May 26, 2003

Wednesday, May 21, 2003


Wednesday, May 21, 2003

Ба рузхои таваллуди модарам фикр мекунам ва хеч кадоме аз он ёдам намеояд.
Модар рузи таваллуди худашро хеч вакт чашн намегирифт. Мегуфт дуст надорад. Мо хам ба харфаш гуш мекардем ва хеч чашне хам барояш омода намекардем. Факат чанд дафъа гул овардани бародарам то замоне ки навчавон буд, ёдам меояд ва дигар хеч. Падарам хамеша тухфаи худро рузхои дигари сол ба вай мовард ва мегуфт ин барои рузи таваллудат. Модари ман хамеща дар фикри рози ва хушхол кардани мо чавонии худро сарф кардааст.
Ман ба модарам чизе хадя кардаам ё на ёдам намеояд. Чузъ гул ё шароб ё чизе барои ширинкомии хама.
Имруз боз рузи таваллудаш хаст. Дурустараш имруз дуввумин таваллуди модарам хаст, ки ман пахлуяш нестам ва гунахои гарми чавонпирашро бусидан наметавонам.
Вакте мехохам даъво кунам, ё панду маслахатхои гурчучавор бигуямаш хатти телефон ба рохати васл мешавад ва ман хам фурсату пули харф задан дорам.

Аммо имруз дилам хун шуд ва то хадди чанд дил дог шуд, вале телефон васл нашуд.
Модари ман хам рузе хушвакт ва ба орзухош мерасида бошад. Модарамро интизор намехохам, худамро низ пойбанд наметавонам кард, то канораш бимонам ва армонхояшро бишканам.
Ба модарони точик сахт мегузарад ин тачрубахои тоза ва на камтар ба фарзандони точик дар чомеъаи тозакашф.
Хохарони азиз, руи модарро сахт ва бисёр бусед, раксу бозиву хандахо зиёд кунед, то чои холии ман пур ва ноаён гардад ва шодии модар солим.


Оё модар имруз чашне дошт?
Баъзан фикр мекунам, модари хамон хафтдахсола мондааст. Чаро ки хамеша то хафтдахсолагии худ ба мокисса мекард.
Холо меандешам, бехтарин рузгор дар навчавони доштааст ва талош мекардааст, симои чолок нотарс ва далер ва шуху хандон ва сафедруйу тозабадани худро ба ёд оварад ва моро хам ба зиндаги хушбин созад.


Модарамро духтари хафтдахсолаи коматбаланди сафед андоме медонам, ки бо як фехрасти рузгорномаи як асраи рустои кухистон дар хотир ва дар калби бузурги худ дошта бошад. Модар хамеша дуст дошт бо ман хоб равад ва маризии ман барояш бахонаи хуб мешуд то барои молиш додани бадани ман меомад ва то субх назди ман мехобид. Дили модар хамеша ехсос мекард, ки ман дар дил хамеша хавои рафтан доштам, хавои рафтан, вале дер, вале дур. Модар, хамаи рафтанхои ман барои баргаштан буд ва ин сафар низ мисли кадим хохад буд. Чехраи орому хобидаи туро кош метавонистам бибусам имшаб...

- Shahzoda, 7:31 PM

May 26, 2003 1:32 AM
Comments