July 27, 2003

Шамъ ва Оина ба даст

(Таассурот аз чашнвораи Таронахои Шарк, ки хар ду сол дар Самарканд дар майдони Регистон баргузор мешавад)

Боз дар синаи ту мераксанд
Ранг бар домани сангфарши ту омехта
Боз хилвати ширини туро мешикананд
Даст бар чини сукут андохтаанд
Нур дар вусъати тавлиди чарог афзун
Чашн аст ин чо
Чашни бепахноии ту
Чашни дастони музаффар бар киблаи танхоии ту

Шарк мехонад тарона
Эй Регистон
Дар манори ту

Аз насим
Аз бахори ту

Эй механ
Кудаки дурузаи ту
Кудаки имрузаи ту
Гуш дихад аммо так-так,
Так-таку-так-так таку так...

Хобаш аммо нест
Хобаш аммо нест бедор аст ин кудак
Алла аз духазорон сола модар мешунавад У
Дар лаби Руди Ому,


Дар Зарафшон,дар Хучанд ,
Дар бари Арки Бухоро,
Дар Самарканд,
Дар Хучанду Панчакант
Дар Дизак, дар Бойсун, Фаргона
Дар Саразму руди Сурху Хоразм
Дар Бадахшон,
Дар Намангон,
Дар Кулобу дар Китоб
Дар Синаи кухан чу Афросиёб

Хона аз ситора мекунад равшан
Модари у
Хон бо нони гандум медихад зиннат
Чашн Рузи нав дорад
Мотамаш марги шоираст танхо
Душманаш хеч касест
Химматаш болост

Механи ман,
Шарк дар хоки ту маст
Мавч дорад аз чоми Хаём
Маст мераксад аз рангу навои ту дар хоки хаёли ту
Дар шаби Боги Шамоли ту


Шарк мехонад тарона
Бебахона
Зиндаги Сабзу Сурх
Зиндаги Обист ин чо
Зиндаги обистан аст

Ту чаро чашм аз хилвати торики худо
сурма зади

July 20, 2003

Барои Дилшода

Дураму сарду хамуш
Аз Самарканд
Баъди сад асри парешони
Баъди сад чоки кафан бар тани айёми кухан
Калби ман
Калби сангиншуда аз фасонахои нотамом
Гами ширини туро мешунавад боз
Чашм бар чода
Чашм бар номахои ту
Дилшода


***

Ман аз шахри занони арзон
Ва мардони гарибу танхо
Ман аз кишвари хорич аз харитаи замон
Расидаам
Гами ман дар чахони эътибори шумо
Хазорон харочасту
Харидораш нест


Модаре дар Самарканд

Имруз бо модарам сухбат мекардам. Мисли хамеша харфхояш нерубахш ва дилгармкунанда хаст. Ин зан шояд софтарин сарчашмаи зиндагии ман бошад, ки ман мисли хеле чизхои дигар дуруст кадрдони намекунам. Чи кадр нокадрдонам ман. Чи кадр дур ва беарзиш шудаам бе ту, эй модар, эй ватан.

Вале модар маро хуб мешиносад, мегуяд Шохчон ин чо дигар чои зиндаги барои ту нест. Хама ёронат рафтаанд ва хама гушахояи азизи хонаат низ вайрон шуда ва ба шакли дигар даромадаанд. Гарчанд дилам бароят мисли оташдон месузад ва хатто куввати гиряам нест, боз мегуямат ин ватанро дар орзухоят сабз хохи дид ва худро бехуда саргардон ба ин шахри вайрона ва макони пироне чанд марасон ва як афсурдахотири дигареро зиёд накун.


Модарамро хамеша барои ростгуи ва росткавлияш сарзаниш мекардам ва тахсин мегуфтам. Модар хануз хамон аст ва хануз сарчашмаи илхоми мо фарзандонаш, вале мо чи кадр суст ва заиф шудаем, чи кадр афсурда ва пиртар аз вай гардидаем.

Кош модар инро эхсос накарда бошад, кош модарро бо садои хандахои дуругини хеш хушхол карда бошам. Вагарна тешае бар решаи худ задаам ва дигар чашмаи неруи худро бо боди хазонкаши хотири парешони хеш олудаам.

Дилам мехохад бо дили модарам сад дар сад ошно бошам ва гамгусори вай. Аммо модарони мо, модаронатарин усули рафтор бо фарзандони худро доранд. Кош тавонам хамаи модари худро хифз бошам ва хамаи уро зикр созам.

Медонам, медонам чи чизхое дар дили модарони самарканди ва фарзандони парешони онон дар тамоми кишвари Русия ва Урупо ва тамоми дунёи бозшуда ба руяшон, чихо мегузарад ва чихо меруяд ва чихо хатто пусида ва чихо хушкидааст.

Намедонам ин чойхо дунболи чи мегардам, вале хуб медонам, ки модари ман тули сол богхои худро парастори мекунад ва хар бахор нихоли тозае сабз месозад.

Холо хадс мезанам, ки чаро точикон ошики чанор ва дарахтони бузурганд.

Дустдоштатарин таронаи модари ман ки дар богхои кухистон мехонад ин аст, ки ман он замонхои шояд маънояшонро дарк мекардам, вале холо зери пусти худ эхсос мекунам.

Дона чун бар хок наяфтад кай ба боло кад кашад.
Кадри одам хам баланд аз хоксори мешавад.

July 11, 2003

Баргашт

به نظرم اين فرصت آن است که دوستان خود داريوش مهدی ها و ماهمونير را معريفی کنم

Ин чанд рузхое, ки нанавиштам, ба хотири чанд мушкили текники буд, ки умедворам дигар пеш наояд.
Дориюш, ки бояд кайхо ба шумо муаррифиаш мекардам аз масъулон ва рахнамо ва сарнозири текникии веблогхои мост, бо вучуди камвакти ва имтихон доштанаш мушкили маро дуруст кард.

Дориюш аз донишчуёни Донишгохи Исмоили дар Ландан аст ва адрреси веблоги вай бо номи Малакут. Дориюш аввал ба дусти мо Мехдии Чоми, ки исми кориаш дар Би-Би-СИ Мехдии Шариф аст ва шояд хамаи равшанфикрони точик бишиносанд, пешниход кард, ки метавонад сахифаи бозе дар интернет дошта бошад. Хуллоса, Мехди хам бо номи Себистон сахифаи зебое барпо кард. Баъдан банда сохиби сахифаи Самарканд шудам ва бо ин хама танбали ва камвакти вакте пайдо мекунам ва чизе чанд барои калби худ менависам. Баъдан Мехдии Халачи, ки аз дустони азизи мост, сохиби Китобчаи худ шуд ва то навбати Мохмунир расид, ки сахифаи Чои талх- ро сохиб шавад. Ана дар хамин таваллуди Чои талх мо ба ин мушкили текники гирифтор шудем ва худоро шукр, ки паси сар шуд.

Хулоса, Дориюш аз он чавонони замонавист, ки ба устодони худ метавонад дарс дихад ва баъзан дар чояшон бишинонад, дар сохаи компутер албатта бештар.

Инхо аз дустони наздик ва аз онхое хастанд, ман дар ин дури аз шумо дустони кадим ва дерини ман, танхоии худро таксим мекунам ва азашон дарсу тачрибаву зиндагии дар гарибиро ёд мегирам.

Хамаашон хушбахтона аз чодахои шабехи ман гузаштаанд, вале дах бист соли пештар аз ман ва дар сарзамини хушбахттар аз сарзамини ман, ки барои хамин хам бештар вактхо ман хомушам ва бештар нозир ва шунаванда. Шумо хатман ба ман боывар мекунед ва хадс мебаред, ки аз ин дусти ман лаззат ва бахраи бисёртар мебарам.

Хуб ин чо кутох кунам, ки ин навиштахо хануз барои имтихони нашр ва санчиши дуруст шудан ё нашудани мушкилоти он аст.