June 20, 2003

Мачаллаи 'Самарканд' ро ки дар

Мачаллаи 'Самарканд' ро ки дар Эрон бори аввал нашр шудааст, дар интернет бо хатти форси хондам. Хушхол шудаму гамгин. Хушхол аз он ки Самарканд хануз хам арзиши ливо шуданро дорад ва гамнок аз он ки хар чи зери ин сурхтарин ливо матрах ва талаб мешавад, бар Самарканди имруз ноошно ва аз он дур аст.

Ба худ фикр мекардам, ки номи веблогамонро, мачаллаамонро, барномаамонро, китобамонро, сайти интернетиамон, филмамонро ба номи у мегузорем. Чаро. Ин оё чизеро матрах мекунад, ки мо наметавонем. Ачибтараш ин аст, дар он камтар аз худи Самарканд мегуем. Чист ин, махбубият аст, гамгорист, ё дилтанги...

Агар ман маччаллае бо номи Самарканд ё шояд Бухоро медоштам онро чи гуна шакл медодам. Мутмаъинан ба тарзи точикона ва ошикона, ки бештари мавокеъ аз мантики хушёрон дур хохад буд ва навои рубобу найи он дили шоди хамсояро ба танг хохад овард ва аз назари боз хам ноошно бар назари хоричиёни Самарканд ва Бухорои имруз хохад буд.

Хамеша бадбахтии худро замоне голибтар аз худам ехсос кардаам, ки фикр кунам ва ба назарам чунин расад, ки гами мо ва ватани моро танхо мо дохилиёни дасткутах мефахмем ва чи кадр бароямон сахт аст, ки бар олами берун аз он харф занем. Ба худо хар чи ба гуши расидааст, ним аз нимхои он аст, ки вучуд дорад.

Бар номи баланд Самарканд шумо беруниён меболед ва фахр мекунед вале дар хонаи вайронаи он танхо самаркандиёни точик сар панох мебаранд ва лабхои пурхарфи хешро мегазанд ва нафасхои доги худро дубора бар сина мекашанд.

Хатто агар харфе хам гуфта шуд, бовар кунед, боиси шарми шумоён аст, эй хоричиёни азиз. Гушхои латифи шумо хеле хассосанд бар шунидани хирри-хирри нафастангихои миллате пой бар лаби гур.

Вале ба хотири ин ки номи моро зинда хохед дошт, ман хамаи шумо дустдорон ва ошикони ин фарханги хуфта дар Самарканду Бухороро дуст дорам. Дуст доштан аз охирин чизхоест, ки мо ах даст медихем ва месупорем ва дар дигарон зинда месозем.

Хамеша чойгохи мухаббат аз висол дур аст.
Хамеша маъшук дар назари ошик оне нест ки хаст.

June 18, 2003

Ба сарусадои одамон ва даъвохои

Ба сарусадои одамон ва даъвохои онон диккат мекунам. Хуб аст, зиндаги барояшон рангу садое дорад. Дуст надорам, ки хама ором бошанд, хама хаста бошанд ва хама дилгир бошанд. Дуст надорам, ки ба замин туф кунанд. Дуст дорам, ки туфи дахонашон бар руи якдигар парад ва хамчунон идомаи бахс дошта бошанд. Ин нишонаи хуб аст.

Вале ман... Охир аз чи хам мехохам басх кунам. Бахс барои ман яъне амал, амали орому сокит ва натичабахш. Аз кабли мочаро чор заданро дигар тарк хохам кард. Наззору кунчковона ба суи садохои дилхоху дилписанд кадамро дуст дорам.

Дустон балантар харф занед ва баландтар бахс кунед, то ман самти шуморо дар ин талотуми садохо ва магалхои зиёду пучи мардумон гум накунам.

Баландтар ва далертар, то пардаи руъёву риёхо боз гардад, ки бешак, ру ба руи хам карор хохем гирифт.

Ва пардаи тозае хохад омад ба руи замонаи зудгузар. Аз худо бихохем, ки баъд аз ин дигар сиёх набошад.

Ба имтихонхои зиндагиям менигарам ва

Ба имтихонхои зиндагиям менигарам ва худоро шукр мекунам. Бигузор онхо маро по ба пои худашон болотар баранд ва билохир дар чое мустакарам созанд. Табиатан аз имтихон хушам меояд. Хар имтихонеро дар ёд дорам охиринашонро бехтар ва мутмаинтар ба хеш дидам. Ин ехсоси хубе ба ман медихад, фикр мекунам ва мебинам, ки рушд мекунам.

Чи хуб аст, ки як фарзанди точики кухистони рушд кунад ва мояи чомаи амал пушидани орзухои хазорон хазорон точики дигар бошад, ки соддатарин орзу барояшон бастааст.

Маро дасти рахмат дароз кун худои рахим ва ягона.

June 16, 2003

Ин рубоиётро Мехди бароям


Ин рубоиётро Мехди бароям емайл кард ки чанд калимаи барои хонандагони ирони ноошнояшро тарчума кунам.
Онхо дар сахифоти ахбори БиБиСи чой гирифтаанд. Вале ба назарам чои онон ин чост, махсусан баъди он навиштахои каблиям ки дар ёди ёри дабиристонии худ гуфтам.
Шояд ин духтар хам аз ёрони дабиристонии ман аст ки ман нишонаашро гум кардаам.
Хобхои ман аз ин вокеъот ва ин нолахои сарсониву бесаранчоми пур аст, мисли такдири хамаи точикон баъд аз ин Чанг, ё хатто баъд аз таввалуд.
Ба хонаводаи парешони худам фикр мекунам ва барои ин духтар мегирям. Мисли хамаи точикони дигар.

روايت پنجم: دوبيتی های زيبا دخترک فراری
اين رباعيها که از دفتر دخترک فراری وخشی با نام زيبای صدبرگ روبردار شده اند، اصلا مال مردمند که وابسته به واقعه و حادثه تحرير و تکميل يافته اند. ارزش واقعی اين ترانه های کهنه و نو ساده و پرغم پيش از همه در حالت حال گويندگان و زمان و مکان به وقوع آمدن واقعه ظاهر می گردد.

ای دريای پنج از تو المها دارم،
يک دسته گلی بالای مو جا دارم.
يک دسته گلی چيده و يک ناچيده،
يک خواهرک غريب و تنها دارم.


فرزند پدر مهاجر هرجايی،
چشمان سرم کور شد از رهپايی.
ناموس منه اينجه به سودا ماندند،
ای اکه بی ننگ تو کی می آيی؟!


وطن به کها ماند و غريبی تن تو،
جای که کشاد شد از رفتن تو؟
بيگونه بسی نبود، از دادر جون،
که خويش و تبار تو شدس دشمن تو.


دريای کلان گذر ندادی اکمه،
از باغ وطن ثمر ندادی اکمه،
دشمن دشمنی مردت نيابه کفته،
ما را کشتن خبر ندادی اکمه.


گندمک خوشه بسته می گن ماره،
شاخه به زمين ريزه می گن ماره،
شاخه به زمين ريزه ها بسيارن،
در وطن خود گريزه می گن ماره!


غم در دل ما، غم جهان در دل ما،
گسنيسه دوشنبه شده منزل ما.
گسنيسه دوشنبه مرا تنگ آمده،
غلامی غلامک مرا ننگ آمده.


ای پدر جان الای الايی کردم،
هژده سر سال به تو وفايی کردم.
هژده سر سال به ناز پروردی مرا،
امروز به هر دری گدايی کردم.


رهای قراتگين عجب سنگين است،
روز به سرم آمده زب ننگين است،
گفتم به قراتگين وطندار شوم،
از خون دلم خاک وطن رنگين است.


شينم، شينم، پيش خدا زاری کنم،
دادر بيايه راهشه گلکاری کنم.
دشمن که نماند رهشه گل کاری کنم،
خوناب دلم در قدمش جاری کنم.


مه می رود و ستاره پس می ماند،
يارم می رود، منه به کس می ماند.
يار منه گو که ناجوانمرد بوده است،
يک دسته گله به خار و خس می ماند.


شينم، شينم، ياد گل لاله کنم،
از سوزش دل جگرمه پرکاله کنم.
دادرمه جدا کشتند، يارکمه جدا،
حيران ماندم غم کرا ناله کنم؟


ای آچه جان، شتاب شتابان می رم،
توشه مه بيار ز ملک ياران می رم،
خاک وطنم خانه چغد است و شغال،
دعا مه بده که دشت شيران می رم.


آتش به دلم سوزش گرطان دارد،
بيچاره دلم خمار شيران دارد،
مردم می گن شير خدا می آيد،
تا آمدنش رو به چه دوران دارد؟

اين راهک نودی چشمکای چارُم،
در پشته نودی دادر خونشارُم،
خود گفته بودی که جوره تو مرد است،
اين جوره نامرد تو شد خوندارُم!...

Ахбори БиБиСИ аз тазохуроти чавонои

Ахбори БиБиСИ аз тазохуроти чавонои Эрони мегуяд. Чанд руз ва чанд шабест, ки чавонони ба шуромадаи Эрон бар зидди давлат эътироз баён мекунанд. Сайтхои бозу инкилоби бо сурудхои маъруфи инкилобии худ месозанд ва хама чахониёнро бо дарди худ ошно мекунанд. Вале Эй "Ёри дабиристонии ман" мо ки хама аз далери ва часорати Рустамона харф мезадем ва синахоро аз эътироз медамондем, холо чаро ба хама чизхои мукаддаси аз даст равандаи худ ва орзуву эътикодхои худ бехавсала ва ноумедона менигарем.

Магар ин аст поёни он рохе ки мо мехостем? Дар вокеъ мо рохи хостаамонро нарафтаем, онро иваз кардаем ба рохи осонтар ва беозортаре. Мо кистем? Эй ёри дабиристонии ман, дилшикастагон, ноумедон, ё як идда хаёлпарастоне ки дар гушаи торики хона далерона дар фикр мечанганд, вале хеч гох беруни хона нестанд.

Як идда тарсухо ва ё беамалхо.

Ё хастагоне аз хунрезихои бемаъни ва обрубаре бародарони мо доштанд.

Магар он дастдарозии бесаронаи онхо ки мушт аз хуни бародарон ва модарон ва хохарони ва кудакони навзод пур карданд, то кай сархои моро хам ва забони моро кутах медорад?

Хатман бояд сарусадо ва даъво кард? Магар ин хама роххои нарм ин хама халлу фаслхоро мо барои чи дорем?

Барои панд додан ба насли оянда ё барои истифода дар имруз?

Ёри дабиристонии ман, дастони нарматро ёд кардаам ки дастхо ба гардан дар дарозтарин кучахои шахр бо викор кадам мезадем ва суруди сулху осоиш мехондем.

Афсус ки имруз на он дорем ва дигар.

Пардахоро пора кардаем вале пушти онро чун холи дидаем, лолу мабхут мондаем.

Шояд пардаи дигаре хам хаст, вале даридани чуръати насли тозаеро мехохад бо дастони пурорзу ва неру.

Чои ману ту кучост баъд аз ин?!

June 15, 2003

Имшаб як филме дидам, ки

Имшаб як филме дидам, ки як духтари эрони дар дохили Эрон сохтааст. Албатта барои ман хеле иттилоъоти тозаи зиёде дошт рочеъ ба зиндагии чавонони Эрон ва шахри он. Вале боз хам чои накд ва назархое дорам, ки метавонам бигуям бештар манфи буданд. Ин духтар ки худро Озода муаррифи мекард, ба назари ман аз он чавононе буд, ки хар чомеъаи имрузи аз онон зиёд дорад. Яъне чк иддаи чавононе ки ба хотири ин ки чавон хастанд ва дунболи тахсил ва дониш хастанд, нишонаи аввалини акл ё комил буданро дар эътироз ва ё мобил баёни мебинанд. Ин филм ки албатта хануз филми комил ва ё нусхаи охирин набуд, вале хеле равшан ва баръало нишон медод, ки ин гурух хама шароити кор ва тахсил ва фаъоличтро доранд, вале хануз паи кор ё максади мушаххассе надранд.

Агар духтаре точик дар Самарканд бар ивази озодии зохирии худ метавонист, мошин, хонаи бузургу замонави ва тахсил дар Донишгох ва бародаре дар Холланд ва Хохаре дар Олмон медошт ки хамеша ва дар мавриди лозим дастгир ва ёрмандаш бошанд, то имруз агар хам орзуяш филм сохтан мебуд, шохкоре сохта буд. Дар чомеъаи ин хама дард ва ин хама донишчуёни норизо ва ин хама занони мазлум ва ин хама мардоне пойбанди конунхои сахти давлати чизе чуз орзухои чавонии худро намебинад ва тамоми соати филмро бо акидахои норавшану парешони зиндагии шахсии худ сарф мекунад.

Фикр кардам агар ман ин хама шароитро дар Самарканд медоштам чи коре метавонистам ба анчом расонам ва чаро имруз онро дунбол намекунам. Он хама талош ва бедастёри барои сохтани барномаи телевизонии Самарканд талошхои сахти худро ва садди роххои худро фикр кардам, хеле сахтар аз он чи ки ин филм ба ман нишон медод мерасид. Оё кадом дурусттар аст. Озодии зохири ё озодии рухони?

Вой бар мардуми точикзабони Самарканд, ки на ин доранд ва на ин вале боз хама худро аз орзухои шоду равшан пур ва саршор нигах медоранд ва баъзан шояд хам хаста аз мубориза ё харфхои баланду бехуда бошанд.

Кадом бехтар аст? Озодии чисм ё озодии рух?

Намедонам, вале инро медонам, ки барои бахонучу дар хар ду холат хам бахонахои ба таъхирандохтан ё пушти он пинхон шудан зиёд аст.

Чомеъае ки мо мехохемаш чи гуна хаст ва дар кучо? Ва мо чи накше дар он дорем ё хохем дошт?
Худи мо ки ба хама чизе ки ба мо безахмат расидааст эътироз ва назари манфи дорем, чи коре метавонем ба чо биёрем?

Худи мо аз назари дигарон чи гуна хастем?

Ба филмхои хаёлии худ менигарам ва мебинам чуз аз армон акидаи тозае надоранд. Аз гузаштахо бояд гузашт ва даст бо дасти онон ояндаи соф ва равшане сохт. Харза гуфтан ва нолидан ба шаъни мардуми мо ва дини мо намезебад.

Чаро сари моро факат гардани мо баланд кунад? Роххо ва усулхои дигаре хастанд, ки мо хуб медонем вале кадам кай мегузоем ба он су ва ба он тарз...

June 8, 2003

Имруз чи касе кучахои пурнури

Имруз чи касе кучахои пурнури Самаркандро бо мехру мухаббат тамошо мекунад? Ин лахза магар хануз касе хаст дар он шахр ки дар зинахои сарду урёни Регистон гиря кунад? Ошикони дастхо ба гардан ва ё ноком магар шумо бар он сокхои обии гунбаз бо хавас наменигаред? Магар шумо ва ишки шумо дар хамон чехраи чавон ва хуби маъшуки худ ва ё дар чохи чашмони зебои у махдуд шудаед?

June 5, 2003

Хобхоямро агар метавонистам ба рохати

Хобхоямро агар метавонистам ба рохати ва осонии халли як масъала боз кунам ва таъбир кунам, дигар хавсалаи зиндагиям намемонд. Хобхои ман хамеша аз ман пештар кадакм мезананд ва ояндаи наздики маро мебинанд ва дар он кадам мезананд. Шояд ояндаи дурро низ мебинанд ва ба чашми ман ва ба хисси дарки ман мерасонанд, вале ман онро фаромуш мекунам ва ё хатто аз ухдаи таъбири дурусташон намебароям. Ин илми худоиро ки мо аз кадим доштем, холо пеши кист ва ки кодир аст аз ухдаи ин огохии кабли ба мо миёнарав бошад ва дасти моро бигирад то кумаке бар таъбири хобхои мо кунад?

Дерест ки хобхоям талх ва ашковар шудаанд, Хатто нима шаб бо гиряи баланду нафасгардон ва пур аз ранчу алам бедор шуданхо низ доранд. Шояд бахшеаш моли вокеият аст, шояд хам моли ояндаи дур ё наздик.

Чи бад аст ки хобхо бо зиндаги яке бошад. Он вакт истирохатро кучо хохи кард. Дар гур?

Зиндаги хам гури гармест омехта ба умедвори ва ниёз. Марг хам гури гарм аст, вале на умед дорад ва на ниёз.
Ба назарам охири оромтар ва осудатар аст.

Кош чуёи оромиш мебудам. Мане ки хамеша дунболи чизхои тоза ва пур талотуме мегаштам хатто он оромиш низ ба дарди ман даво нахохад буд.

Пас:
"Шод бояд зистан, ношод бояд зистан".