May 29, 2003

Одам чи кадр осон ва

Одам чи кадр осон ва маъсумона ва бехабар фиреби касонро мехурад ва то замоне ки он дуругро пеши худ кашф накунад, бо итминон зиндаги мекунад. Вале ду се дуруги кори касро ба рохати аз бовари ва эътимод ба чахон ва касон дур мекунад.
Чи кашфиёти бузург буд бароям номахои Фуруг. Холо ман ин чахонро ин дунёи кашанги шоиронаи Фуругро ки солхои зиёд мехостам барои худ кашф кунам бо дастгирии ин номахои махрамонаи худи у кашф кардам.

Ман ва на танхо ман шавхари Фуругро як нафари сахт мазхаби ва сахт мукобили шеър ва хатто озоди медонистам. Таксираш низ хамон сарсухани тахиякунандаи китоби Таввалуди дигар бо хатти руси буд. Он чо гуфта мешуд ки хонаводаи Парвиз яъне шавхари Фуруг хеле бадкирдорона ва золимона бо Фуруг бархурд мекарданд ва хатто баъд аз талок бо шавхараш Комёр писарашро низ ба у надоданд ва хатто дидор бо уро барояш мамнуъ карданд. Вале худи Фуруг харфи дигаре мезанад ва шояд вокеъитарин хукмро дар ин бора худи у дар номахояш гуфта бошад.

Рости мо чи кор дорем ба зиндагии хусусии у. Вале мисли баччахои шух ва кунчков дуст доам хама чизеро ба Фуруг иртиботе дорад кашф кунам. Холо ин номахо фикрхо ва бофтахои хаёлии маро ба хам рехтааст, бо тамоми мафтуни ба чавонмардии Парвиз ки хеле дар зиндагии Фуруг муассир ва кумаккунандае будааст, ба у мезри ачиберо дар худ мебинам ки баъд аз хондани номахои Фуруг дар ман пайдо шудааст.

Он хама ишкхои махзун ва самими ва дардноки Фуруг ки хамеша ба онхо фикр кардаамро ва барои пайдо кардани маъшукхои у саъй карданамро бо хамин китоби Аввалин таппишхои ошиконаи калбам конеъ кардам. Ба назарам чунин омад ки Фуруг чуз Парвиз касе ва чизе надоштааст. Хама орзухо хама армонхо ва хама талошхои у барои ба даст овардани калби сангину окилона ороми Парвиз будааст. Фуруг хоста пеши Парвиз он кадр азиз бошад ки у пеши Фуруг буда. Хатман ин якиро ба даст оварда, вале боз хам хиради Парвиз ва гурури уро медидам, ки хангоми марги Фуруг сари худро гирифта мерафт ва худ мисли Фуруг шуда буду Фруг дигар мисли у магрур ва ором дар гури гарми худ аз баланди ба у назора мекард.

Ин киссаи омехтани ишки хакики бо зиндагист, ки хамеша бояд чунин як поёни дарднок ва абадикунандае дошта бошад.

Хонаи Гулистон хам рафта будам, факат ба хотири дидани табъи дили Фуруг ва он гуноххои ширин ва он махбуби маъруфи у. Хеле хам дунёгир ва дар камоли оромиш ва дорои дидамаш. Чун боз хам гули мардумро хурда будам ва фикр мекардам, ки Фуруг барои расидан ба нишот ва ишк аз он хонаи танги шавхараш худро берун кашида буд. На. Фуруг худ мегуяд ки хама ишк ва маъшукхояш хама хама орзухояш хамон бо аввалин тапишхои ошиконаи калбаш барои хамеша пайваст монда буд.
Дигар хамаро аз худ гурехтанхои Фуруг дидам. Вале шояд боз як идда номахои Фуруг баъд аз чанде дарбиёяд ва боз розхои дигареро ошкор кунад. Вале феълан мо инхоро дорем ва арзиш коилем.

Чи кадр ин номахо бар ошнои бо зиндаги ва шахсияти Фуруг кумакам кард ва боз чи кадре дигар боки монда ки мо точикон аз он хабар надорем ва хатто худи наздикон ва хамкавмони у низ надошта бошанд.

May 27, 2003

IШабу рузам ба хам рехтааст.

IШабу рузам ба хам рехтааст. Хуб намехобам, хуб фикр намекунам ва хамаш дар роххои Лондон рахгум дар утубуси нишастаам мегардам ва аз истгохи лозимииам то се чахор истгох гузашта меравам.
Ба харфхои Фуруг гуш медихам. Танхоии уро ба танхоии худ киёс мекунам.
Хама чо дастам китоби Номахои Фуруг аст. Тоза ба хондани он шуруъ кардаам. Дар зехнам боз хамон инкилобе, ки хангоми хондани китоби Таваллуди дигар (1992, бо хатти руси) рух дода буд такрор мешавад. Хамеша вакте пушидаеро ё рози нухуфтаеро кашф мекунам хамин хел хотиру ёду аклам ба хам мерезад ва гичу парешон дар олами худ фуру меравам.

Фуруг фуруги рушани зиндагии ман дар хавои ноумедкунандаи Самарканд буд.
Ман бо хондани шеърхои Таввалуди дигари Фуруг бо имрузи Ирон ё дурусттараш бо Ирони хакики ва вокеъи ошно шудам. Фуруг буд ки ба мо гуфт он чо хам зиндаги такрибан мисли Самарканд аст. Ормонхост, орзухост ва зиндаги мисли хамеша барои касони фахмида талх ва танг. Фуруг буд ки ба мо аввал бор гуфт Ирон бихишт нест ва мо хам кам кам по бо пои шеърхои у Ирони вокеъиро кашф кардем ва ривоятхои Фирдавсиро аз Ирони бузург ва шохони одил ва мардони далеру мехрубон хама хама ширинхаёлихои худро рочеъ ба Ирон дубора ба асотир ва афсонаи зехни худ супурдем.
Фуруг барои мо бештар аз як шоир ва бештар аз хамдил буд. Агар хам шумо имруз чанд чавони хоми кам саводеро дидед ки калам ба даст гирифта ва талош мекунад забони модарии бар лаби гур расидаашро начот бидихад, он хама аз хидоятхои Фуруг аст.

Фуруг фуруги дили ношоди мо самаркандиёни ба гушаи фаромуши супурда буд. Духтару писар хама як китоби уро аз даст ба даст медодем ва дар як шаб тамоми китобро руйнавис мекардем. Болои шеърхое ки моро ба ёди худ меандохт мегиристем. Бисёр ва бо дард мегиристем. Дар баробари ин хама наздики ва хамдили бо Фуруг мутаассифона хеч чизе на зиндагии у ва на аз чомеъаи у м едонистем. Вале хеле дусташ медоштем хануз хам дусташ дорем ва бо харфхои соддаву равонаш ишк меварзем.

Албатта мо Фуругро дар колаби тачруба ва мухити атрофи хеш мерехтем ва бо хамон нигохи зарди хеш ба у менигаристем. Уро гуфтахои уро моли худ медонистем чун хама чо худро медидем ва гохе таачуб мекардем, ки гуё Фуруг он китъаро барои мо ихтисос додааст.

Мутаассифона шумори мо чавононе ки Фуругро мехондем зиёд набуд. Дарвокеъ хар касе ки ба андухтан майл дошт мафтуни Фуруг ва дунболи ба даст овардани китоби дигари вай мегаштем. Дар Самарканд дигар кам китобе хаст ки арзиши хондан дошта бошад ва камтар аз он касоне хастанд ки аслан китоб мехонанд. Дар Бухоро чи? Ба кавли Бозор Собир дар Бухоро бухор гардидем. Бале афсус ки Фуруг каме дер омад ва дасти худро натавонист ба Бухоро хам расонад.

Бар Самарканд хам дар замоне ки шоирони точик аз Душанбе марсия менавиштанд, Фуруг бо Таваллуди дигари худ умри тоза ба умедхои хушкидаи он бахшид.

Холо ин номахо ин нолахо ва дардхои Фуруг маро водор мекунад, ки ба у ба рузгори у ошно шавам ва бо нигохи тоза ба у бингарам. Вакте номахои Фуруг дастам расид ин чо Лодон будм ва дар худ хушхоли мекардам, ки бо худи Фуруг на дар Самарканд ошно мешавам. Зеро ман дар Самарканд Фуругро дар мувкеияти дигаре кашф кардаам ва аз худо мехохам ки он олами талху сахту ширинро дар зехни ман хамон тавр боки нигах дорад.

Аз аввалин ламси ин китоб худро дар Самарканд тасаввур кардам ва ба ёди он дустонам кардам, ки барои китоби Таваллуди дигар навбат мегирифтем ва мехондем ва руйбардор мекардем ва бахсу даъво мекардем. Холо кучоянд ва зиндаги онхоро то кауч бурда оё дасти хвнуз дар дастраси Фуруг хастанд?

Чи кадр дилам мехохам ин китобро ба хатти руси баргардонам ва дар саросари кишвари Узбакистон ва Точикистон рохи кунам.
Оё Фуруг рози хаст ки мо калби уро дар гайбаш боз кардем ва хонаи у нохонда мехмон шудем?
Намедонам, вале инро Фуруг худ хуб медонист ки вакто бо шеър ва мардум сару кор дошти дигар хеч чизат танхои моли ту нест ва чизе барои хусуси мондан нахохи дошт.

Ман туро дер кашф кардам Фуруги азиз. Ин кадр дер ки калби маро ноумеди ва яъс сохиб шуда буд. То андозае маро берун кашиди ва барои хамин ин кадр баром мукаддаси. Салом Фуруги азиз.

May 26, 2003

Имруз бо яке аз дустонам

Имруз бо яке аз дустонам дидор доштам. Хушхол шудам барояш, чаро ки гранте 10 хазор дуллора бурдааст аз давлати Омрико, кишваре, ки худ тобеъияти онро дорад вале аслан фарзанди Ирон аст. Проекти у як тахкики фарохест рочеъ ба муштаракоти фарханги Ирони Афгони ва Точики, ки бояд дар тули 2 сол ба анчом расонад. Хушхол шудам ва назархои худро гуфтам ва чанд китобу маколахои нотамом ва мусохибахои худро ки аз равшанфикрони Самарканду Бухоро бо худ оварда будам ваъда кардам. Мавзуъи чолиб аст вале аслан тоза нест. Мавзухест, ки шояд аз огози бунёди кишвари Бузурги Сосиолистии Русия вирди забонхои мо форсизабонон ва фарханги ориёи матрах будааст. Дарвокеъ аввал дуруст мутавачех нашудам, ки кадом муштаракот ва аз кадом назар, назари торихи, сиёси ё иктисоди ё чугрофи ва ё урфу одат ва ё робитахо ва ё ... ууууххх хеле чизхо. Гуфт метавонад хамаи инхо бошад.
Хатман тахкикоти доманадоре хохад буд. Ба хар хол хушхолу сарфароз аз он ки он дустам Жанд гуфт дар бахши точикии он ба кумаки ман ниёз дорад, хона омадам. Чи ачаб давлате ки худ хуб хамаи муштаракот ва хамаи ин мушкилоти равобити мо форсизабононро медонад ва баробари чанд кишвари дигари Урупои ва Русия бар хар чи бештар аз хам чудо кардани мо даст дароз кардааст ва барномахои тулонии дигаре хам дорад, дар фикри ба хам пайвасти моро хам хаст. Оё хаст? Намедонам. Ё боз хам сиёсати кадимист, ки мегуфт, хар чи бештар донисти хамон кадар махкамтар зарба зади".
Дарвокеъ одам гич мешавад аз ин сиёсати печ дар печ ва дарун ба даруни омрикои. Аз тарафе барои тахкикоти доманадор рочеъ ба фарханги кадими мо гронтхои беш аз пеш масраф мекунад ва аз тарафе бар истисмор ва мазлум шудани он дар Самарканду Бухоро ва Фаргона тамошо мекунад ва тарафи боз дигаре бар сари мо бомбхои гаронвазнтарини дунёро меандозад.
Ман ки холо замони хомуши ва сукутам расида чандест ба хеч чизе назар намедихам ва хеч чизе умед намебандам, кори аз дасти худ меомадаро мекунам ва интизори рузи худ ва рузи мо хастам. Хамоне буд барои химоя ва дифои фарханги ориёи дар Самарканду Бухоро аз Ирон дасти кумак мечустам, албатта он вакто хеле кучак ё хатто кудак будам, баъдан вакте донишчу шудам, дигар аз Ирон даст бардоштам, дидам бо дину мазхаби худ хеле машгул ва хатто гирифтор аст. Ва хатто то сафорати Ирон дар Тошканд арз кардем то дастони моро ки аз китоби дилхохмон холи каарда буданд, чизе бигузоранд, чизе то бо забони ноби форси бошад. Гузоштанд албатта, вале ба дарди мо намехурд, зеро чанд китоби Куръон буд, Хофиз буд ва торихи шеъри муосири Ирон. Мо хамаи инхоро дуст доштем ва хондем. Аммо дарди мо дигар буд ва дар кутуб пайдо намешуд. Мо рохи халли худро бояд худ мечстем, зеро Ирон аз он бегона буд. 70 соли шурави моро ин кадр дур карда буд, ки вакте ба мо Ирон мегуфти мо ташнагони фарханги ориёи хамон Ирон кадим ва бузургро мефахмидем ва чашми умед мебастем. Фикр мекардем Рустами он чост ва дер ё зуд хохад расид. Хайхот ин хама идомаи афсонахои ширини кудакона буд.
Хулоса ноумед аз Ирон ба домони Омрико часпидем ва хама гала-гала дунболи омрикоихои миссионер мегаштем ва бо дахони боз ба маърузахои динии онхо гуш медодем. Ба харфи мо хам гуш мекарданд. Хамдарди мекарданд ва боз хидоят мекарданд ба суи худ ва фарханги худ ва дини худ. Фикр мекарданд мо ки мусалмони комил нестем, яъне рузаву намоз намедорем иваз кардани дид ва акидаи мо осонтар аст. На 70 соли шурави моро ин кадр тарсонда ва пушаймон карда буд, ки дигар ба осони бовар намекардем ва беозортарин ва сёамимитарин дини исломеро барои худ сохта будем ва бар ивази хеч фарогате намехостем аз он бигзарем. Ман худ хамеша ба суроги онон барои китобхои рангобарангашон мерафтам ва хамеша аз норасоии китоб ва нобуд кардани китобхои м адорис ва кутубхонахои буругтарини кишвар харф мезадам. Хамеша ба дасти китобе медоданд ё киссаи Масех буд ё омузиши забони инглиси. Боз хам ба дарди ман намехурд. Дарди мо мисли ин ки ба хама бегона буд ва орзухои мо шояд ба назари онон нокис ё гайриимкон мерасид.
Бале чун онон хама мушохида мекунанд ва ин киштии мост ки дар васати дарёст ва бишкаста. Мо талоши начот дорем ва то охирин нафас умеди зиндаги.
Дигарон мушохида хоханд кард ва мекунанд ва бархе махоричи бештар аз онеро ки метавонад ними киштии моро начот дихад ба гурухи хамкавми медихад то тахкик кунад, ки вокеъ чаро рух медихад.
Ачиб аст, холо фикр мекунам ин мавзуи интихоб кардаи дусти аслан кухна нест. Ин мавзуъ тозатарин ва мухимтари аст барои ман, аммо на барои тахкики илми, балки барои даст ба хам додан ва ба суи хам дубора баъд аз хазорон соли дури гоме чанд гузоштан.
Вале сахт аст, аз сахттарин ва ношуданитарин корхост масусан дар ин асри тозаогоз. Чаро боз лахнам иваз шуд? Зеро ёдам аз сухбатхои худ бо чанд олими Ирони омад ки дар Ин чо дар Лондон дида будам ва ё хонуми бисёртачрубае аз дафтари БиБиСи, ки мегуфтанд оё баъд аз хамлаи Омрико бар Толибон зиндаги дар Самарканд рохаттар шудааст. Ё замони толибон хам дарс мехонди? Гиряолуд механдидам бар чавобашон. Азизон Самарканд дар Афгонистон нест. Самарканд дар Узбакистон аст ва мо толибоне надоштем моро аз рафтани ба мадрасёа мамнуъ каунанд. Мо касонеро дорем, ки хазорон бадтар аз т олибон аст. Онон мадрасахоро ва китобхоро аз байн мебаранд факат ба хотири ин ки мо форсизабонем. Э. шумо форсизабонед? форси мехонед?..
Ва хатто хар хоричие ки агар фахмид мусалмонам мепурсад оё дар ватан чодур ба сар мегаштам. На дини мо зандуст ва зебоипараст аст, вале сиёсати мо душмани фарханг.
Хулоса баъзан ин фосилахоро ин кадр дур мебинам ки фикр мекунам мо форсизабонон дигар як чизи муштараке дорем ки дигар киммати ончунонии худро аз даст додааст. Ва он хам Шохнома аст.
Хохиш мекунам ба ман бигуед, ки аслан ин тавр нест ва ман боз ба чахони ширини умедвори баргардам ва ин киштии нима дар гаркро ба сохили умед бирасонам.

Wednesday, May 21, 2003


Wednesday, May 21, 2003

Ба рузхои таваллуди модарам фикр мекунам ва хеч кадоме аз он ёдам намеояд.
Модар рузи таваллуди худашро хеч вакт чашн намегирифт. Мегуфт дуст надорад. Мо хам ба харфаш гуш мекардем ва хеч чашне хам барояш омода намекардем. Факат чанд дафъа гул овардани бародарам то замоне ки навчавон буд, ёдам меояд ва дигар хеч. Падарам хамеша тухфаи худро рузхои дигари сол ба вай мовард ва мегуфт ин барои рузи таваллудат. Модари ман хамеща дар фикри рози ва хушхол кардани мо чавонии худро сарф кардааст.
Ман ба модарам чизе хадя кардаам ё на ёдам намеояд. Чузъ гул ё шароб ё чизе барои ширинкомии хама.
Имруз боз рузи таваллудаш хаст. Дурустараш имруз дуввумин таваллуди модарам хаст, ки ман пахлуяш нестам ва гунахои гарми чавонпирашро бусидан наметавонам.
Вакте мехохам даъво кунам, ё панду маслахатхои гурчучавор бигуямаш хатти телефон ба рохати васл мешавад ва ман хам фурсату пули харф задан дорам.

Аммо имруз дилам хун шуд ва то хадди чанд дил дог шуд, вале телефон васл нашуд.
Модари ман хам рузе хушвакт ва ба орзухош мерасида бошад. Модарамро интизор намехохам, худамро низ пойбанд наметавонам кард, то канораш бимонам ва армонхояшро бишканам.
Ба модарони точик сахт мегузарад ин тачрубахои тоза ва на камтар ба фарзандони точик дар чомеъаи тозакашф.
Хохарони азиз, руи модарро сахт ва бисёр бусед, раксу бозиву хандахо зиёд кунед, то чои холии ман пур ва ноаён гардад ва шодии модар солим.


Оё модар имруз чашне дошт?
Баъзан фикр мекунам, модари хамон хафтдахсола мондааст. Чаро ки хамеша то хафтдахсолагии худ ба мокисса мекард.
Холо меандешам, бехтарин рузгор дар навчавони доштааст ва талош мекардааст, симои чолок нотарс ва далер ва шуху хандон ва сафедруйу тозабадани худро ба ёд оварад ва моро хам ба зиндаги хушбин созад.


Модарамро духтари хафтдахсолаи коматбаланди сафед андоме медонам, ки бо як фехрасти рузгорномаи як асраи рустои кухистон дар хотир ва дар калби бузурги худ дошта бошад. Модар хамеша дуст дошт бо ман хоб равад ва маризии ман барояш бахонаи хуб мешуд то барои молиш додани бадани ман меомад ва то субх назди ман мехобид. Дили модар хамеша ехсос мекард, ки ман дар дил хамеша хавои рафтан доштам, хавои рафтан, вале дер, вале дур. Модар, хамаи рафтанхои ман барои баргаштан буд ва ин сафар низ мисли кадим хохад буд. Чехраи орому хобидаи туро кош метавонистам бибусам имшаб...

- Shahzoda, 7:31 PM

May 11, 2003

Это замечательно иметь такое возможность

Это замечательно иметь такое возможность иметь свой собственный кусок где можно писать да и писать...

Mercy, Mehdi! It was good

Mercy, Mehdi!
It was good idea and good present to open a weblog for my first anniversary of coming to London.
I like it already. For the one who is keen on talking too much it is better to write and do not bother others.
Thank you very much.

Samarqand-e kan-o-mand be zinat ki

Samarqand-e kan-o-mand be zinat ki ufkand