачрубахои тоза ва кунчковонаи баччагиям мебошад.
Хеле равшан ёд дорам, ки вакте ин рубоиро зам-зама мекардам ба он фикр мекардам, ки Балху Кулоб дар кучои дунё чойгир бошанд ва ки ин рубоиро гуфта. Ин рубои агар иштибох накунам боз як дугоники худро дошт ки мо хамеша онро паси хам мехондем ва ба истилох андухи ширини висоли хешро таъм мекардем.
Лаънат ба касе ки аз ватан карда шавад
Афтад ба гарибиву ба кас банда шавад...
Оре, дури ва мухочират он замонон маънои бадбахти дошт ва ё бадтар аз он маънии ватанфуруши ва руй баргардонидан ба халку хонаводаи худ.
Имруз ин одату мафхумхо хеле фарк кардаанд ва такрибан маънои баръакси онро доранд. Масалан мисли ин ки агар дур аз азизи хеш хасти бештар ишку алокаатро метавони эхсос куни ва хатто шояд хидмати биштаре хам битавони ба анчом расони факат барои фарханги худ ва бар фархангдустони дигари олам.
"Чарху фалак" маро бо ин дунёи имруз ва дируз ру ба ру кард ва мани имрузу дирузро чун дуст оина ба даст ба чашмонам чилва дод. Ва ибрози олами нихони маро осон кард.
Чарху фалак филми дакументале аст, ки бо сарвари ва сарпарастии Мехдии Чоми сохта шуд. Ин филмест, ки ман агар он хама эхсоси худро ва харфхоеро ки тавассути ин филм ифода намудаем, мехостам бинвисам, дар дах китоб хам гунчонида наметавонистам ва хамон ба он таври комиле, ки ин филм намоиш додааст намешуд.
Агар ман ба ин филм мехостам муаррифие бинвисам хатман ин чумларо дар он таъкид мекардам ва зераш хатти сурхе мекашидам. На ба хотири ин ки ливои русии хоким буд, балки ба ин хотир ки ба назари хуниндилони чудоихои фархангу торих битобад ва ба ёди ноошноёни ин торих боки бимонад:
Ин филм дар 90 дакикаи худ мухимтарин, нозуктарин, дардноктарин, шодтарин, отифитарин, нихонтарин эхсосоти калби як точики мушток ба фарханги кухани диёр ва ёри хешро ифода кардааст.
Ин филм аз гамхои талхи мо бо шодтарин забон харф задааст. Ин филм чехраи нопадиди точикро бо равшантарин рангу форамтарин оханг ба хоричиён муаррифи кардааст.
Ман мисли хар як точик дар ин филм рох мепаймудам ва кучахои ошнои худро баъд аз 12 соли дури медидам, аммо Мехди-директори филм ба назарам дар марзхои ишку алокаи худ кадам мезад ва аз хоки фаромушшудаи мо дурдонахои раксу садои мардумиро чамъ мекард, то аз забони мо аз мо бо чахониён харф занад.
Чаро аз ин филм ва имруз менависам? Барои ин ки вебсайти он ба тозаги руи интернет пахш шудааст ва дар адреси Чарху фалак пайдо мекунед.
Вакте насими нозуки бусахо
Дастони маро
тарк мекард
Ман
Дасте бар доман
Дасте бар хаво
Ба садои гунги ишк одат мекардам
Ишк дар остини хоби хилъати ман
Нозук- нозук атса мезад
Ачиб,
Чи форам аст
Садои сафеди кабутарон
Аз гиребони марди рахгузар
عشق عالی است
عشق خوب است
Ишк хубаст.
Ишк олист
Аммо
Хар чи аз ишк сар зад
Ишкро сар зад
Аммо
Ишк хуб аст
Ишк олист
Барои хандидан
Ишк хубаст
Ишк олист
Барои гиристан
Ба танхои
عشق عالی است
عشق خوب است
اما
هرچه از عشق سر زد
عشق را سر زد
اما
عشق عالی است
عشق خوب است
برای گريستن
به تنهايی
وقتی دريا رنجيده بود
من زنانی را می ديدم
Вакте дарё ранчида буд
Ман занoнеро дидам
Ки тамоми карн
Об таваллуд мекарданд
Ва мардхоеро
Ки чахор дасти пушаймони доштанд
Кудакон шикамхои жарфу бузург
ва чихилу ду дандон аз гуруснаги доштанд
Рег сабуктарин кафш дар пой дошт
Ва чашми зебое агар боки буд
Хамаро пур мекард
Хамаро кур мекард
Вакте дарё ранчида буд...
وقتی دريا رنجيده بود
من زنانی را ديدم
که تمام قرن
آب تولد می کردند
و مردهايی را
که چهار دست پشيمانی داشتند
کودکان شکم های ژرف و بزرگ
و چهل و دو دندان از گرسنگی داشتند
ريگ سبکترين کفش در پای داشت
و چشم زيبايی اگر باقی بود
همه را پور می کرد
همه را کور می کرد
وقتی دريا رنجيده بود...
وقتی سر مناره ها را می بريدند
من در باغ بزرگ بودم
Вакте сари манорхоро мебуриданд,
Ман дар боги зогон будам
ва гушти хом мехуpдам
Гунбади мерехтанд ба замин
Бинохо кур мешуданд чашм бар осмон
Зогхо хамон ба чо мемонданд
Ман факат сабза доштанд дар хобгохи хеш
Хобам аруси зогони сиёхи шаб буд
Ва хеч субхи ин карн
Офтобро нашинохт.
وقتی سر مناره ها را می بريدند
من در باغ بزرگ بودم
و گوشت خام می خوردم
گنبدها می ريختند به زمين
بناها کور می شدند چشم بر آسمان
زاغ ها همان به جا می ماندند
من فقط سبزه داشتم در خوابگاه خويش
خوابم عروس زاغان سياهی شب بود
و هيچ صبح اين قرن
آفتاب را نشناخت
ای شهر محزون
ای شهر غم های تلخ من
Эй шахри махзун
Эй шахри гамхои талхи ман
Эй шахри сангу сангу санг
Эй гури зебои фарханг
Имруз пайгамбарат кист
Он сухта домани тарат кист?
ای شهر محزون
ای شهر غم های تلخ من
ای شهر سنگ و سنگ و سنگ
ای گور زيبای فرهنگ
امروز پيغمبرت کيست
آن سوخته دامن ترت کيست؟